mt3.org

Терроризм ва экстремизм – хатари сартосарии ҷомеаи ҷаҳонӣ

Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад” ва ин гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надорад.  Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амнияти шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020), фармони Президенти Ҷумурии ТоҷикистонДар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм” аз 21 апрели соли 1997, 707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, 320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, 776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, 1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, 513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, 187 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

Сафаралӣ Худойбердиев -

омӯзгори фанни таърихи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, ноҳияи Зафаробод.

 

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ПЕШГИРИИ ОН

Терроризм ва экстремизм дар миқёси умумиҷаҳонӣ хеле паҳн гардида, хатари калони иҷтимоӣ дорад. Он ба кишвари мо, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, низ таҳдид менамояд. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ қайд менамоянд: “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Ин гуфтаҳо гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб ба ягон дин ё миллат дахл надорад.

Шомил гардидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз он далолат медиҳад, ки мардум аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ дур буда, бехабар аз таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Инчунин нодуруст истифода бурдани воситаҳои муосири техникӣ ва хусусан телефонӣ мобилӣ мебошад. Барои бартараф намудани чунин камбудиҳо кишвари мо саъю кӯшиш менамояд. Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар кишвар муассисаҳои нав ба нав, корхонаҳо, заводу фабрикаҳо сохта ба истифода дода шуда, аҳолии кишвар бо кор таъмин гардида истодааст. Дар муассисаҳо барои таҳсили хонандагон шароитҳои хеле хуб фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷода вазифаи падарону модарон ва омӯзгорон ин аст, ки фарзандонро таҳти назорат қарор дода, истифода бурдани телефонӣ мобилиро маҳдуд кунем. Боз як муаммои дигаре ба вуҷуд омадааст, ки аксарияти волидон барои манфиати худ фарзанди худро аз хониш дур мононда онҳоро ба хориҷ бурда истодаанд. Аксарияти он хонандагоне, ки аз дигар кишвар бармегарданд, соҳиби дониши паст, фикрронии ғалат буда, рафтору кирдорашон фарқ мекунад ва нисбати хониш хунукназарона нигоҳ менамоянд. Бесавод шудани насли ояндаи миллат ин рӯ ба таназзул ниҳодани давлат мебошад.

Бояд дар ҳамбастагӣ осоиши халқамонро нигоҳ дорем, бетараф набошем, то ин ки ҳар як фард дар Ватани азизи хеш - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ доранд, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатарҳои терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ мубориза баранд.

Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳамчун шаҳрванди ҳамин кишвари ободу ором дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои тарбияи насли наврас дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Гавҳар Бобозода -

директори МТМУ №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод

 

МУРОҶИАТНОМАИ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ба кули мардуми ноҳия
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳашарчиёни боҳиммат!
Пахтакорони шӯҳратманди ноҳия!
Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи асосии хоҷагии халқи ноҳияи моро пахтакорӣ ташкил медиҳад. Деҳқонони асили ноҳия бо мақсади баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ноҳия хаста нашуда меҳнат мекунанд. Соли 2024 низ чун дигар солҳо деҳқонони меҳнатқарин ва заҳматписанди ноҳия бо азму матонати зиёд ҳосили фаровон рӯёниданд. Имрӯз дар аксарияти хоҷагиҳо саҳмдорон, аҳолӣ ва ҳашарчиёни ҳимматбаланди шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳар як лаҳзаи рӯзҳои офтобии тирамоҳ истифода бурда, баҳри саривақт ҷамъоварӣ намудани ин ганҷи бебаҳо намунаи меҳнати ватандӯстона ва садоқат нишон медиҳанд.
Ҳоло рафти маъракаи ҳосилғундорӣ торафт суръат гирифта, аҳли заҳмати чандин хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбати ҳарсола беҳтар меҳнат намуда, хеле барвақт аз иҷрои дурнамои сол муҷда расониданд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар айни авҷи корҳои ҳосилғундорӣ боришоти зиёд ва сардиҳо ба амал омада, ба пурра ҷамъ овардани ҳосил халал мерасонад. Аз ин хотир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри муташаккилона ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ва мусоиди обу ҳаво то пағаи охирин ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо душвориҳо рӯёнидашуда ба Шумо мардуми шӯҳратманд, саҳмдорон, ҳашарчиёни боҳиммат ва кулли пахтакорони ноҳия муроҷиат менамояд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Биёед ҳамагон ба саҳрои аз заҳмати деҳқон чаманистонгашта бароем, маҳсули ранҷи деҳқонро дастҷамъона ҷамъоварӣ намоем ва барои рушд додани корҳои созандагиву ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Пахта дар саҳро шукуфта интизори чидан аст,
Ғайрат эй ёрон, ки ҳимматро дами санҷидан аст!
Ҳама ба саҳро, ба ҳашари умумихалқӣ!

 

МУБОРИЗАИ ДАСТҶАМЪОНА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРОМИЗМ - ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Ҳамчун вабои аср экстремизм ва терроризм ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари бениҳояд калон ба миён овардааст. Дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кушишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд”.

Таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-июни соли 2021 №187 ба тасвиб расид, муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.

Боиси афсӯс аст, ки зумрае аз ҷавонони мо таҳсил намекунанду ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва баъзеи онҳо ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид гардида, ҳар гуна видеоҳо ва тасвирҳои гурӯҳҳои ифротгароиро тамошо мекунанду пайравӣ ба онҳо менамоянд. Агар сатҳи дониши сиёсии ҷавонон баланд ва меҳру муҳаббаташон нисбат ба модар – ватани худ зиёдтар бошад, ҳеҷгоҳ аъзои ин гурӯҳҳо намегардад ва бар зидди миллати ҳуд дар даст аслиҳа намегирад.

Бояд мо ба қадру манзалати ин сарзамин расем.

Сарвари давлатамон барои аз илму дониши замони хеш барҳурдор гардидани ҷавонон тамоми шароити муосидро фароҳам овардаанд ва бояд ҳар як ҷавони кишвар аз ин фурсати муосид истифода бурда хонанд ва барои ояндаи дурахшони ватани маҳбуби худ саҳми хешро гузоранд.

Алиҷон Саидзода – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар