mt3.org

МУРОҶИАТНОМАИ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ба кули мардуми ноҳия
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳашарчиёни боҳиммат!
Пахтакорони шӯҳратманди ноҳия!
Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи асосии хоҷагии халқи ноҳияи моро пахтакорӣ ташкил медиҳад. Деҳқонони асили ноҳия бо мақсади баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ноҳия хаста нашуда меҳнат мекунанд. Соли 2024 низ чун дигар солҳо деҳқонони меҳнатқарин ва заҳматписанди ноҳия бо азму матонати зиёд ҳосили фаровон рӯёниданд. Имрӯз дар аксарияти хоҷагиҳо саҳмдорон, аҳолӣ ва ҳашарчиёни ҳимматбаланди шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳар як лаҳзаи рӯзҳои офтобии тирамоҳ истифода бурда, баҳри саривақт ҷамъоварӣ намудани ин ганҷи бебаҳо намунаи меҳнати ватандӯстона ва садоқат нишон медиҳанд.
Ҳоло рафти маъракаи ҳосилғундорӣ торафт суръат гирифта, аҳли заҳмати чандин хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбати ҳарсола беҳтар меҳнат намуда, хеле барвақт аз иҷрои дурнамои сол муҷда расониданд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар айни авҷи корҳои ҳосилғундорӣ боришоти зиёд ва сардиҳо ба амал омада, ба пурра ҷамъ овардани ҳосил халал мерасонад. Аз ин хотир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри муташаккилона ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ва мусоиди обу ҳаво то пағаи охирин ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо душвориҳо рӯёнидашуда ба Шумо мардуми шӯҳратманд, саҳмдорон, ҳашарчиёни боҳиммат ва кулли пахтакорони ноҳия муроҷиат менамояд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Биёед ҳамагон ба саҳрои аз заҳмати деҳқон чаманистонгашта бароем, маҳсули ранҷи деҳқонро дастҷамъона ҷамъоварӣ намоем ва барои рушд додани корҳои созандагиву ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Пахта дар саҳро шукуфта интизори чидан аст,
Ғайрат эй ёрон, ки ҳимматро дами санҷидан аст!
Ҳама ба саҳро, ба ҳашари умумихалқӣ!

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар