mt3.org

 

Амали террористӣ ҷиноятест, ки бар зидди асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти шахс, ҷомеа ва давлат равона мешавад. Мақсади асосии тарҳрезони он аз байн бурдани оромиву субот, мураккаб сохтани вазъият, заиф намудани сохторҳои қонунии идораи давлат мебошад.

Подробнее

ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ “Ховар”/. 3 июли соли 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон бахшида ба ёдбуди донишманд ва сиёсатмадори машҳури ҷопонӣ, профессор Ютака Акино Симпозиуми байналмилалӣ доир намуд. Имсол аз  марги фоҷеавии ӯ 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин маросим коршиносон аз кишварҳои Осиё ва Аврупо ширкат намуданд. Хотиррасон менамоем, ки Ютака Акино чун сиёсатшинос соли 1998 ҳамроҳбо ҳамтоёни худ аз Лаҳистон, Уругвай ва Тоҷикистон зимни иҷрои фаъолияти худ дарҳайати (миссияи) нозирони  СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тундгароёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба таври фоҷеавӣ ба қатл расонида шудааст.

Подробнее

 

Мутаважжеҳи зиёд гаштаем, ки дар ҳар баромадашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон новобаста баромад дар кадом масъала ҳамеша дар бораи терроризму экстромизм сухан меронанд. Соли жорӣ зимни суханрониашон бахшида ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки дар шаҳри Конибодом баргузор гашт чунин тазаккур доданд : «Ҳеж вақт бо ҳизби терроситиву экстромистии наҳзат ягон ҳужжат имзо накардааст».

Қуръонро ба даст гирему оятҳои онро варақ зада мутолиа намоем шоҳиди он мегардем, ки хурофоти ифротиёнро инкор менамояд.

Масалан:

- "Бо аҳли китоб ба некӯтарин тарзе баҳс кунед. Ба жуз бо онҳо, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ бар шумо нозил шудааст, имон овардем. Ва Худои мову Худои шумо яктост ва мо дар баробари Ӯ гардан ниҳодаем" (Қуръон, 29:46).

- «Худо шуморо аз некӣ кардан ва адолат намудан бо онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, боз намедорад. Худо касонеро, ки ба адолат рафтор мекунанд, дӯст дорад. (Қуръон, сураи Мумтаҳана 60:8)

- «Мусалмонҳо бо ҳам бародаранд. Оштӣ андозед бародарони худро ва битарсед аз Худо, шояд шумо бахшида мешавед (Қуръон, сураи Ҳучурот” 49:10).


Худ ин чанд мисоли равшани аз Қуръон оварда, тамоми рафтору гуфтору кирдори террористону экстромистонро инкор намуда, чеҳраи воқеии онҳоро вонамуд месозад, ки мақсаду мароми онҳо савобу гуноҳ набуда, балки андеши манфиати касифи худ мебошад. Пайдост, ки аз ин пешаи интихобнамудаи хеш дер ё зуд пушаймон гардида, дар як хориву залилӣ ва хоинона аз байни љамъ кам мешаванд.

Ба шахсоне, ки худро дар Ислом балад медонанду ҳаргуна амалҳои носавобро фатво медиҳанд худ ин мисолҳо кифоя. Дар ягон жои Қуръон намомадааст, мардумозорӣ намову вайронкорӣ соз, баракс Қуръони китобест, ки инсонҳоро ба роҳи равшану пайдо ҳидоят намуда, сар то по ахлоқ аст.

Ирода Игамова омӯзгори Коллежи омӯзгории н. Зафаробод, аъзои гур=ьи «Созанда».

 

 

Мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки инсонҳо дар раванди зиндагияш тамоюли бештар ба орзуву ҳавасҳои хеш пайдо намуда, пайваста саргарми баровардани он хаёлоти рӯё мегарданд. Касеро ё амали касеро ба «идеал»-и худ қарор дода, дар пайравии он нақшаи зиндагияшро тарҳрезӣ менамояд. Усулҳои жалб кардани жавонон ба ташкилотҳои террористӣ гуногун буда, каме бошад ҳам тавонистанд жавононро ба ин самт жалб намоянд. Аксари жавонон надониставу жоҳилона, ба ин гуна равияҳо пайваста, баҳори хуррами умри худро ба сароб табдил додаистодаанд. Аа шахсони солхӯрда пурсон шавем, ки кадом лаҳзаи умри худро бештар ба хотир меовареду ба он солҳо баргаштан мехоҳед, бе ягон мулоҳиза аз замони жавонии худ ёд мекунанду хоҳиши зиёди баргаштан ба он солҳоро мекунанд. Аз ин рӯ, бояд имрӯзҳо ҳушёриву зиракиро аз даст надод. Шароит барои бероҳасозии жавонон муҳайё насозему баракс аз пайи бунёди саодати ҳар ду дунё бошем.


Борҳо аз жониби бузургони сухан тазаккур ёфтааст, ки дар ҳама вазъият, ҳатман аз пайи донишазхудкунӣ бошему соҳиби баланди маърифати инсонгароиро соҳиб гардем. Агар жавон дониши хуби диниву дунёиро мукаммалро аз худ карда бошад, ҳатто шайтон ӯро фирефта наметавонад. Афсуси зиёд, ки дар ин даврон хавфи терроризму экстромизм дар тамоми рӯи замин реша паҳн намуда истодаасту баҳри бартараф намудани он чандин нафарони бегуноҳ қурбон гашта истодаанд.

Усули аввалини жалби жавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ин ваъдаи зиёди пулӣ, ҳаёти хуб, таъминоти моддии оила мебошад. Кам нестанд жавонони ташнаи маблағи зиёди бемеҳнат, ки дар ин роҳ ҳатто палидтарин амалҳоро содир намуда истодаанд. Онҳо дар андешаи онанд, ки ба ин гуруҳҳои манфур шомил шаванд, маблағи зиёдро ба даст оварда ҳисоб мешаванд. Вале мутаассифона дар ин роҳ ба чуз аз бохтани ҳаёти худ дигар чизеро ба даст наовардаанд.

Усули дигар ин моилсозии мафкуравӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ мебошад. Дар паси оинаи интернет нишаста, мафкураи тозаи инсонҳоро бо ҳар гуна суханҳои дуруғу бофта вайрон намуда истодаанд. Интернет дар ҳаёти имрӯза мафҳумҳои зиёдеро касб намуда, барои жоҳил жаҳолат, барои жинояткор жиноят, барои дузду авбош дуздӣ, барои олим манбаи дониш, барои мусалмон даъват, барои золимон разолат буда, ҳамчун сарчашма хизмат менамояд. Танҳо истифодаи дурусти онро омӯхта, дар роҳи хайр корбаст намуд.

Усули сеюм - ин худнамоишии жавонон, гуё онҳо нотарс ҳастанд ва бо ҳамин роҳ «мардонагии» худро нишон медиҳанд. То як андозае дар байни чавонони бесавод ва бе тачриба «модда» шудааст.

Айни ба фаъолияти экстромистӣ дар Тожикистон «Салафиҳо», «Ваҳҳобиҳо» жавононро ба гуруҳҳо худ шомил намуда истодаанд. Мебояд байни ин гуруҳҳо монеаи устуворе буд, ки натовонанд бо суханҳои пучу нохуб инсонҳоро бероҳа насозанд. Бедории жавонон ин ояндаи бофароғт ва ҳаёти бо суботи онҳост.

Ирода Игамова омӯзгори Коллежи омӯзгории н. Зафаробод, аъзои гур=ьи «Созанда».

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар