mt3.org

 

Наврасони то 17 солаи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё -2025 роҳ ёфтанд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бар ҳамсолони худ аз Уммон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини бар тимҳои Гуам (33:0), Сингапур (3:1) ва Уммон (2:0) пирӯзӣ ба даст овард.

Наврасони мо бо касби нуҳ имтиёз дар гурӯҳи «J» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3-юм то 20-уми апрели соли 2025 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

 

 

САРИВАҚТ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ АЗ ҲАР ҶИҲАТ МУФИД АСТ

Ноҳияи Зафаробод яке аз минтақаҳои пахтакорӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, бо иқлими гарм ва хокҳои ҳосилхез барои парвариши пахта шароити мусоид дорад. Соҳаи пахтакорӣ дар ноҳияи Зафаробод яке аз муҳимтарин манбаъҳои даромади иқтисодӣ барои мардуми минтақа мебошад. Аз замони шӯравӣ пахтакорӣ дар ин минтақа инкишоф ёфта, баъд аз соҳибистиқлолӣ низ роҳбарону масъулин барои нигоҳ доштани мавқеи худ дар ин соҳа ва афзун кардани ҳосилнокӣ тавассути такмили усулҳои парвариш ва идоракунии захираҳои об чораҳҷӯиҳои заруриро роҳандозӣ намуданд.

Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Зафаробод соли равон аз аввали сол дар майдони 11 ҳазору 22 гектар кишти зироати пунбадонаро ба роҳ монда, тибқи дурнамо соли равон ҷамъоварии 33 ҳазору 242 тонна пахта истеҳсол намоянд. Бино ба маълумоти саркишоварзи ноҳияи Зафаробод Раҳим Ашӯрзода ба санаи 18-уми октябр ба миқдори наздик ба 10 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин нишондод наздик 28 фоизи нақша барбар аст. Ҳамарӯза барои кӯмаки марди деҳқон то 13 ҳазор чинакчиёну ҳашарчиён ба майдонҳои кишт баромада, бо кӯмаки онҳо дар як рӯз беш аз 160 тонна ҳосил ҷамъоварӣ мегардад.

Дар раванди иҷрои чиниши ҳосил кишоварзони чанде аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла Хоҷагии деҳқонии “Ғоибназар”, “Камола”, “Даҳкат”, “Рӯзибой” фаъолнокии бештар нишон дода, дурнамои истеҳсолиашонро ба иҷро расониданд. Зимни суҳбат масъулин иброз доштанд, ки хоҷагии мазкур имсол дар масоҳати 12 гектар кишти пунбадона гузаронида, то имрӯз 25 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокиро ба 33 сентнерӣ расониданд. Алҳол бинобар зиёд будани ҳосил дар майдонҳои пахтазор чиниши дуюм ҷараён дорад ва хоҷагидорони ин хоҷагӣ азм доранд, ки ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 33 сентнерӣ расонида боз наздик 15 тонна ҳосили пахтаи хушсифат ба хирмани ноҳия зам намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки алҳол тибқи дастуру супоришоти Раиси вилоят маблағи чиниши ҳар килограмми пахта 1 сомониву 50 дирам пешбинӣ гардидааст, ки ин омил низ баҳри дилгармиву қадрдонии заҳмати чинакчиён нигаронида шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Зафаробод аз минтақаҳои асосии пахтакори вилоят маҳсуб ёфта, кишоварзони ноҳия дар самти кишти зироати пунбадонаву истеҳсоли навъҳои гуногуни серҳосил таҷрибаи ғанӣ доранд.

Имрӯзҳо дар майдони корзор ҷамъоварии ҳосили марди деҳқон босуръат ҷараён дошта, дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, ин ҳам бошад Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷомӣ, Ҳамид Алиев, Меҳнатобод ҳамарӯза беш аз 7 ҳазор чинакчиёну ҳашарчиён ба кӯмаки хоҷагидорон мебароянд.

Ин буд, ки заҳматкашони ноҳия сол аз сол барои рушду такомули соҳа бо истифода аз усулҳои пешрафтаву риояи агротехникии кишту парвариш ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд.

- Соҳаи саноатии ноҳия асосан аз коркарди пахта ва маҳсулоти он вобаста буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии ноҳия ҷавобгӯи талаботи бозор буда, мунтазам дар бозорҳо харидори худро доранд. Дар ин радиф аз ҷониби 7 корхонаи пахтатозакунии шаҳр, ин ҳам бошад ҶДММ “Тоҷикистон-агро”, “Асали Зафаробод”, “Кони ганҷ”, “Комилҷон 2013”, “Ховари умед”, “Тӯраҷон” ва “Зафаробод инвест” коркарди ашёи пурқиммати саноатӣ вусъати тоза гирифтааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз оғози сол бо онҳо шартнома баста, имрӯзҳо пахтаашонро ба коркард супурда, маҳсулоти баландсифат гирифта истодаанд. Тибқи таҳлилҳо миқдори бештари пахтаро дар заводи пахтаи ҶДММ «Зафаробод инвест» 2600 тонна, “Кони ганҷ”-2200 тонна барои коркард қабул карда, кор дар ин самт ҷараён дорад, - иброз дошт Р.Ашӯрзода.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба иқлим чанд сол инҷониб истифодаи тухмии навъи серҳосил ва ҳамзамон ба бемориҳои ин зироат устувор, ин ҳам бошад аз тухмиҳои хушсифати истеҳсоли давлати Хитой, Туркия ва тухмии навъи маҳаллӣ “Хуҷанд 67”, ки ба иқлими маҳал мусоид аст, кишт менамоянд.

Маълум аст, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ барои кишоварзон обрасонии саривақтӣ ба майдонҳои кишт мебошад, дар ин замина пеш аз ҳама фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон дар мавсим мувофиқи мақсад аст. Масъалаи бо оби полезӣ таъмин намудани майдонҳои кишти кишоварзон зери назорати қатъии роҳбарияти вилоят қарор дошта, он пеш аз ҳама барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳамзамон баҳри саҳмгузорӣ ба таъминоти амнияти озуқаворӣ мебошад.

Барои ноҳияи Зафаробод рушди соҳаи кишоварзӣ ва хусусан соҳаи пахтакорӣ фаровонии оби обёрӣ дар шароити беш аз 90 фоизи обёрии заминҳо тариқи пойгоҳҳо омили пешрафт ва ҳосили дилхоҳи соҳаи кишоварзист. Яъне татбиқи босифати корҳои омодагӣ ба мавсим дар ҳамаи пойгоҳу дастгоҳҳои обкашиву обтаъминкунӣ муҳим бино ба гуфти масъулин имсол танқисии об наонқадар зиёд ба назар расид.

Вале бовуҷуди сол аз сол рушд ёфтани соҳоти мухталиф, ҳоло ҳам соҳаи пахтакории ноҳияи Зафаробод якчанд мушкилот ҷой дорад, инҳо норасоии об,фарсудашавии таҷҳизоти дастгоҳҳои обрасонӣ ва инфрасохтори кишоварзӣ, арзиши баланди нуриҳои минералӣ мушкилиҳои асосии пахтакорӣ дар ноҳия мебошад.

Ҷоизи қайд аст, ки бо дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нисбат ба солҳои қаблӣ вазъи соҳаи обрасонии вилоят, аз ҷумла ноҳияи Зафаробод беҳтар гардидаву дар ин самт лоиҳаҳо тарҳреҳиву амалӣ гардонида мешаванд.

Ба санаи 18-уми октябри соли равон дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд наздик 47 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин ба 34,9 фоизи нақша баробар аст.

Тавре муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода иттилоъ дод, алҳол дар вилоят маъракаи чиниши пахта муташаккилона идома дошта, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Спитамен -49 фоиз, Бобоҷон Ғафуров 48,7 фоиз, Конибодом 41,8 фоиз, Ҷаббор Расулов 38,2 фоиз, Ашт 30,6 фоиз, Зафаробод 27,1 фоиз, Мастчоҳ 25,1 фоиз дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар ҷараёни босуръат ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон саҳми ёрдамчиёну ҳашарчиён басо назаррас буда, ҳамарӯза ҳамагӣ беш аз 50 ҳазор нафар (дар рӯзҳои офтобӣ) дар майдонҳои пахтазор баробари марди деҳқон меҳнат менамоянд. Дар ин раванд саҳмдорону хоҷагидорони вилоят низ бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ ва имконоту шароити мавҷуда истифода бурда, дастаҷамъона меҳнат намуда истодаанд ва сол аз сол афзудани сафи чинакчиён (соли 2016-32 ҳазор нафар) худ шаҳодати гуфтаҳои болоист. Албатта, ба майдонҳои пахтазор баромадани чиниакчиёну ҳашарчиён аз як ҷиҳат кӯмак дар ҷамъоварии саривақтии ҳосил бошад, аз ҷиҳати дигар фароҳам омадани ҷойи корӣ ва беҳтаршавии шароити рӯзгори мардуми минтақа мегардад.

Соли равон кишоварзони вилоят дар масоҳати 52363 гектар кишти пунбадона гузаронидаанд, ки нисбат ба соли гузашта ба масоҳати 7 ҳазору 300 гектар майдони пахтазор зиёд шудааст.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

 

 

ГУМРОҲ НАБОЯД ШУД

Дар Қуръони Карим омадааст, ки мусулмон бародари мусулмон аст. Ноҳаққона хун рехтан гуноҳи азим аст. Вале дар давлатҳо ва минтаъқаҳои алоҳида гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ ва тундрав ба монанди ба ном “Давлати исломӣ”, “Салафия”, “Бародарони мусулмон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизби наҳзати ислом” ва ғайраҳо амал дошта, онҳо равиши тундгароӣ ва ифротгароӣ доранд. Ин гурӯҳҳо ба ном исломианд, аммо дар асл ба дини мубин ягон алоқае надошта, худ ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ мебошанд. Дар натиҷа мусулмон ба муқобили мусулмон меҷангад, хуни ноҳақ мерезад.

Ҳаракатҳои бо ном исломӣ дину шариатро дар байн андохта, ҷавононро гумроҳ месозанд. Афсӯс, ки баъзе аз ҷавонони мо барои ба даст овардани маблағ, ки ба онҳо ваъда мекунанд, бо роҳу равиш ва хати кашидаи тундгароён равонӣ мешаванд. Тарки Ватан мекунанд. Баъзе аз ҷавонон бошанд зану фарзандони худро ҳамроҳашон мебаранд. Гумон мекунанд, ки дар он ҷо онҳоро зиндагии хуб интизор аст. Мутаассифона бештари ин ҷавонон дар муҳорибаҳо ҳалок мегарданд. Кӯдакони маъсум ва ҳамсари онҳо, ки ниёз ба меҳри падар доранд, ғуломи дари тундгароён мегарданд.

Ҳадафи асосии созмонҳои террористӣ на ҳифзи дини Ислом, балки фиребу ҷаҳолат, қатлу куштор ва ба даст овардани қудрату мавқеъ мебошад.

Мо бояд шукргузорӣ аз ватани биҳиштосои худ кунем. Фахр аз он кунем, ки туфайли хизматҳои бебаҳои Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери осмони софу беғубор зиндагӣ карда, ватанамонро рӯз то рӯз бо меҳнати содиқона ободу зебо мегардонем.

Ҷурабой Раҷабов - имомхатиби масҷиди ҷомеъи Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод

 

 

МУРОҶИАТНОМАИ

Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба кули мардуми ноҳия

Ҳамдиёрони азиз!

Пахтакорони шӯҳратманди ноҳия!

Пахтакорӣ соҳаи асосии хоҷагии халқи ноҳияи Зафаробод мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ноҳия деҳқонони асил хаста нашуда меҳнат намуда истодаанд.

Кишоварзон соли 2024 чун дигар солҳо бо азму матонати зиёд ҳосили фаровон рӯёниданд. Имрӯз дар аксарияти хоҷагиҳо саҳмдорон, аҳолӣ ва ҳашарчиёни шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳар як лаҳзаи рӯзҳои офтобии тирамоҳ истифода бурда, баҳри саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта намунаи меҳнати ватандӯстона ва садоқат нишон медиҳанд.

Ҳоло рафти маъракаи ҳосилғундорӣ идома дорад ва аҳли заҳмати чандин хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбати ҳарсола бештар меҳнат намуда, хеле барвақт аз иҷрои дурнамои сол муҷда расониданд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар айни авҷи корҳои ҳосилғундорӣ боришоти зиёд ва сардиҳо ба амал омада, ба пурра ҷамъ овардани ҳосил халал мерасонад. Хусусан охири октябр ва ноябр боду ҳаво тағйирёбанда мебошад. Аз ин хотир баҳри муташаккилона ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ва мусоиди обу ҳаво то пағаи охирин ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо душвориҳо рӯёнидашуда ба Шумо мардуми шӯҳратманд, саҳмдорон, ҳашарчиёни боҳиммат ва кулли пахтакорони ноҳия муроҷиат менамоем.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Биёед ҳамагон ба саҳро бароем, маҳсули ранҷи деҳқон – ҳосили боқимондаи “тиллои сафед”-ро дастҷамъона ҷамъоварӣ намоем ва барои рушд додани корҳои созандагиву ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумамон саҳми арзандаи худро гузорем.

ҲАМА БА САҲРО, БА ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛИ ПАХТА!

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар