mt3.org

Хабарҳо

 

Санаи 11 феврали соли 2021 дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев мулокоти Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ҷамоат баргузор гардид. Муҳтавои мулоқот тарғиби Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро дар бар гирифта, ҳамчунин фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои ҳудуди Ҷамоат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир ба Паём, нақши он дар пешрафти зиндагии сокинон, иқдомоти Сарвари давлат ва нақшаҳои минбаъда баромад намуд. Ҳамчунин номбурда ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор №50” зикр намуд, ки аз рӯи Барномаи пешазинтихоботӣ тасмим мегирад барои ободонии маҳаллаҳои худуди ҳавза, ва мусоидат ба масъалаҳои ҳалталаби сокинон ба хотири фароҳам овардани зиндагии шоиста тасмим мегирад. Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ-раиси ноҳияи Зафаробод аз фаъолияти масъулони Ҷамоати Ҳамид Алиев натиҷабардорӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ расидан ба дастовардҳои арзанда, ба шаҳрвандони ҷамоат дастурҳо дод. Зикр карда шуд, ки барои ноил гардидан ба натиҷаҳои арзанда дастурҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади раҳнамо буда, танҳо меҳнати содиқона ва масъулияти баланд метавонад моро ба мақсад расонад.

 

Мутобиқи нақшаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон санаи 9 феврали соли 2021 маҳфили илмию ададбӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ» дар ноҳия баргузор гардид.

Дар маҳфил муовини раиси ноҳия Заррина Абдуллозода, намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Усмонзода И., Муҳаммедов  Ҷ., Фаттоев Ҳ. ва Мирпочоева М. иштирок намуданд.

Санаи 8-уми январи соли 2021 тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд Ализода Аъзамҷон иштирок намуд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма дар ноҳия ширкат доштанд.

Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2020 маълумоти мухтасарро ба саҳми ҳозирин расониданд .

Пас аз баромади Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ аз тарафи мухбирони ноҳиявӣ саволҳо дода ва ба савоҳои худ ҷавобҳои мусбӣ гирифтанд.

 

 

 

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмулан маҷмуаи дидгоҳҳои ҷорӣ ва дурбурдии роҳбари давлат дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайра ифода ёфтанд. Он ҳамчун муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ ва дар айни замон, усулию самтмуайянкунандаи роҳбари давлат маъмулан бо тартибу ташрифоти махсус дар назди мардум ё намояндагони мардумӣироа шуда, талабот ё рўйдоди муҳиммии давлатию сиёсӣба ҳисоб меравад. Паёми роҳбари ҳар давлат, пеш аз ҳама моҳияти маълумотию ҳисоботӣ дорад. Ба воситаи Паём роҳбари давлат дар бораи вазъияти ҷории кишвар ва фаъолияти худ ва ҳамкоронаш дар марҳилаи муайян маълумоту ҳисобот дода, бурду бохти давлат ва худро назди ҷомеа ба миён мегузорад. Давраи ҳисоботии Паём метавонад сол ё марҳилаи муайяни рушд ё таърихро дар бар гирад ва чунин бахши ҳисоботӣ дар шакли ҷудогона ва ё зимни таҳлилу баррасии саҳаҳои алоҳидаи ҳаёти кишвар дар ҳамаи Паёмҳои солонаи роҳбари давлат дида мешаванд.

Ҳособотдиҳандагии солонаи роҳбари кишвар дар назди мардум (ба воситаи Паём дар ҳузури намояндагони мардум) яке аз нишонаҳои муҳимтарини низоми мардумсолорист, ки ба ин восита роҳбарияти ҳар кишвар фаъолияти худро ба доварии мурдум мегузорад. Бинобар ин, барои ироаи чунин паёми ҳисоботӣ роҳбари давлат ва командаи ҳамкоронаш моҳҳо омодагӣмебинанд, то аз ин ҳисобот бо муваффақият бароянд. Дар ин раванди мураккабу тўлонӣ ҳар хулосаву тезис, ҳар рақаму натиҷа, ҳар вазифаю пешниҳод ва ҳатто ҳар калимаю ибора ба таври ҷиддӣ санҷидаву суфта мешаванд.

Дар кишвари ҳамасола ироа шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аломатҳо ва атрибутҳои асосии истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷикро пеши назар орем, худи ҳодисаи имрўз мустақилона Паём додан, яъне мустақилона муайян кардани сарнавишти худ, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагони мо дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Ин ҷанбаи паём ҳамчун акти давлатӣва набзи давлатдорӣ бисёр муҳим мебошад.

Аз ин назар низ ташрифоти махсуси давлатӣ доштани марсими ироаи Паём, ҷалби намояндагони фаъоли ҷомеа дар маросими шунидани он ва як навъ ҳолати идонаву тантанавӣ гирифтани худи ин рўйдод маҳз аз назари ба маънои рамз ё тантанаи истиқлолияти давлатӣ фаҳмида шудани он муҳим мебошад. Ба ин маъно, ҳар Паёми солонаи роҳбари давлат як таъкид ба худсолории миллӣ ва як ҷашни истиқлолият аст. Ин ҷо низ, новобаста аз мазмуни Паём, ки метавонад ҳолат ё сиёсати хоссеро дар замони муайян ифода кунад, аҳаммияти сиёсӣ ва рамзии он ҳамчун аломати истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад.

 

Омӯзгори Коллеҷи омӯзгории н.Зафаробод     Дилмурод Бердиев

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд