mt3.org

 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

Санаи 8 ноябри соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси ноҳия Исмоилзода Зуфар Муртазохон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарият ва кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод, собиқадорони мақомоти милитсия ва фаъолони ноҳия маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ворид гардидани парчами давлатӣ ва садо додани Суруди милли оғоз ёфт. Нахуст Раиси ноҳия Исмоилзода З.М. ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбӣ муборакбод намуд. Ӯ изҳор дошт, ки саҳми кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия дар ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ басо арзишманд ва назаррас аст. Таъкид гардид, ки расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар таърихи милитсия саҳифаи нав кушод ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ баҳри ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат вазифаи муқаддасу ҷонӣ — ҳимоя ва ҳифзи Ватани азизамонро сарбаландона ба ҷо меоранд.

Сардори ШВКД дар ноҳия подполковники милитсия Идизода Баҳодур кормандони шуъба ва собиқадорони соҳаро табрик намуда, дар иҷрои вазифаи масъулиятнокашон комёбиҳо орзу намуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия подполковники мустаъфӣ Сӯфиев Хокиро кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбӣ табрик намуд. Сипас роҳбарият, кормандон ва собиқадорони ШВКД дар ноҳия бо мукофотҳои соҳавӣ, сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадршиносӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангӣ бахшида ба санаи ҷашнӣ табъи иштирокдорони чорабиниро болида намуд.

ДАФТАРИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

 

 

Паёми табрикии

Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон

бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия

Мӯҳтарам кормандон, хизматчиён ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ноҳия!

Шуморо ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик намуда, дар иҷрои вазифаи масъулиятноку шарафманд комёбиҳо орзумандам.

Милитсия ҳомии низому тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон, посдори сулҳу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад.

Мавриди зикр аст, ки мафҳуми милитсия дар моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» чунин омадааст: «Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат менамояд».

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Милитсия яке аз рукнҳои асосии механизми давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, саҳми ин ниҳоди давлатӣ дар таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осудаи мардум назаррас аст».

Дар ҳақиқат милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти худ аз тамоми санҷишҳои талхи таърихӣ гузашта, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузоштааст.

Аз оғози давраи барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ то ба имрӯз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини суботи кишварамон бо дарки ҷиддии масъулият заҳмат мекашанд ва хизмат мекунанд.

Маҳз дар натиҷаи ҷоннисориву талошҳои содиқонаву мардонавори онҳо ва дигар сохторҳои низомӣ таҳдидҳои хатарноки ҷомеа бартараф карда шуданд ва имрӯз мо дар муҳити сулҳу субот тинҷу ором ҳаёт ба сар мебарем.

Дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ даҳҳо нафар ҳамкасбони шумо қурбон шудаанд. Мо онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа ҷони худро нисор карданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ саҳми арзанда ва хизмати шабонарӯзии Шумо кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии ноҳияро дар роҳи барқарор намудану устувор гардонидани суботу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқату матонат нисбат ба давлату миллат ва Ватан арзёбӣ менамояд.

Номи собиқадорони соҳа, ки баҳри суботу оромии ноҳия солҳои тӯлонӣ хизмати шоиста кардаанд ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум дур намешавад. Хизматчиёни фахрӣ, ки лаҳзаҳои беҳтарини умри худро ба осоиштагии мардум бахшидаанд, имрӯз низ ҳаёти фаъол дошта, маслиҳатгӯи ҷавонон мебошанд. Месазад, ки хизмати софдилонаи роҳбарияти феълӣ ва ҳайати шахсии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро дар ин лаҳзаҳои тантанавӣ зикр намуда, миннатдории хешро баён намоям. Хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Зафаробод намунаи ибрат мебошад.

Вазъияти мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон возеҳ нишон медиҳад, ки қувваҳои ифротӣ ва террористӣ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, баръакс, мехоҳанд, ки фаъолияти тахрибкоронаи худро дар минтаъқаи мо минбаъд низ густариш диҳанд. Дар чунин шароит ба кормандони милитсия ва дигар сохторҳо зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба таври қатъӣ мубориза баранд.

Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ барои мардуми кишвари азизамон соли хотирмон, соли созандагию бунёдкорӣ буд. Ҷашнҳои бузурги таърихӣ ва чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла, таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-солагии Ваҳдати миллӣ, 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ сазовор таҷлил гардиданд, ки дар ташкил ва баргузории ин санаҳои таърихӣ саҳми кормандони мақомоти милитсия хеле назаррас аст.

Имрӯз сокинони мамлакат, аз ҷумла мардуми сарбаланди ноҳияи Зафаробод ба истиқболи ҷашни фархундаи кишвар 35 солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиро пеша намуда, бо мақсади сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ тамоми нерӯи худро равона сохтаанд.

Боварии комил дорам, ки ҳар як сокини ноҳия бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат барои таҳкими Истиқлолу Ваҳдат ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони азиз нақши арзанда гузошта, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегирем.

Дар охир ҳамаи кормандон, хизматчиён ва собиқадорони соҳаро бори дигар бо иди касбӣ– Рӯзи кормандони милитсия табрик гуфта, дар адои хизмати пуршараф ба манфиати халқу Ватан муваффақият орзу менамоям.

Ид муборак, ҳомиёни қонунияту тартибот!

 

 

КОНСТИТУТСИЯ – САРМАНШАИ ҲУҚУҚ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуда, дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Тоҷикистон дар баробари қабули Конститутсияи замони истиқлол, озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.

Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитрӣ, сохти муосир ва созгор ба ҷаҳони воқеии муосир инъикос гардиданд. Ин имкон фароҳам сохт, ки ин санади олии таърихиву сиёсӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовор арзёбӣ ва ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон ворид гардад.

Тибқи Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Дар асоси меъёрҳои Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон гардида, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Барои дар амал татбиқгардидани ин меъёри конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои соҳаи тандурустӣ таъсис ва санадҳои меъёри ҳуқуқи дахлдор қабул гардиданд.

Инчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шахс ҳуқуқи озодона ширкат варзидан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникиро кафолат додааст.

Бунёди давлатдорӣ бидуни эътироф, риоя, ҳифз ва таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, халқи тоҷик ҳамчун муассиси давлати мустақилу миллии худ озодӣ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши муқаддас эътироф намудааст. Ин арзиши олӣ, инъикоси худро дар таҳкими маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайдо мекунад, ки ба ҳар фарди ҷомеа сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, мазҳабӣ (эътиқоди динӣ) ва тафовутҳои дигар тааллуқ доранд. Давлат тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, кафолат медиҳад.

Барои давлат ва шаҳрвандони он ҷонибдорӣ аз арзишҳои баробарӣ ва ризоият муҳим мебошанд. Дар қаламрави Тоҷикистон намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, изҳори эҳтиром ва таъмини баробарҳуқуқӣ, дӯстии байни ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо яке аз принсипҳои асосии конститутсионӣ ба шумор меравад.

Бинобар ин, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, этиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Аз ҷумла, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

Ҳамзамон, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дошта, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

Ҳамзамон, Конститутсия ҳуқуқи муттаҳид шудан, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятро ба шаҳрвандон кафолат додааст.

Хулоса, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо тибқи Конститутсия кафолат дода шуда, ҷиҳати амалӣ гардидани онҳо тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат роҳандозӣ гардида, мунтазам идома доранд. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни

ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи устуворро соҳиб гашта, бо ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар соҳиби эътибору эътироф гардидааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Конститутсия пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ҳар як моддаи он бо назардошти ирода ва ормонҳои кулли мардуми кишвар қабул шудааст.

Холализода Анораи Сироҷиддин, мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ММҚ

 

 

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

“Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз эълон намудани соҳибистиқлолии худ роҳи наверо пеш гирифт, ки асоси онро эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ташкил медиҳад. Истиқлоли давлатӣ дигаргуниҳои куллиро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷаъмиятӣ ба миён овард. Махсусан, яке аз дастовардҳои нодири замони соҳибистиқлолӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки асоси ба амал баровардани ислоҳоти низоми қонунгузорӣ ва идоракунии давлатӣ гардид. Маҳз ин марҳиларо марҳилаи нави рушди низоми ҳуқуқии кишвар номидан мумкин аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлосияи XXI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1994 иброз намуда буданд, ки санаи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориашон бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд.

Нақши Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ дар амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши ниҳоят бузург дорад. Ин аст, ки як боби бузурги Конститутсия – боби дуюми он ба ҳуқуқ, озодӣ вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, ҳамчунин ҳимояи онро тавассути санадҳои ҳуқуқи ба таври зайл муайян намудааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд», қисми 1-и моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар баробари ин, маҳз яке аз омилҳои асосие, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон шомил мегардад, ба таври васеъ муқаррар намудан ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар он мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муқаррар намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин кафолати таъмини баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар намудааст. Яке аз ҳуқуқҳо ва кафолати давлатии шаҳрвандон тибқи Конститутсия, ин баробарҳуқуқии онҳо ба хидмати давлатӣ ва дастарсии баробари он мебошад. Мувофиқан, дар моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд».

Бояд хотирнишон намуд, ки баъд аз мустақил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ муайян намудани баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ бори аввал ба шумор мерафт ва умуман падидаи хизмати давлатӣ падидаи нав маҳсуб меёфт. Таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ, ки Конститутсия пешбинӣ намудааст, яке аз ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон маҳсуб ёфта, аз соҳибихтиёрии халқ дарак медиҳад.

Идомаи мантиқии муқаррароти моддаи 27 Конститутсия дар Қонуни ҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз соли 1998 ва баъдан кафолати ҳуқуқи баробарии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ танзими пурраи худро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз 5 марти соли 2007 ифода ёфт. Дар Қонуни мазкур яке аз принсипҳои кафолатдодашудаи давлат ин принсипи ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ мебошад, ки ифодаи худро дар моддаи 7 Қонун дарёфтааст.

Муқаррароти моддаи Қонуни мазкур ҳуқуқи баробарии шаҳрвандонро ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ мувофиқи лаёқату тайёрии касбии онҳо ва бидуни ҳеҷ гуна маҳдудият, аз ҷумла миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Дар баробари ин, дастрасӣ ба хизмати давлатӣ маънои фароҳам овардани шароитро барои пайдо кардани имконият аз ҷониби аҳолӣ барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ мебошад. Ин асосан уҳдадории давлат ҷиҳати ҷалби аҳолӣ аз ҳама гуна қишри он ба хизмати давлатӣ мебошад. Муқаррароти мазкур ҳамзамон ифодакунандаи масъулияти давлат дар назди халқ, ки ҳамчун нишонаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад, маҳсуб меёбад.

Бо ҳамин назардошт, хулоса кардан мумкин аст, нақш ва мавқеи Конститутсия дар кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, махсусан ҳуқуқи онҳо ба хизмати давлатӣ бориз буда, танзими ҳуқуқии он тибқи қонунгузории соҳавӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Конститутсия сарчашмаи муҳимтарини ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, кафолати марказии таъмин ва ҳифзи онҳо маҳсуб меёбад.

Наимҷон НАБОТОВ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар