19 Ноябрь 2024
Истиқлоли Тоҷик- то эҳёи феномени Ориёӣ
Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони Шумо.
(Муҳаммад Иқбол)
Миллате, ки таърихи гузаштаи худро фаромӯш мекунад бо қавли нависандаи машҳур Чингиз Айтматов манқурт аст. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар масъалаи шинохти асолати миллат ва арзишҳои таърихию фарҳангии он ҳамеша пешгому собитқадам буда, мефармоянд: «Ғояҳои Ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ҳама якҷоя қисми таркибии сиёсати мо оид ба таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ мебошанд». (Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» китоби сеюм саҳ. 43). Барои шинохти ҳақиқати таърихӣ, воқиаву ҳодисот, ноадолативу нодидагирифтанҳо, хиёнату дасисаҳои ноҷавонмардонаи ҳаммиллатону бегонагон, тӯли беш аз ҳафтҳазорсоли умри миллат, бояд ҳақиқатнигорона саҳифаҳои норушану фаромӯшгаштаи таърихро омӯхт ва ба гӯши наслҳо расонид. Барои миллати фарҳангсолори тоҷик ҳеҷ зарурияти таърихсозию таърихбофӣ нест. Танҳо тавсифномаи ба арзишҳои тамаддунӣ - фарҳангии ориён нигоштаи таърихнигорони юнонӣ; Геродод дар “Таърих”, Ксенофонт дар “Курушнома”, Страбону Ктесӣ дар ойини озодагон... солноманигорону сайёҳони чиноӣ; Сим Тсян дар солномаи “ Шитзи” (Навиштаҷоти таърихӣ), инчунин таърихномаҳои “Чун Тси” (Солномаи подшоҳон) ва садҳо рисолаю монографияҳои таърихнигорон аврупоӣ, ҳинду араб, рус ва чанде дигар дилбохтагони ин таърихи заррин кофист, то шаҳомати озодагонро бубинем. Миллати ориёгавҳару озодаманиши тоҷик аз ибтидои таърих, то кунун ҳамеша хостори озодӣ ва ободӣ будаву ҳамеша дар талошу пайкор баҳри ин неъмати бебаҳо буда. Хушбахтона, интиҳои асри бистум Озодӣ (Истиқлол)- ро ба мо арзонӣ дошт, лекин душманони дар камин ва фурсатталаби озодагону ориёзодагон хостанд ин неъмати бебаҳоро аз мо бибаранд. Таърих гувоҳ аст, ки ниёгони озодидӯстдор ва озодаманиши мо дар чаҳор даврони афтишу бархост, растахези эҳёгарона намуда, чун симурғи наҷотбахш аз хокистар чу ахтар биҷастаанду фарҳангу таммаддуни навине барои инсоният офаридаанд, ки худ муъҷизаест беназир. Таърих дарси ибрат аст, агар давлат ва тамаддуни барсохтаи Пешдодиён аз дасти ифрити бегонае чун Заҳҳоки аҳриманнажод фурӯ рехт, зери дирафши Коваи озодихоҳ озодагон гирд омаданду заминае барои давлату империяҳои Кушониён ва Ҳахоманишиён гузоштанд. Чун ин империяҳои фарохдомон аз заҳри бегонапарастӣ бо дасти Искандари Мақдунии Гуҷастак (бадгавҳар) пора гардид, суғдиёну бохтариёни боғурури озода бо пайкору руйинтанӣ ин оташи ҷаҳонсӯзро хомӯш ва ташкилкунандаи давлатҳои юнонубохтарӣ ва сипас Ашкониёну Сосониёни бузург гардиданд. Фоҷиае, ки аз нифоқи динию мазҳабӣ бар сари озодагон омад, ин чира шудани тозиёни бодиянишин бар давлати бесарбонмондаи Сосониён буд. Дар ин афтиш ба вартаи мағзрабо ҳам озодагону асилзодагони ориёӣ парчами озодӣ ва мубориза бар ғосибонро афрохтанд ва нахустин хиште бар пояҳои давлатҳои миллии Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён, Сарбадорон ва чанде дигарро гузоштанд. Тоҷикон ҳарчанд муддате дар сари қудрати сиёсӣ набуданд, лек вазорат фарҳанг, тамаддун ва маънавиёти тамоми давлатҳои дар ин сарзаминҳои биҳиштӣ пайдошударо бар дӯши хештан доштанд. Яъне давлате бо зевари ҳикмату адабиёт доштанд ва рӯҳи озодихоҳонаи наслҳоро бедор нигоҳ медоштанд. Тамоми ҷузъиёти онро аз асари безаволи Аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, осори мондагори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сегонаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», “Чеҳраҳои мондагор”, асари таърихӣ-ҳуҷҷатии академик Раҳим Масов «Таърихи табартақсим» ва даҳҳо осори таърихии даврони навин метавон, дарёфт. Шоҳроҳи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар санаи 24-уми августи соли 1990, то эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷастарӯзи 9-уми сентябри соли 1991 ва санаи ҳумоюнии 27-уми июни соли 1997 Рӯзи Ваҳдати миллӣ росту ҳамвор нест. Ин даврони ҳаёту мамот ва зинда мондан, ё аз саҳфаи таърих афтодан буд. Хушбахтона бо интихоби оқилонаи сарвари сиёсии хеш дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон миллат тавонист, ормонҳои таърихии хешро бароварда созад. Санаи 2-юми марти 1992 дар сессияи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид ба узвияти СММ пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами ҳумоюнӣ барои эътирофи давлат аз тарафи беш аз 190 кишвари ҷаҳон гардид. Ташкили нахустфоруми тоҷикони ҷаҳон «Пайванд» дар шаҳри Душанбе партави бедорӣ барои муттаҳидии миллат буд. Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози миллат аввалин нафаси тоза барои Ваҳдати миллӣ ва қабули Нишону Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24.111992) бо рангу рамзҳои ориёии тоҷу ситора, китобу хуршед эҳёи дирафши Ковиёнии деринтизор буд. Аз Симпозиуми байналхалқии ҷашни «1000 –солагии «Шоҳнома» -и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ» (5.09.1994) дар шаҳри Душанбе, то иқдоми бознашр ва ба тамоми сокинони кишвар аз номи Президенти Тоҷикистон паҳн намудани ин асари безавол ва ташкили Озмуни ҷумҳуриявии Шоҳномахонӣ, эҳёгариву бар асли хеш баргаштан аст. Дар ҳар вожаву мисраи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (7.09.1994) танину навои ниёгони арҷманд аз қаъри таърих озодаманишона баланд аст, ки марши бедорӣ , ҳамдастӣ, намои фарҳанг ва асолати ориёӣ аст. Ҷашни 1100 – солагии нахустдавлати миллии тоҷикон Давлати Сомониён дар соли 1999 сиккаи таърихӣ дар худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, шинохи ниёгон, фахре ба таърихи заррин буд, ки заминаи нахустину хос барои бозтоби силсилаи давлатҳои ориёӣ гардид. Иқдоми фарҳангии ҷашни 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто» - ва шинохти паёмовари ростини озодагон Зардушти Спидамон таконе бар афкор ва андешаи миллӣ буд, то миллат аз дуроҳаи гумроҳию бегонапарасӣ раҳо ёбад. Ба муомилот баровардани пули миллии «Сомонӣ» (26.10.2000) ва бо чеҳраҳои қаҳрамонони миллат, рамзи осори фарҳангию ҳунарӣ, нақшу тарҳ ва рангҳои хосаи рӯшани ориёӣ ороишгарии он пайкори мондагори таърихист. Пайкору талош барои ҷашни ҷаҳонии 2500-солагии шаҳрҳои бостонии Истаравшан (Киропол, Курушкада) дар соли 2002, 2700- солагии Кулоб (Ҳулбук) дар соли 2005, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар соли 2016, 5500- солагии Саразм дар соли 2020 ва иқдомҳо барои бозтоби осори таърихии бостоншаҳрҳои Тахти Сангин, Балх, Бохтар ва даҳҳои дигар муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги беназири ориёист. Рӯй овардан ба арзишҳои фарҳанги бостон ва эҳёи ҳикмати поку муқаддас доштани яке аз чор унсури ҳаётофар об, аз панҷ ташаббусҳои беназир бо фарҳанги инсонпарваронаи ориёист, дар самти оби тоза, то ҳифзи пияхҳо ва сарчашмаҳои обӣ. Эътироф ва ҷашни соли “2003- Соли байналмиллалии Оби тоза», эълони солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли “2013- Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” , қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар солҳои 2018-2028 ва “2025- соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ” аз ҳуҷастатарин намоди фарҳанги бостон ва арзиши зиндагидӯстдорию пайванд бо табиат доштани тамаддуни ориёист. Дар соли 2006 –ум дар қароргоҳи СММ ташкил ва баргузор намудани Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Тамаддуни Ориёӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ» муассиртарин гардиши куллӣ дар шинохти миллат, эътирофи фарҳангу тамаддуни бостонии он гардид. Бузургтарин марҳилаи худшиносӣ эҳёи ҷашнҳои чаҳоргонаи ориёии Наврӯз, Тиргон, Меҳргону Сада бо бозтоби санъат, ҳунару анъанаҳои миллӣ чун, Шашмақому Фалак, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, муҳраю порчадӯзӣ ва чандин анвои дигар буд, ки ҷаҳониёнро тасхир намуд. Бо қабули қатъномаи СММ дар ЮНЕСКО дар санаи 30.09. 2009 “Наврӯз - иди байналмиллалию ҷаҳонӣ” эълон гардид, ки ташаббусҳои фарҳангии Тоҷикистон, бахусус талошҳои пайгиронаи Пешвои фарҳангпарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёву муаррифии фарҳанги бостонии ориётоҷикон аст. Ҷашнвораи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дигари эҳёгарист, дар зеҳнҳои бедори миллӣ, барои расидан бар асолати ориёии хеш ва миллатро якпорчаю яктан, дӯстдори Ватан, Миллат, Тамаддуну фарҳанги Ориёӣ намудан аст. Ин рисолати аҳли зиё, давлатмардон ва пешоҳангони ҷомеа аст, то рӯшноиофари роҳи дурашони фардои миллат бигарданд. Ҳумоюну ҳуҷаста бод, Истиқлоли миллати тамаддунсозу фарҳангэҷоди Тоҷик!
Аминҷон Зариф,
устоди МДТ Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод.