15 Октябрь 2024
ГАР, ВАТАН, ДИЛРО ТУ МЕХОҲӢ, ФИДО СОЗАМ БА ҶОН!
“Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.
Ҳарчанд ки то даврони истиқлолият, бахусус, дар даҳсолаи охири мавҷудияти давлати шуравӣ, яъне дар солҳои 80-уми асри ХХ, шоирону нависандагони тоҷик бо эҳсоси баланду завқи махсус оид ба мавзӯҳои алоқаманд ба миллату худшиносии миллӣ ва хештандориву ватандорӣ, эҳтиром аз таърихи гузаштаи миллат асарҳое хубе рӯйи саҳфа оварда буданд, аммо ин мавзӯъ дар даврони пас аз истиқлолият ба нуқтаи баландтарин такмили худ расид. Барои он ки ҳисси ватандӯстиву ватанпарвариро тасаввур кунем, аз ватанпарварони музаффаре чун Темурмалик ва Ҳабиб Юсуфии ёдовар мешавем. Дар таърих сабт шудааст, ки вақте ҷасади қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро пайдо мекунанд, аз бари ӯ як каф хок ва қоғазпорае меёбанд. Дар он чунин мисраҳо сабт будаанд: “Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу, во ҳасрато, ки орзу мебарам ба хок”. Чунин рафтору кирдори қаҳрамони Ватан метавонад боз садҳо нафаронро ҳамчун ҳимоятгару дӯстдори Ватан тарбия кунад. Шоири оташнафас ва таронасарои Ватан Ҳабиб Юсуфӣ бо шеърҳои пурманзум меҳри ватандӯстиро исбот кардааст.
Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,
Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон.
Меҳри Ватан, албатта, барои ҳар инсони соҳибдиле аз ишқи зодгоҳ ва муҳаббат бар он сарзамине, ки дар он ҷо ҷашм ба олами ҳастӣ овардааст, оғоз меёбад. Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодат мебошад. Бинобар ин, мо бояд дар замири ҷавонон ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи ватанро парвариш намоем.
Гар дар ин дунё нишоти зиндагӣ қимати умр аст,
Қимати ман бе Ватан беқимат аст.
Ҷонсупорӣ баҳри тақдири азал гар ҳиммат аст,
Ҳиммати ман бе Ватан беҳиммат аст,
Ҳиммати беҳимматӣ бар одаме гар ҳикмат аст,
Ҳикмати ман бе Ватан беҳикмат аст.
Яъне қадру қиммату баҳову хубии умр агар шодиву сурур бошад, бе Ватан умри мо қимат надорад, шодиву сурур ва ҳузур надорад.
Хулоса, аксар шоирони муосири мо шукронаи замон ва Ватан намуда, мекӯшанд, ки бо тасвир ва навоварӣ зебоиву гувороӣ ва муқаддасу азиз будани Ватанро тараннум намоянд. Агар ба байтҳои боло эътибор диҳем, дар ҳамааш моҳияти якранг чун фарзанди содиқи кишвар барои Ватан ҷон фидо кардан, Ватанро азиз донистан шиори мо ҷавонон ҳаст.
Фирӯз АРАБЗОДА, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз саҳифаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар facebook