mt3.org

Санаи 1 августи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо иштироки муовини раиси ноҳия Заррина Абдуллозода ҷаласа оид ба маҳкумияти ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини раиси ноҳия оид ба содир шудани ин амалҳои зишту разилона ибрози назар намуда, баён дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли сокинони ноҳияи Зафаробод хабари ҳамлаҳои ноҷавонмардонаро ба сайёҳони хориҷӣ, ки 29-уми июл дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара аз ҷониби бархе аз ҷавонони гумроҳ сурат гирифт бо андуҳи гарон дарёфта, ин аъмоли разилонаву манфур ва хиёнаткоронаи нохалафонро шадидан маҳкум менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки ин амалҳои ғайриинсонии гумроҳон кори душманони миллати тоҷик буда, мехоҳанд бо аъмоли зишташон ба маҳбубияти Тоҷикистон дар ақсои олам осеб расонанд.

Иброз карда шуд, ки чун соли 2018 дар Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидаву дар ин сол ҳузури ҷаҳонгардон ба кишвар ва рушди ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш ба назар мерасад, хоинони миллати тоҷик аз ин пешрафту шукуфоиҳои Ватани азизи мо дидан натавониста ин амали нангинро тарҳрезӣ намуданд. Дар робита ба эҳтироми хоса ва муомилаи неки ҳамидаи инсонӣ ва ба ҷо овардани меҳмоннавозии баланд бо сайёҳон чанде қабл Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. суханронӣ намуданд.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Боймуродов Ф.М., муовини озоди раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Исмоилов А.И., сархатиби ноҳия Насриддинов Н., муовини раиси Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳ. Алиев Боймуродов Х.Н. ва имоми масҷиди панҷвақтаи Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Эшонхонов Б., ба музокира баромада, ин аъмоли тарҳрезишудаи хиёнаткоронро шадидан маҳкум намуда, зикр доштанд, ки фаъолон ва сокинони ноҳия чун дигар сокинони баору нанги кишвар дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, садди роҳи ҳамагуна хиёнаткориҳоро хоҳанд гирифт.

Дар интиҳо муовини раиси ноҳия Заррина Абдуллозода роҳбарону масъулонро вазифадор намуд, ки дар коргоҳу муассисаҳо байни кормандон маҳкумияти аъмоли хиёнаткоронро ба роҳ монда, баҳри пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ далериву ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд