mt3.org

Хабарҳо

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод таҳти раёсати раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мулоқоти судманд пиромуни филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ" баргузор гардид, ки дар мулоқоти мазкур муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои МИҲД-и ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, имомхатибон ва аминони маҳаллаҳо иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ оид ба кирдору рафторҳои разилонаю ғайриинсононаи хоинони миллат суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки имрӯз аз ҳар як сокини кишвар талаб карда мешавад, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода ҳамеша омодаи ҳифзи марзу буми ватани худ бошанд.

Ҳамзамон сардори ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Саломзода Барака Салом баромад намуда, таъкид намуд, ки соли ҷорӣ мо якзумра чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аз ҷумла 30-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоем, бояд кушиш ба харҷ дод, ки ин ҷашнвораҳои бузургро бо дастоварҳои арзанда ва бе ягон камбудию нуқсон истиқбол намоем.

Собиқадори меҳнат Рустамов Заҳриддин баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз пеш аз ҳама мо бояд шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем ва сулҳу суботи кишварро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Дар охир ба раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои идеологии ноҳия супориш дода шуд, ки дар деҳаю маҳалҳои аҳолинишин тамошои филми мазкурро ташкил намуда, суҳбату мулоқотҳо баргузор намоянд.

 

Ҳамдиёрони азиз!

Қобили тазаккур аст, ки сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусияти хоси худро дошта, мазмуни асосии он дар чорабиниҳои  гуногуни  фарҳангию сиёсӣ  ва рамзу анъанаҳои миллӣ  таҷассум меёбад. Ҳамаи ин  заминаи муҳим  барои  дарки  худшиносӣ   ва  комёб гардидан ба  пешрафту дастовардҳои  кишвар мебошад. Аз ин рў,   «Рўзи  Президент», ки санаи 16  ноябр дар қаламрави  Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта мешавад,   иқдоми некест, ки барои  арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз  Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор  ва  қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муьтарам Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро мутаҳҳид намуда, шӯълаи умедро бедор кард ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъдаи кишвар ҳидоят намуд.

Ҳамчунин Президенти Точикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамоянд, ки маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соьибистиылолии кишвар ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату давлат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Жумьурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин тамоми мардуми сайёра медонанд ва эътироф намудаанд, ки ин ифтихори мо тожикистониён мебошад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ьамаи Шумо дар дар симои Шумо кулли мардуми ноҳияро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо иштироки аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан", устодону шогирдон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 13 ба номи устод Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ сараввал намоиши осори Пешвои миллат ва асарҳо доир ба фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ ба намоиш гузошта шуд. Сипас маҳфил бо қироати шеъру таронаҳо дар васфи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои шоиставу арзанда, фидокориҳо дар роҳи бунёди Тоҷикистони навин аз ҷониби сарвари маҳбуби халқ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Заррина Зулфиқорзода мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод табрикоти ҳизбиёни ноҳияро ба самъи иштирокчиён расонид. Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Зафаробод идома дорад.

 

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

22 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст Раиси вилоят ҳолати кунунии пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-1”-ро мавриди назар қарор дод. Пойгоҳи обкашии мазкур аз шаш агрегат иборат буда, тавассути он заминҳои беканори ноҳияи Зафаробод обёрӣ карда мешавад. Айни замон аз тарафи мутахассисони идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия таъмири пойгоҳ идома дошта, он барои соли оянда омода мегардад.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод тавассути пойгоҳҳои обкашӣ зиёда аз 32 ҳазор гектар заминро дар мавсим бо оби полезӣ таъмин менамояд. Соли равон аз ҷониби идора ба миқдори 300 миллион метри мукааб ё худ ба маблағи зиёда аз шаш миллион сомонӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ об расонида шудааст. Дастгирии кишоварзон ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани онҳо таҳти таваҷҷӯҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ин мақсад барои мавсими соли 2020 аз тарафи Раиси вилоят ба хоҷагии оби ноҳия 1,9 миллион сомонӣ маблағ ҷудо ва дастрас карда шуд, ки дар натиҷа хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ таъмин гардиданд.
Зимни шиносоӣ Раиси вилоят таъкид дошт, ки барои сари вақт омода гаштани тамоми пойгоҳҳои обкашӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамаҷиҳата кӯмак мерасонад.
Дар хоҷагии деҳқонии “Турсунзода”-и Ҷамоати шаҳраки Зафаробод Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардида, худ бевосита дар ғунучини “тиллои сафед” ва ғанӣ гардонидани хирмани пурбори марди деҳқон саҳм гузошт.
Тавре таъкид гардид, ноҳияи Зафаробод калонтарин ноҳияи пахтакори вилоят ба ҳисоб рафта, соли равон заркорони ноҳия дар майдони умумии 14282 гектар пунбадона кишт намудаанд ва азм доранд наздик 30 ҳазор тонна дури гаронбаҳо ҷамъоварӣ намоянд. То ба санаи 23-уми октябр кишоварзон ва ҳашарчиёни ноҳия 20 ҳазору 608 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин 68,9 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ин рӯз аз тарафи Раиси вилоят ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи пахтатозакунии Ҷамъияти саҳҳомии “ДСМ-19” шинос шуд. Корхонаи мазкур дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол қабл мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. То кунун корхона аз хоҷагиҳои деҳқонӣ беш аз 3400 тонна пахта қабул намуда, бо истифода аз навтарин дастгоҳу таҷҳизот пахтаро коркард намудааст.
Аснои шиносоӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани доираи фаъолияти корхона, насби хатҳои нави истеҳсолӣ ва то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми саноатӣ - пахта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд