mt3.org

 Санаи  30 январи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Зафаробод нишасти матбуотии  Раиси ноҳияи Зафаробод  Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо намояндагони    ВАО-и ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия баргузор гардид. Инчунин дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят Валиев Аъзамҷон иштирок намуд.    

Нахуст, ширкаткунандагон баромади мухтасари Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзиро оид ба ҷамъбасти  соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2018 шуниданд.

Сипас, рӯзноманигорон ба суолҳои худ посух гирифтанд. Инак, фишурдаи пурсишу посухи нишаст:

Қобилбеков Ином  хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”:

Савол: —Имсол нақшаи кишти пахта дар ноҳия зиёд мешавад ё на?

Ҷавоб: —Соли 2018  кишоварзони ноҳия дар майдони 14 ҳазор 56 гектар пахта кишт намуда, зиёда аз 28 ҳазору 500 тонна пахта ҷамъовари намуданд. Дар соли 2019 низ мо тасмим гирифтаем, ки майдони кишти пахтаро зиёд намуда, ҳосилнокиро баланд бардорем.

Қаюмова Малика  хабарнигори рӯзномаи  “Зарбдор”-и ноҳияи Зафаробод:

Савол: —Баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чи корҳои ободонц ва бунёдкорц  ба нақша гирифта шудааст?

Ҷавоб: —Бояд зикр намуд, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри раиси ноҳия аз 18 июни соли 2018, таҳти №23 ба тавсиб расида нақша чорабиниҳо дар ҳаҷми 343 банд корьои ободонию бунёдкорц бо маблағи 82 миллиону 780 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 791 ҷойи корӣ тасдиқ карда шудааст.

Иброҳимов Аббос сармуҳаррири  ҳафтаномаи ноҳиявии «Зарбдор»

Савол: — Маълум аст, ки пешрафти соҳаи кишоварзӣ ба таъмини оби полезӣ вобаста мебошад. Омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншоотҳои обрасонӣ дар кадом вазъ қарор дорад?

 

Ҷавоб: — Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар соли 2018 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 млн 59 ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 29,9 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, барои таъмири 28 адад дастгоҳҳои пойгоҳҳои обкашӣ сарф карда шуд. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизматрасонии оби полезӣ 3 млн 570 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардида, 27 ҳазор метри мукааб заҳбуру заҳкашҳо ва 25 ҳазор метри мукааб хати шабакаҳои обёрӣ тоза карда шуда, 14 чоҳи амудии мелиоративӣ барқарор ва ҳолати мелиоративии 215 га заминҳо беҳтар гардид. Корҳо дар ин самт идома доранд.  

Шарипов Туйғун хабарнигори рӯзномаи  “Минбари Халқ”:

Савол: —Ҷиҳати таъмири роҳҳои маҳалли  чӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст?

 Ҷавоб:-  Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 396,5 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он 7 км роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ дошта, 34,2 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва 355,3 км аҳамияти маҳаллӣ дошта ташкил медиҳад. Дар ин давра 2 км аз таъмири асосӣ, 59,5 км таъмири ҷорӣ ва 44 км шағалпўш ба маблағи умуми 2 млн 558,1 ҳазор сомонӣ бароварда шуд. Дар соли 2019 низ корҳо идома дода мешаванд.

 

         Ҳамчунин бобати эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ибрози андеша сурат гирифт.

                                                                                            

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд