mt3.org

 

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо чун дигар давлатҳои мусулмонии ҷаҳон Иди Қурбон ҳамчун иди аҷдодӣ ва садоқату меҳрубонӣ, ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом таҷлил карда мешавад. Ин рӯзи муборак барои ҳар як фарди мусулмон иди муътабар ва гиромӣ аст. Зиёда аз 1400 сол ин ҷониб ҳамаи мусулмонони олами ислом ин идро ҳамчун иди хайру саховат, иди некию вафодорӣ, дӯстиву рафоқат қайд мекунанд.

Аз ин лиҳоз, тамоми мадуми ноҳияро ба муносибати фарорасии Иди мубораки Қурбон табрик намуда, тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракати зиндагӣ ва рӯзгори нек орзумандам.

Иди Қурбон аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусулмон буда, воқеан ба маромҳои инсондӯстию мурувват ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст. Аз баракати Истиқлоли давлатӣ имрӯз мардум фаризаҳои асосии иди шарифи Қурбонро озодона ва бемамониат адо менамоянд. Дар баробари ба ҷо овардани аҳкоми ид ба аёдату табрикоти пайвандону наздикон, беморону пиронсолон ва зиёрати марқади гузаштагон рафтан, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва муҳимтар аз ҳама чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамоянд, ба дармондагону ниёзмандон, ашхоси камбизоат, ятимону маъюбон хайру эҳсон намудан ба урфияти неки мардуми мо табдил ёфтааст. Зеро ғояи асосии дини мубини ислом эҳтиром кардани инсонҳо ва одамият мебошад.

Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси мубораки худ фармудаанд: «Аввал чизе, ки худованди таъоло дар тарозуи амал мениҳад, ахлоқи нек ва саховат аст».

Бузургони адабиёти оламшумули мо бошанд, ба даст овардани дили мӯъминонро ба ҳаҷҷи акбар баробар донистаанд.

Дар арафаи иди шарифи Қурбон тавофи Каъба намудан яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом мебошад. Ҳоло беш аз 7000 нафар сокинони кишвар, ки аз ин 30 нафарашон аз ноҳияи Зафаробод мебошанд бо нияти иҷрои яке аз рукнҳои дини мубини ислом - адои маносиқи ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар карданд. Умедворем, ки онҳо баъди ҳаҷ бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар тарғиби суннатҳои неки ватандорӣ, ободии диёри хеш, одобу ахлоқ ва рафтори ҳамида саҳми босазо мегузоранд.

Бори дигар Иди саиди Қурбонро ба тамоми сокинони ноҳия табрик гуфта, саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ

НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲоИ ХОЛИИ МАЪМУРии хизмати давлатӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Воҳидҳои сохтории мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

1. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

2. Мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

3. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия

4. Мутахассиси пешбар андозчи Ҷамоати деҳоти Ҷоми - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

5. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарби Ҷамоати деҳоти Ҷоми - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

6. Мутахассис оид ба корҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ;

7. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Равшан - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

8. Сармутахассис-сармуҳосиби (оморчи) Ҷамоати деҳоти Равшан - 1902,40 сомонӣ;

9. Сармутахассис муҳандиси заминсози Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1902,40 сомонӣ;

11. Мутахассиси пешбар андозчии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

12. Мутахассис оид ба корҳои ободонии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ

13. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

14. Сармутахассис, муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ва ё миёнаи касбӣ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1

пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд);

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

ноҳияи Зафаробод, кўчаи Исмоили Сомонӣ №37, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, телефон:  (8-34-52) 5-21-98, 92 874-36-01

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ

НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲоИ ХОЛИИ МАЪМУРии хизмати давлатӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Воҳидҳои сохтории мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

1. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия

3. Сармутахассис – сармуҳосиб-оморчии Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;

4. Мутахассиси пешбар андозчи Ҷамоати деҳоти Ҷоми - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;

5. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарби Ҷамоати деҳоти Ҷоми - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

6. Мутахассис оид ба корҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218,00 сомонӣ;

7. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Равшан - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,4 сомонӣ;

8. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Равшан - 1902,4 сомонӣ;

9. Сармутахассис муҳандиси заминсози Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1902,40 сомонӣ;

11. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарби Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

12. Мутахассиси пешбар андозчии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

13. Мутахассис оид ба корҳои ободонии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218,00 сомонӣ

14. Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

15. Сармутахассис муҳандиси заминсози Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

16. Сармутахассис оморчи Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

17. Мутахассиси Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218,00 сомонӣ;

18. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ва ё миёнаи касбӣ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1

пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд);

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

ноҳияи Зафаробод, кўчаи Исмоили Сомонӣ №37, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, телефон:  (8-34-52) 5-21-98, 92 874-36-01

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

undefined

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар