mt3.org

 

ПАЁМ – РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муайян гардида, дар мавриди пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа барномаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Паёми Президенти кишвар чун Паёмҳои қабли ба ҳар як сокини кишварамон ба он умедвор менамояд, ки кишвари мо навобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол аз сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.

Бояд қайд намоям, ки дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳими аввалиндараҷа аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиёт, саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо ва ғайраҳо вазифагузорӣ карда шуд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд. Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён мекунам. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Танҳо дар асоси пешниҳоди паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд. Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд. Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ қайд намуданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд. Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дар охир мехоҳам ҳаминро қайд намоя, ки Паёми имсолаи роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳа ва самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишварро дар бар гирифт ва онро метавон ҳамчун дастури яндасоз ва дурахшонкунандаи давлату миллат номид.

Пираков Рустам Музафарович - директори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

 

 

Паёми табрикии

Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати Фарорасии Соли нави 2025

Ҳамдиёрони азиз!

Мову Шумо дар остонаи Соли нави мелодии 2025 қарор дорем. Ба ин муносибат тамоми сокинони ноҳияи шарафманди Зафарободро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.

Соле, ки сипарӣ гардида истодааст, барои мардуми шарафманди тоҷик, аз ҷумла, сокинони бонангу номуси ноҳия соли дастоварду муваффақият, комёбиву созандагӣ ва бунёдкориҳо буд. Дар соли 2024 ҳамчун соли хотирмон ва таърихӣ, дар кишварамон тадбирҳои муҳим – 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи умумиҷаҳонӣ, 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва даҳҳо чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардиданд. Ин рӯйдодҳои муҳим бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони кишвар доир гардида, ба таҳкими минбаъдаи давлатдорӣ ва ба тақвияти нуфузу обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азизамон мусоидат карданд. Соли 2024 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи арзандаи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб намуда, мардуми сарбаланди кишвар ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар як вақти дигар заҳмат кашиданд. Ҳамзамон соҳаҳои истеҳсолӣ низ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, саноатчиёну сохтмончиён ва тамоми мардуми кишвар хеле назаррас мебошад. Онҳо бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату ҳукумат ҷиҳати муҳаё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ, ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузоштанд. Дар соҳаи иҷтимоӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расида, садҳо муассисаҳои нави таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуданд. Барои кишвари мо соли 2024 дар самти сиёсати хориҷӣ низ соли бобарор ва соли таҳкиму тақвияти нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буд. Зеро дар ин сол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор иқдому ташаббусҳои мамлакат дастгирӣ ёфта, варзишгарон, донишҷӯён ва ҳунармандони кишвар, ки дар мусобиқа ва озмунҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок доштанд, сазовори ҷойҳои намоён шуданд ва парчами Тоҷикистон парафшон шуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ гашт. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Воқеан, тамоми дастовардҳое, ки то имрӯз давлат ва мардуми тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд”.

Сокинони ноҳияи Зафаробод низ дар радифи намояндагони дигар манотиқи кишвар дар соли 2024 ғайратмандона меҳнат намуда, дар татбиқи сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собитқадамона саҳми арзишманди худро дар рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли худ гузоштанд. Соли сипаригардидаистода барои мардуми ноҳияи мо соли хотирмон ва соли муваффақиятҳо мебошад. Дар ин сол доир ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллат – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардиданд. Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонӣ, роҳсозӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ густариш ёфта, тибқи нақша ва нақшаҳои иловагӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ватандӯст ҷараён дорад.

Ҳамдиёрони азиз!

Санаи 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуданд. Роҳбари давлат возеҳ ва бо мисолҳои мушаххас дар бораи пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва давлатдории миллӣ ҳарф заданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум меҳвари асосии сиёсати дохилӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода дар соли 2024 боз як қадами устувор гузошта шуда, ин раванд дар соли 2025 таҳким дода мешавад. Дар самти идома додани ғамхории давлату ҳукумат ба мардуми кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём супориш доданд, ки шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ,  инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқарар карда мешавад. Дар баробари ин тибқи супориши Пешвои миллат аз 1 сенятбри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо, андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад. Дар ин давра афзоиши маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд мегарданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат хоҳад кард.

Воқеан Паём санади раҳнамо дар татбиқи ҳадафҳои шоистаи давлатдорӣ маҳсуб ёфта, ҳар шаҳрванди мамлакатро дар иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мегардонад. Итминнони комил дорам, ки мо - Зафарободиён бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи худ ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар соли нави 2025 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ намуда, пояҳои истиқлоли давлатиямонро таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавиирода ва заҳматқарину ватандӯсти ноҳияи Зафарободро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии пурнишот ва ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Соли нав муборак бошад!

 

 

 

МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ОИД БА ИНТИХОБОТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мегардад. Дар машварати дастурдиҳӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки масъулин оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аъзоёни эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ баргузор шуд, Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон, коршиноси маҳаллии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Қурбон, котиби комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Азизов Назирҷон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод Розиқзода Фаррух ба ҳозирин мӯҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 “Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, дар маҷмӯъ низоми интихоботиро дар мамлакат, шарҳ доданд. Аз ҳозирин даъват шуд, ки барои тибқи муқаррароти қонунҳои ҷорӣ озоду демократӣ баргузор намудани ин маъраки муҳими ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона мусоидат намоянд.

 

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод

 

 

Санаи 12 декабри соли 2024 таҳти раёсати Раиси ноҳияи Зафаробод, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Исмоилзода Зуфар Муртазохон иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд.

Дар иҷлосия масъалаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод, даъвати ҳафтум, ташкил намудани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум ба баррасӣ гузошта шуда, аз ҷониби вакилон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Раиси ноҳия иҷлосияро оғоз намуда иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Бо назардошти ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои дахлдор барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххас андешанд. Сипас, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод, даъвати ҳафтум иборат аз 13 нафар ташкил гардида, тасдиқ карда шуд, ки барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 40 ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда шавад. Дар охир Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ супоришҳо дод.

ДАФТАРИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар