Хабарҳо
30 Июнь 2020

9-уми сентябри соли 1991 барои миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик санаи бисер ҳам гироми буда, дар ин рузи фарахбахш баьд аз ҳазорсолаҳо Тоҷикистони азизамон соҳибистиклол гардид.
Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои аввали истиқлолият ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимои фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони сиёсву иқтисоди фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари аз байнравии давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулху ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохили гирифта шуда, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.Другие статьи...
- Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19)
- МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА
- Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Зафаробод оид ба пешгирии пайдоишавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19)
- Баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»




Ваҳдати миллӣ суботи ҷомеаро таъмин намуда, барои зиндагии шоиста шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамин нуқта дар вохӯрии кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии Зафаробод таъкид гардид. Роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия ба хизматчиёни ҳарбӣ табрикоти ҷашниро расонида қайд намуданд, ки дар таъмини сулҳу ваҳдати саросарӣ, ҳифзи марзу буми кишвар заҳмати шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ дар мадди аввал қарор дошта, ҳар сокини кишвар ҷасорату мардонагии фарзандони муҳофизашро қадр мекунад.

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мутобиқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо мактаби варзишии ноҳия мусобиқаи варзишии тениси рӯи миз гузаронида шуд. Дар мусобиқа наврасону ҷавонон аз маркази ноҳия иштирок дошта
Қайд гардид, ки маҳз бо шарофари Ваҳдати комил ба ҳаёти хурраму осоишта расидаву муаррифгари дасовардҳои шоиста гардидаем.
Сафи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби нафарони фаъолу арзанда, занону ҷавонон дар ноҳияи Зафаробод зиёд мегардад. Як чанд нафар кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд дар остонаи ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо намуда, ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Аъзоёни тозатаъини ҲХДТ бо ифтихор аз узвият ба сафи ин ҳизби созанда ваъда доданд, ки ба хотири рушди Тоҷикистони азиз содиқона хизмат ходанд намуд.



