mt3.org

Хабарҳо

Имрӯз душманони дин ва хоинони миллати тоҷик аз паси пардаи Ислом иғвоангезӣ намуда, ҳадафҳои сиёсии худро аз номи дини мубин пеш мебаранд. Ҳол он, ки Ислом ба ягон қавм, гурӯҳ, ҳизб ва ё давлат тааллуқ надорад. Ислом динест ҷонибдори иттиҳоду мухолифи гурӯҳбозист. Ислом динест, ки аз замони зуҳураш мардумро аввалан ба илму дониш омухтан, некӣ кардан, поктинат будан, ростқавл будан, сулҳу дӯстӣ ва дӯст доштани Ватан ва ҳифзи он, таълиму тарбияи ахлоқи ҳамида, нигаҳ доштани ҳуқуқи якдигар, пешгирии тамоми ҷиноятҳо ва умуман барои шифо бахшидани дардҳо ва мушкилоте, ки ҷомеаи башарӣ ба он ниёз дорад, омадааст. Аммо имрӯз хоинони давлату миллати тоҷик ба хотири маблағу ҳимояи хоҷаҳои хориҷияшон ба ватан ва мардуми худ санги маломат мезананд. Мақсади онҳо аз байн бурдани тинҷию оромии Тоҷикистон, боз аз нав ба хун оғушта намудани мардуми он ва бо ин васила расидан ба ҳадафҳои нопоки худ мебошад. Дар ин ҷода онҳо имрӯз то ба имонфурӯшӣ расиданд. Ҳадафи навбатии онҳо - истифода аз суханрониҳои иғвоангезонаи ба ном «мавлавиҳои» афғон, ҳаммаслаконашон ва дигар нопокон, ки гуё аз шаъни зани тоҷик дифоъ мекарда бошанд, мебошад. Ин ашхос гӯё дилсӯзиҳои худро нисбати зани тоҷик, ки ба гуфтаи онҳо урён мондааст, изҳор менамоянд. Саволе ба миён меояд: оё ҷоҳилоне, ки ба мардуми ҷангзадаи хеш раҳму шавқат надоранд, занон ва духтарони худро аз илму маърифат ва озодӣ канор медоранд, онҳоро ҳамчун инсон намеҳисобанд, ба онҳо дар бозор савдо мекунанд, пас ба мо хубӣ мехоҳанд? Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барҳақ фармудааст:

Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,

Мо таҷриба кардем, ки касе ёри касе нест…

Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,

Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест

Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,

Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.

Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,

Ғофил машав, эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.

Имрӯз теъдоди зиёди мардуми кишвар ва тоҷикони берун аз марзи ватан нисбати гуфтаҳои ин тоифа аҷнабиёни ба ном мавлавиҳо вокуниш намуда, фикру андешаҳои худро иброз менамоянд ва ҳамагон онҳоро маҳкум месозанд. Аммо сухан ҳоло дар бораи онҳое меравад, ки бо истифода аз аҷнабиён нопок бо миллату давлати худ душманона рафтор мекунанд. Сухан дар бораи хоинони ватан меравад.

Хиёнат ба ватан дар дини мубини Ислом – гуноҳи азим мебошад. Хиёнат бадкирдортарин хислати инсон аст ва нобахшанданист. Пас хоини миллат кист? Хоини миллат онест, ки дар ватан ба камол расида, нону намаки онро мехӯраду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад.

Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) ҳангоми аз ватани азизи худ, Маккаи Мукаррама хориҷ мешуд, қадамҳои эшон ба самти пеш ҳаракат намекард, шиддати алам то он ҳад буд, ки гӯё фарзанди ҷигарбандашро аз ӯ ҷудо кардаанд. Меҳри ватан ӯро боз медошт, монеа мешуд, ки дубора ба ҷониби он мутаваҷҷеҳ гардиду гуфт: «Ҳеҷ кишвар барои ман аз ту дида поктару маҳбубтар нест».

Аммо имрӯз хоинони миллат ватани поку маҳбуби худро бо ҳадафҳои нопоки худ тарк намуда, ба қавми худ хиёнатро афзун донистанд. Хоинони миллат бо суханони бӯҳтонангези худ миллати тоҷикро дар назди мардуми башар бадном кардан мехоҳанд.

Бо истифода аз гуфтаҳои ба ном «мавлавиҳо» ва баъзе ташкилотҳои ба ном «байналмиллалию инсонпарвар» хоинони миллат Тоҷикистонро чун давлати ғайридемократӣ нишон доданиянд. Ин душманони дини мубини Ислом аз эътиқоди динии мардум истифода бурда, тавассути ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ мехоҳанд дар минтақа вазъиятро ноором созанд ва ба ин васила ба ниятҳои нопоки худ расанд. Низоми Ганҷавӣ нисбати чунин ашхос гуфта буд:

Аз хиёнатгарист бадномӣ,

В-аз бадӣ аст бесарамҷомӣ.

Имрӯз мо дар куҷое набошем зарур аст, ки аз ватан дифоъ намоем ва баҳри пешрафту тараққиёти он саҳми худро гузорем, миллат ва ҳадафҳои миллии худро дифоъ намоем. Аҳамияти ин амал баҳри ононе, ки даъвои имону ислом мекунанд, бештар мегардад. Чунки дар навбати аввал аз ҳама зиёдтар таълимоти динӣ ба ватан ва муқаддасоти он таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст.

Аз ин лиҳоз моро месазад, ки ватани худро дуст дорем, дар хизмати ватан ва халқамон бошем ва аз рафтор, кирдор ва гуфтори хоинони миллат парҳез намоем.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ барҳақ фармудааст:

Аз суҳбати ҷоҳилон бипарҳез,

Ҷуз ҳезуми хушк зи оташи тез.

Алиҷон Саидзода - мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод

«Аз суҳбати ҷоҳилон бипарҳез …»
Имрӯз душманони дин ва хоинони миллати тоҷик аз паси пардаи Ислом иғвоангезӣ намуда, ҳадафҳои сиёсии худро аз номи дини мубин пеш мебаранд. Ҳол он, ки Ислом ба ягон қавм, гурӯҳ, ҳизб ва ё давлат тааллуқ надорад.
Ислом динест ҷонибдори иттиҳоду мухолифи гурӯҳбозист. Ислом динест, ки аз замони зуҳураш мардумро аввалан ба илму дониш омухтан, некӣ кардан, поктинат будан, ростқавл будан, сулҳу дӯстӣ ва дӯст доштани Ватан ва ҳифзи он, таълиму тарбияи ахлоқи ҳамида, нигаҳ доштани ҳуқуқи якдигар, пешгирии тамоми ҷиноятҳо ва умуман барои шифо бахшидани дардҳо ва мушкилоте, ки ҷомеаи башарӣ ба он ниёз дорад, омадааст. Аммо имрӯз хоинони давлату миллати тоҷик ба хотири маблағу ҳимояи хоҷаҳои хориҷияшон ба ватан ва мардуми худ санги маломат мезананд. Мақсади онҳо аз байн бурдани тинҷию оромии Тоҷикистон, боз аз нав ба хун оғушта намудани мардуми он ва бо ин васила расидан ба ҳадафҳои нопоки худ мебошад. Дар ин ҷода онҳо имрӯз то ба имонфурӯшӣ расиданд. Ҳадафи навбатии онҳо - истифода аз суханрониҳои иғвоангезонаи ба ном «мавлавиҳои» афғон, ҳаммаслаконашон ва дигар нопокон, ки гуё аз шаъни зани тоҷик дифоъ мекарда бошанд, мебошад. Ин ашхос гӯё дилсӯзиҳои худро нисбати зани тоҷик, ки ба гуфтаи онҳо урён мондааст, изҳор менамоянд. Саволе ба миён меояд: оё ҷоҳилоне, ки ба мардуми ҷангзадаи хеш раҳму шавқат надоранд, занон ва духтарони худро аз илму маърифат ва озодӣ канор медоранд, онҳоро ҳамчун инсон намеҳисобанд, ба онҳо дар бозор савдо мекунанд, пас ба мо хубӣ мехоҳанд? Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барҳақ фармудааст:
Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем, ки касе ёри касе нест…
Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест
Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.
Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав, эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.
Имрӯз теъдоди зиёди мардуми кишвар ва тоҷикони берун аз марзи ватан нисбати гуфтаҳои ин тоифа аҷнабиёни ба ном мавлавиҳо вокуниш намуда, фикру андешаҳои худро иброз менамоянд ва ҳамагон онҳоро маҳкум месозанд. Аммо сухан ҳоло дар бораи онҳое меравад, ки бо истифода аз аҷнабиён нопок бо миллату давлати худ душманона рафтор мекунанд. Сухан дар бораи хоинони ватан меравад.
Хиёнат ба ватан дар дини мубини Ислом – гуноҳи азим мебошад. Хиёнат бадкирдортарин хислати инсон аст ва нобахшанданист. Пас хоини миллат кист? Хоини миллат онест, ки дар ватан ба камол расида, нону намаки онро мехӯраду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад.
Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) ҳангоми аз ватани азизи худ, Маккаи Мукаррама хориҷ мешуд, қадамҳои эшон ба самти пеш ҳаракат намекард, шиддати алам то он ҳад буд, ки гӯё фарзанди ҷигарбандашро аз ӯ ҷудо кардаанд. Меҳри ватан ӯро боз медошт, монеа мешуд, ки дубора ба ҷониби он мутаваҷҷеҳ гардиду гуфт: «Ҳеҷ кишвар барои ман аз ту дида поктару маҳбубтар нест».
Аммо имрӯз хоинони миллат ватани поку маҳбуби худро бо ҳадафҳои нопоки худ тарк намуда, ба қавми худ хиёнатро афзун донистанд. Хоинони миллат бо суханони бӯҳтонангези худ миллати тоҷикро дар назди мардуми башар бадном кардан мехоҳанд.
Бо истифода аз гуфтаҳои ба ном «мавлавиҳо» ва баъзе ташкилотҳои ба ном «байналмиллалию инсонпарвар» хоинони миллат Тоҷикистонро чун давлати ғайридемократӣ нишон доданиянд. Ин душманони дини мубини Ислом аз эътиқоди динии мардум истифода бурда, тавассути ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ мехоҳанд дар минтақа вазъиятро ноором созанд ва ба ин васила ба ниятҳои нопоки худ расанд. Низоми Ганҷавӣ нисбати чунин ашхос гуфта буд:
Аз хиёнатгарист бадномӣ,
В-аз бадӣ аст бесарамҷомӣ.
Имрӯз мо дар куҷое набошем зарур аст, ки аз ватан дифоъ намоем ва баҳри пешрафту тараққиёти он саҳми худро гузорем, миллат ва ҳадафҳои миллии худро дифоъ намоем. Аҳамияти ин амал баҳри ононе, ки даъвои имону ислом мекунанд, бештар мегардад. Чунки дар навбати аввал аз ҳама зиёдтар таълимоти динӣ ба ватан ва муқаддасоти он таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст.
Аз ин лиҳоз моро месазад, ки ватани худро дуст дорем, дар хизмати ватан ва халқамон бошем ва аз рафтор, кирдор ва гуфтори хоинони миллат парҳез намоем.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ барҳақ фармудааст:
Аз суҳбати ҷоҳилон бипарҳез,
Ҷуз ҳезуми хушк зи оташи тез.
Алиҷон Саидзода - мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод
МУАЛЛИМИ МАН
Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст.

Подробнее

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 январи соли 2024 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Подробнее

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд