mt3.org

 

 

Дар марҳалаҳои аввали азхудкунии заминҳои Мирзочӯли тоҷик, яъне Зафарободи имрӯза, азбаски заминҳои ноҳия дашти нопайдоканор ва макони ҳашароту хазандаҳо ва шамолҳои сахту боду борон буд, давоми солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта дар канори хоҷагиҳои азими навтаъсис ва умуман дар ҷамоатҳои ноҳия хатҳои муҳофизавии ҷангал аз дарахтони қайроғоч бунёд карда шуда буданд. Феълан, тавре мушоҳида мешавад, вазъи хатҳои муҳофизатии ҷангал дар ноҳия беҳбудиро талаб менамояд.

Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар миқёси ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. Бо мақсади барқарор намудани хатҳои муҳофизатии ҷангал ва хатҳои муҳофизати ҳамшафатии шоҳроҳ ва роҳҳо имрӯз, санаи 15 марти соли 2025 дар заминҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ дар майдони як гектар зиёда аз 300 бех ниҳолҳои қайроғоч шинонида шуд.

 

 

Прокуратура яке аз ниҳоди боэътимоди мамлакат ба ҳисоб рафта, дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва зуҳуроти номатлуб саҳми босазо дорад.

Мақомоти прокуратура ҳануз аз ибтидои таъсисёбӣ бо вуҷуди шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро намуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, пойдор гардидани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки «Вазифаи аз ҳама муҳим – таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, инчунин назорати риояи дақиқи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор гардидааст».

Прокуратураи ноҳияи Зафаробод ҷузъи ҷудонашавандаи мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ буда, дар фаъолияти худ назорати волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, бахусус мустаҳкам намудани қонуният, баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзанда мегузорад. Фаъолияти он баҳри ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткориҳо равона гардида, ҷиҳати пешрафту шукуфоии диёр ва Ватани азиз нақши босазои худро дорад.

Кормандони прокуратура вазифаҳои аз ҷониби Роҳбари давлат дар самтҳои мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм ва экстремизми сиёсиву динӣ гузошта шударо сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷода аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад ва қадрдонӣ карда мешавад.

Бо дарназардошти нақши арзишманди прокуратура дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кории мақомот ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Итминнон дорам, ки Шумо - кормандони прокуратураи ноҳия минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзандаи худро мегузоред.

Бо ифодаи чунин ниятҳои нек ҳамаи кормандони мақомоти прокуратураро самимона табрик намуда, сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва дар амалисозии пайкори созандаи мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат барору комёбиҳо таманно дорам.

Иди касбӣ муборак, нозирони қонуну тартибот!

 

 

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори умум!

Ҳамаи кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои нави эҷодӣ таманно менамоям.

Бояд зикр намуд, ки Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994  инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман   ҷашн гирифта мешавад. Он ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 нашр гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 113 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола  ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма,  матбуот ва  табъу нашр таҷлил карда мешавад.

Боиси таъкид аст, ки матбуоти тоҷик бо гузашти солҳо ташаккул ёфта, бахусус дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди он таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Теъдоди рӯзномаву ҳафтанома, маҷаллаҳо, телевизиону радио бамаротиб афзоиш ёфта, талаботи рӯзафзун ба иттилоот нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа боз ҳам боло бурд. ​

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт”.

Воқеан, матбуот яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум мебошад. Дар замони муосир саҳми воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ назаррас буда, ин дастгоҳи тавонову муқтадири хабариву таҳлилӣ ҳодисаву воқеаҳоро бозтоб намуда, мардумро ба фардои дурахшон раҳнамун месозад.​

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳамкориро ба роҳ монда, дар ҳалли масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода мебарад.​ Бояд қайд намуд, ки имрӯз фазои иттилоотии ноҳияро рӯзномаи “Зарбдор”, сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва чандин саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии ташкилоту муассисаҳо пурра намуда, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва раванди корҳои созандагию бунёдкориро инъикос менамоянд.

Нақши воситаҳои ахбори омма ва кормандони соҳаи матбуот дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, дастоварди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияамон назаррас буда, фаъолияти онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қадршиносӣ мегардад. Ҳамчунин метавон собиқадорони соҳа дар симои Ҷонмурод Муродбеков, Аббос Иброҳимов, Малика Қаюмова, Заҳриддин Рустамов, Саидаҳмад Ғаниев ва чандин нафарони дигарро хотиррасон кард, ки боиси ифтихори мо мебошанд.

Боварии комил дорам, ки кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма минбаъд низ барои инъикоси воқеии комёбиҳои замони соҳибистиқлӣ ва корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ба давлату миллат содиқона хизмат менамоянд.

Бори дигар кулли аҳли қалам - кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро бахшида ба Рӯзи матбуот табрик гуфта, хушиҳои рӯзгор, саломативу хотири ҷамъ ва илҳоми саршор таманно мекунам.

Ид муборак!

 

 

Модарони мушфиқ, бонувони гиромӣ ва хоҳарону духтарони азиз!

Таҷлили Рӯзи модар дар кишвари мо ҳамасола аввали фасли баҳор ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан-Модар арзёбӣ мегардад.

Агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан-модар рамзи покӣ, озодагию назокат ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин айём таҷлили Рӯзи модар неку хуҷаста аст, зеро модар оғозгари зиндагӣ, бахшандаи ҳаёт ва ибтидои нияту иқдоми тоза мебошад.

Аз ин рӯ, бо эҳтиром ва самимият фарорасии фасли зебои сол – баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба тамоми занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубони ноҳияамон табрик гуфта, саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор таманно менамоям.

Зан пеш аз ҳама модар, хоҳар, ҳамсар ва дӯсти наздик ба ҳисоб меравад. Зан зеботарин офарандаи ҳастии рӯи замин аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ, дӯстдорӣ, ғамхорӣ ва эҳтиром мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, иброз дошта буданд, ки: «Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон, иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».

Ман мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занони ноҳияи Зафаробод дар қатори бонувони кишвар бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти диёр саҳми беандоза доранд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушду нумӯи ноҳияамон саъю талош мекунанд.

Имрӯз дар соаҳои мухталиф, аз ҷумла дар хизмати давлатӣ даҳҳо нафар занону бонувони ноҳия фаъолияти пурсамар доранд. Боиси қаноатмандист, ки санаи 2 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи овоздиҳӣ дар интихоботи баргузоргардида 41 нафар бонувони ноҳия ба боварии мардум сазовор гардида, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, ноҳия ва ҷамоат интихоб гардиданд.

Имрӯз бонувони ноҳия бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи соҳибкорӣ низ муваффақ бошанд. Саҳми занону бонувони соҳибкор дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри ҳамаҷониба амалӣ гардидани тадбирҳоеро, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, чораҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.

Итминон дорем, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси ноҳия бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасоз саъю талоши бештар мекунанд.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азизро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик мегӯям.

Идатон муборак бод модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ ва хоҳарони арҷманд!

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар