mt3.org

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

 

Санаи 01.06.2023 дар қасри фарҳанги Зафар бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Малоҳат Абдусаттор баргузор гардид. Ҳозиринро  ба ин муносибат аз номи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раиси ноҳия мӯҳтарам Ашӯрзода Раҷаб Рӯзи самимона табрику муборакбод намуда ба кӯдакони даврони соҳибистиқлол дунёи рангину хушиқбол орзӯ намуданд.

Зимнни суханрони қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

Муовини раиси ноҳия ба хурдсолон саломатӣ орзу намуда, ба мураббияҳои ширхоргоҳ ва  кӯдакони болаёқат  туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафарободро тақдим  намуданд.

Ҳамзамон ба тамоми  кӯдакони аҳли  толор  яхмосҳои  идона ҳадя карда шуд.

Аз  ҷониби  аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангоранги  идонаю  кӯдакона пешкаши  ҳозирин гардонида шуд.

 

 

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

 

Санаи 01.06.2023 дар қасри фарҳанги Зафар бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Малоҳат Абдусаттор баргузор гардид. Ҳозиринро  ба ин муносибат аз номи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раиси ноҳия мӯҳтарам Ашӯрзода Раҷаб Рӯзи самимона табрику муборакбод намуда ба кӯдакони даврони соҳибистиқлол дунёи рангину хушиқбол орзӯ намуданд.

Зимнни суханрони қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

Муовини раиси ноҳия ба хурдсолон саломатӣ орзу намуда, ба мураббияҳои ширхоргоҳ ва  кӯдакони болаёқат  туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафарободро тақдим  намуданд.

Ҳамзамон ба тамоми  кӯдакони аҳли  толор  яхмосҳои  идона ҳадя карда шуд.

Аз  ҷониби  аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангоранги  идонаю  кӯдакона пешкаши  ҳозирин гардонида шуд.

 

 

 

Санаи 9-майи соли равон дар маркази ноьияи Зафаробод дар назди Мужассамаи «Щалаба» бахшида ба 78- солагии Р=зи Щалаба бо иштироки раиси ноьияи Зафаробод муьтарам Ашурзода Ражаб Р=зц чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Шарифжон Ахмедов Сардори раёсати сармоягузорц ва       идоракунии амволи давлатии Маыомоти ижроияи ьокимияти давлатии вилояти Сущд иштирок намуда ба поси хотираи неки афсарону сарбозон ва ьамаи шаьидоне, ки жони хешро дар Жанги Бузурги Ватанц дарещ надоштаанд, гулчанбар гузоштанд.

Ьамзамон аз жониби раиси ноьия ва намояндаи Маыомоти ижроияи ьокимияти давлатии вилояти Сущд пирони хизматнишондодаи диёр дар аыибгоь дар «Жанги   Бузурги Ватанц» аёдат   карда шуданд.

Аксьо аз рафти чорабинц


Терроризм ва экстремизм хатари асосӣ дар замони муосир

Терроризм ва экстремизм дар замони муосир барои аҳли башар хатари асосӣ ба амнияту суботи ҷомеа ба ҳисоб рафта, муқовимат ба чунин зуҳуроти номатлуб рисолати ҳар як шахси ватандӯст аст.

Қабл аз он ки роҷеъ ба чунин равияҳои ифротгароӣ сухан гӯем, месазад, ки вобаста ба паёмадҳои он дар ҷомеа ва омилҳои асосии паҳн гардидани он изҳори андеша намоем.

Табиист, ки ҳар як рӯйдодҳои ҷомеа ва ҳаракату падидаҳои иҷтимоӣ аз аз рӯи характер, мазмун ва ҳадафҳо баҳо дода мешаванд. Он зуҳуроте, ки барои пешрафти ҷомеа фаъолият менамояд, ситоиш карда мешавад ва зуҳуроте, ки барои касодии ҷомеа ва халалдор гардидани низоми осуда ва оромӣ ҷомеа мақсад гузоштааст, мавриди интиқод ва таҳқир қарор дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки равияҳои ифротгароӣ пеш аз он ки ба мақсадҳои аслии худ ноил гарданд, барои татбиқи онҳо ва таҳвил кардани ғояҳои фитнаангез болои ҷомеа, замина мегузоранд. Чунин гурӯҳҳо агар ба шакли асосиашон дар ҷомеа худро вонамуд созанд, барои тақвият додани сафи худ ба мушкилотҳои гуногун дучор мегарданд, яъне муваффақ намегарданд. Аз ин рӯ онҳо зери шиори адолат, дустӣ, ваҳдат, инсондӯстӣ ва созандагӣ худро дар байни ҷомеа муаррифӣ намуда, иқтидорӣ худро аз лиҳози шумора қавӣ месозанд ва бо чунин нерӯсозӣ дар пушди пардаи ҷаҳолату бераҳмӣ ва зулму истибдод нақшаҳои хешро пиёда месозанд.

Роҳи чунин хоинони башар торик аст ва асоси он аз ҷоҳили сарчашма мегирад. Тавре, ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, нафароне, ки бо муҷиби нодонӣ ва дигар омилҳои иҷтимоӣ шомили ҳамингуна равияҳо мегарданд, таърих ва миллат нисбати онҳо нафрат доранд. Чунин шахсон танҳо барои як гурӯҳҳи тундгаро нафъ меоранду сарнавишти худро хатти сиёҳ мекашанд ва болои ҷомеа корҳои нолоиқ ва ношоистаро раво мебинанд. Як нуқтаро бояд гуфт, ки чунин шахсон дар қадами аввал ба ҳаёти худ хиёнат мекунанд ва ба муҳити осоишта таъсири манфӣ мерасонанд.

Хатти ҳаракати гурӯҳҳои ифротгароӣ сарозер аз зулму ноҳақӣ ва ноадолати дар таърих мебошад. Равияҳое, ки ба равиши хуби зиндагии инсон ва раванди давлатдорӣ таъсири манфӣ мерасонад, барои чӣ мо аз он пӯштибонӣ намоем. Баръакс бояд ҳар амалкарди онҳоро маҳкум намоем ва нагузорем, ки ба ватани мо хиёнат кунанд.

Умуман терроризм ва экстремизм муҳити носозгор ва иғвоҷӯёна буда, ҳеҷ гоҳ ба нафъи ҷомеа ва давлат кор намекунанд, баръакс одамонро фиреб медиҳанд, дар роҳи нодуруст сафарбар менамоянд, зеро сафи онҳо аз ҷоҳилон ва қотилон ташкил ёфтааст.

Боиси таассуф аст, ки дар пайи амалкарди онҳо хоки поки давлатҳои зиёди ҷаҳон ба хуни ноҳақ оғушта мешаванд ва ба ин васила гирдоби андуҳу ғам болои аҳолии осоишта бор карда мешавад. Ба ифодаи дигар аз ҳама ҷиҳат афкор ва амали онҳо танҳо ифротгароӣ ва куштор аст, дигар чизе нест.

Дар робита ба ин ду масъалаи асосӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.

Якум бояд ҷомеа дар қолабе худро ҷой намоянд, ки аз ғишти он иморати асили ватандорӣ бунёд гардида истодааст ва ҳамеша аз ватандорӣ ситоиш намоянду шаклгирии тафаккури худро дар ҳамин рӯҳия инкишоф диҳанд.

Дуюм табақаҳои осебпазири ҷомеа бояд аз таҷрибаи талхи он нафароне, ки бо сабаби гумроҳӣ ба доми равияҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидаанд, нисбати тақдири худ ва ватан хулосаи амиқ ва солим бароранд. Ба ифодаи дигар бедор шаванд, вале бедори на ба маънои он, ки аз хоб, балки бедорӣ аз нодонӣ ва гумроҳӣ.

Нодонӣ, надоштани иродаи комили сиёсӣ ва бефарқ будан дар ободоӣ ва оромии ватан барои равияҳои ифротгарои имконияти мусоидро дар самти дастёбӣ ба нақшаҳояшон фароҳам месозанд. Бояд дар ин самт муносибати ҷиддӣ роҳандозӣ карда шавад ва нисбати арзишҳои миллӣ, инсондӯстӣ ва фарҳангу таърих ва давлатдорӣ бар пояи адолат қадам гузорем.

Ба андешаи мо яке аз сабаби асосии муваффақияти равияҳои ифротгароӣ дар самти фирефта намудани шахсони гумроҳ, ин пеш аз ҳама сӯиистифода гардидани арзишҳои муҳими далатдорӣ, ватандорӣ ва инсондӯсте, ки дар боло зикр намудем аз ҷониби онҳо мебошад. Чунин гурӯҳҳои ғаразнок бо истифода аз ғояҳои муҳими арзишманд дар афкори шахсони гумроҳ ғояҳои ифротгароиро ҷой менамоянд ва онҳоро восиати асосии расидан ба ҳадафҳо асосии худ истифода менамоянд.

Воқеаҳое, ки дар ҷаҳон рӯй дода истодааст, баёнгари он аст, ки терроризм ва экстремизм ба ҳеҷ ваҷҳ оромӣ, озодӣ ва пешрафту ободиро намехоҳанд, баръакс онҳо сарчашмаи ҳамаи беадолатиҳо ва нооромиҳо мебошанд ва тавассути чунин рафторҳои ғайриқонунии худ мушкилотҳои зиёдро ба миён овардаанд.

Ба андешаи мо матлаб бояд ба воқеияти таърихӣ ҳам аз ҷиҳати мусбат  ва ҳам аз ҷиҳати манфӣ мувофиқ бошад. Яъне ҳар чизе, ки аз тарафи нависанда баён мешавад, бояд дар он манфиати ҷомеа зоҳир гардад, ҳақиқат бошад  ва хонанда то андозае нафъ бардорад. Ба маънои дигар ба ҳар як амал бояд баҳои одилона дода шавад. Хубро бояд хуб гуфт ва бадро бад шумурдан зарур аст.

Рӯйдодҳои ҳаррӯза нишон медиҳанд, ки равияҳои ифротгароӣ тавассути идеологияи носолими худ, афкори ҷомеаро, аз ҷумла онҳое, ки осебпазир ҳастанд, таҳти таъсири худ қарор медиҳанд. Ба назари мо бояд фазои таблиғотии мо тавассути расонаҳо беш аз пеш пурзӯр карда шавад ва симои аслии онҳо, ки ҷоҳилист  барои ҷомеа фаҳмонида дода шавад.

Таблиғот дар роҳи муқовимат бо терроризм ва экстремизм бояд хусусияти доимӣ дошта бошад. Гурӯҳҳои ифротгароӣ бо назардошти рушди бесобиқаи ҷаҳони технология доираи таъсиррасонии худро васеъ намуда истодаанд. Ман фикр мекунам, ба ҳар андозае, ки доираи корҳои тарғиботӣ дар ин самт густариш дода шаванд, ба ҳамон андоза ҷомеа аз хатари равияҳои номатлуб эмин мемонанд ва қудрати зеҳниву ҷисмонии худро ба даст мегиранд.

Хулоса ҷаҳони терроризм ва экстремизи торик аст, роҳи онҳо бемақсад ва беманфиат аст, андешаҳои онҳо аз решаи ҷаҳолат сарчашма мегирад, манфиатҳои ғаразноки онҳо хилофи манфиатҳои миллист ва дурнамои беасоси онҳо сангест дар масири расидан ба ҳадафҳои олии миллат, пас кӯшиш намоем, ки дунёи худро ҳамеша мунаввар нигоҳ дорем, аз манфиатҳои миллии худ дифоъ намуда, зиндагии худро дар пояи саодату хушбахтӣ бунёд намоем ва ҳар санги сиёҳе, ки хостори монеъаи рушди мо мегардад, онро бо ғурури миллӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ рафъ намуда, ҳомии давлат, ватан, таърих, фарҳанг, ваҳдати миллӣ ва умуман истиқлоли миллӣ бошем.

Поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Боқизода Фатҳулло


РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд