mt3.org

 

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

ТАҲДИД БА АМНИЯТИ САЙЁРА

Имрӯзҳо тамоми сайёраро проблемаҳои мухталиф, аз қабили тағирёбии иқлим, мушкилоти об, паҳншавии терроризму экстремизм ва таъсири манфии ҷаҳонишавӣ фаро гирифтааст. Дар ин раванд моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, оромию ваҳдат ва болотар аз ҳама Истиқлоли давлатии худро ба ҳар қимате набошад, ҳифз намоем.

Мушкилие, ки имрӯз на танҳо мо, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошад. Ин ду хатар метавонанд сулҳу суботи мамлакатҳоро зери хатару таҳдид гузорад. Мо бо ин ду мафҳум шиносем, чун ҳар рӯз тариқи воситаҳои ахбори омма доир ба терроризм ва экстремизм хабарҳои нав ба навро мешунавем. Террор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дӯзд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст. Ҳамчунин, бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи “терроризм” аз калимаи лотинии terror гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳм аст. Маънои аслии экстремизм бошад аз калимаи франсавии extremism” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.

Гуруҳҳои муташаккили террористӣ зери ливои дин баромад менамоянд, вале чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш таъкид месозанд, террористон миллат, дин, мазҳаб ва давлат надоранд. Террористон мехоҳанд бо истифода аз номи дин бо зулму ситам ва зуроварӣ ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Рӯз то рӯз шумораи гуруҳҳои муташаккили террористиву ифротгароӣ меафзоянд ва бояд зикр кард, ки ҳангоми шунидани ин мафҳумҳо халқи осоишта безобита мегарданд ва ин масъала боиси нигаронӣ мебошад.

Мутахассисону коршиносон бар он назаранд, ки ҳангоми истифодаи шумораи зиёди инсонҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва нодуруст дарк намудани баъзе хусусиятҳои он хатари паҳншавии терроризму экстремизм ба маротиб меафзояд. Гуруҳҳои террористию экстремистӣ ҷалби ҷавононро аз дохили шабакаҳои интернетӣ кори осон медонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бисёртар ҷавонон шомили ин гуруҳҳо мегарданд. Азбаски ҷавонон қишри осебпазири аҳолӣ буда, иваз намудани фикру ақида ва хоҳишҳои онҳо басо осон аст, маҳз эшон нишони рақами яки гуруҳҳои ифротиву террористӣ мегарданд. Ба хотири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо зарур аст, ки ҷавонон имрӯз бештар ба илмомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Бояд дар ҳар қадам ба ҷавонон ёдрас намоем, ки онҳоро ояндаи дурахшону муваффақиятҳои беназир дар пеш аст. Агар ояндаи Тоҷикистони азизро обод, зебо, гулафшон дидан хоҳем, пас мо, сокинон бояд аз имрӯз нақшаи фардои дурахшонро дар замири худ бунёд созем.

Ба ақидаи мо Тоҷикистон як киштиест дар баҳри ҷаҳонӣ ва мо, занон мавҷҳои пуртуғёне ҳастем, ки ин киштиро ба пеш хоҳем бурд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мо, занон боварии калон доранд, пас мо низ кӯшишҳои ин абармардро пеши назар оварда, дар мафкураи хеш ба ҷуз талошу кӯшиш баҳри ободии диёр дигар чизеро ҷой надиҳем. Бояд суханҳои Пешвои миллатро мо, занон ба худ сармашқи кор донем ва дар пайравӣ ба ин фарзонафарзанди миллат Тоҷикистонро обод созем. Бигзор кӯдакон хушбахт бошанду ҷавонон лабханд бизананд, Ватан обод гардад ва кабутари сулҳ андар самои озодӣ барои ҳамеша парвози баланд дошта бошад.

Абдусаломзода Малоҳат - муовини раиси ноҳия Зафаробод

 

 

 

Сухани

табрикотии Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода З.М. бахшида ба иди касбии омӯзгорон

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Ҳамаи шумо устодони гиромиро бо санаи фархунда – Рӯзи омӯзгорон муборакбод мегӯям. Бароятон тамоми хушиҳои олам ва қувваю ғайрати нотамомро таманно дорам.

Бояд қайд намуд, ки давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф ва илмомӯзии ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Ҳамеша Сарвари кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ соҳаи маорифро дар мадди аввал гузашта борҳо таъкид намудаанд, ки «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад»

Аз ҳамин нигоҳ муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомузад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад.

Муаллимро оинаи халқ мегуянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.  ………
Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омузгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки хамеша дар ҷустучӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами дониш хабаре надорад, олиме сохт.

Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод, муаллим ва омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷаллии хуршед аст. Ранҷу машаққат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли шоиста таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад.

..Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад. ...................
Омӯзгорони арҷманд!

Ҳамаи Шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод шароитҳои мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад.

Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омӯзгорон пирӯзиву комёбиҳо орзу дорем.

Умедворем, ки Шумо – омӯзгорону устодони муҳтарам рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва  барору комёбиҳо таманно дорам.

Устодону омӯзгорони азизро бори дигар бо Рузи омӯзгорон табрик гуфта, тансиҳатӣ, руҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям...

.

 

Идатон фархунда бод, омӯзгорони   азиз!

 

 

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад ...

Миллати тоҷик - яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи хеле қадима мебошад, ки зиёда аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад ва забони ин миллат яке аз аввалин забонҳои тамаддуни инсоният мебошад. Миллати тоҷик ҳануз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар ва ҳамчунин илмдӯсту адабпараст, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор меравад.

Роҳбари давлат – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди фарҳанги бузурги миллӣ ва таърихи халқамон чунин иброз намудаанд: «Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Тоҷикон дар тӯли таърихи куҳанбунёди худ фарҳанги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд». Фарзандони хирадманду фарзонаи миллат бо дарки ин ҳақиқати мусаллам барои пойдорӣ ва аз байн нарафтани таърих ва фарҳанги миллӣ ҷоннисорона талош кардаанд ва асолати онро ҳифз кардаанд. Яке аз онҳо фақеҳи бузурги олами ислом Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад, ки тавассути урф, яъне додани фатвои шаръӣ, ба Ислом ва суннатҳои исломӣ мухолифат надоштани забони миллӣ, дастовардҳои таърихӣ ва расму оинҳои мардумиро собит намуда, ба онҳо заминаи ҳуқуқӣ ва умри ҷовидона бахшидааст.

Мо бояд ба забон, таърих, фарҳанги миллӣ ва гузаштагони худ арҷгузор бошем ва дар як вақт ояндасозӣ кунем. Танҳо он вақт мо метавонем ба қуллаҳои баланди тараққиёт расем, агар фарзандони худро ба илму маърифат ҳидоят кунем.

Дини ислом низ ба илм ва илмомӯзӣ таваҷҷуҳи хоса дорад ва пайравони худро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш тарғибу ташвиқ менамояд. Ҳамин тавр, пешрафту тараққӣ ва такомул дар асоси илму дониш бар мусалмонон воҷиб мебошад. Зеро аз назари Ислом шахс он гоҳ дорои каромат хоҳад буд, ки ба фазилати илму дониш ороста шавад. Масали халқии тоҷикӣ низ ин маъниро бисёр дақиқ баён мекунад: “Илм дар ҷавонӣ - нақш бар санг”

Зарур аст, ки имрӯз мо худамон илм омӯзем ва фарзандонамонро низ ба омӯзиши илму дониш ҳидоят намоем, қуллаҳои нави илмиро фатҳ намоем, ихтирооти нав ба нав дар соҳаҳои гуногуни илм дошта бошем, ки муҳтоҷи дигарон набошем. Зеро тавре Фирдавсии бузургвор гуфтааст, илму дониш қудрати инсон аст ва ҳар касе донотар аст, тавонотар аст:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Хоҳем, ки фарзандонамон фақиру заифу муҳтоҷ набошанд, ба онҳо илму дониш диҳем, то тавоно шаванд. Барои халқу миллати худ хизмат кунанд.

Мо байни худ баъзан дар бораи камбудиву норасоиҳои ҷомеа ҳарф мезанем, коста гардидани одобу ахлоқи ҷавононро ёдовар гардида, оиди рӯ овардани бархе аз онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан мекунем. Аммо сабаби ин кирдор дар чӣ аст?

Албатта дар навбати аввал сабаб дар ҷаҳолату бесаводӣ, дур мондани ҷавонон аз китобу китобхонӣ аст. Барои он ки фарзандони мо аз хурдсолӣ ба хондани китоб шавқу ҳавас пайдо кунанд, дар ҳар як хонадон бояд гушаи хурде барои мутолиа ва китобхонӣ бошад. Падару модаронро зарур аст, ки дар дили фарзандонашон аз давраи хурдии онҳо меҳри китобу китобхониро афзун намоянд. Албатта барои ин бояд худи падару модарон китобдору китобхон бошанд.

Вақте, ки ҳар яки мо фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба китобу китобдорӣ тарбия намоем, дар ин ҳолат фарзандони мо ба хондани китоб нафрат пайдо намекунанд ва дар оянда ба он арҷ мегузоранд.


Алиҷон Саидзода - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод

 

 

Истиқлол ва дастовардҳои беназири он

Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлол» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад. Ба роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Албатта, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 33-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Яке аз дастовардҳои сиёсии Истиқлоли давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири Истиқлол мебошад.

Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ фарқкунанда буд, яъне он бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги миллӣ ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуқтаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлол баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср – НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Таҷрибаи амалӣ гардидани қонун нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи маърифатнокии мардум нисбат ба расму ойинҳо баланд гардид, аҳли ҷомеа хурофотро аз маросим воқеан муҳими милливу динӣ фарқ намуд, як муҳити воқеан равонии баробарӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа барқарор шуд. Ҳамзамон дар ин муддат як раванди омили тарбиявӣ доштани қонун падид омад, ки метавонад кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастиро аз байн барад

Ҳамчун таҷрибаи беназир ва дастоварди бузург метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» -ро ҳисоб намуд, ки мақсад аз қабул гардидани он тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Дар даврае, ки ҷомеаи моро хатарҳои зиёд таҳдид менамоянд, бояд ҳама дар тарбияи фарзандон масъул бошанд, ба ҷомеа фарзандони рӯҳан ва ҷисман солимро ҳадя кунанд.

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра мебошад. Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Махсусан, дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо – Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардид. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.

Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамаи ин ба самти тарбияи дурусти насли наврас,баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани наслҳои наврасу ҷавони ҷомеа равона шудаанд.

Кенҷабой Мухторов - сармутахассиси Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар