mt3.org

Мубориза бар зидди терроризм ва ифродгароӣ, тамоман решакан кардани он фақат вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва амният набуда, балки вазифаи ҳар як шахси инсондӯст ҳисобида мешавад.
Ифродгароён дар байни халқ, хусусан ҷавонон,ҳар гуна иғвою тарғиботҳо ва амалҳои тундравонаро паҳн менамоянд ва ҳаракат мекунанд, ки бештар ҷавононро ба ин амали хафнок ҷалб намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти гурӯҳҳои «Салафия» (8.01.2009), «Ҳизб-ут-таҳрир» (19.04.2011), ҲНИТ (29.09.2015) бисёр ҳам муҳим ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон аз минбарҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ сухан ронда қайд карданд: «Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад, балки ӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ мерасонад».

Вобаста ба ин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ вазифаи аввалиндариҷаи ҳар як шахс ва хусусан омӯзгорон мебошад.    Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мунтазам ба хонандагон, насли наврас фаҳмонидани мафҳуми терроризм ва ифродгароӣ вазифаи ҳар як педагог ба ҳисоб меравад. Ба ин саволҳо ҷавоб додан ҷоист: Мақсади террористон аз чии борат аст? роҳбаронашон киҳо ҳастанд?, аз кадом манбаъ маблағгузорӣ карда мешаванд? бо кадом мақсад дар байни мардум тарсу ҳаросро пайдо мекунанд?    Мо бояд бо факту далелҳои аниқ бо воситаи дастгоҳҳои видеоӣ харобаҳои давлатҳои Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон ва дигар давлатҳоро нишон доданро муҳим мешуморем.
Оиди ин масъала дар ҳар як муассисаҳои таълимӣ ташкил кардан ва гузаронидани чорабиниҳои зеринро зарур мешуморам:
-дар ҳамаи синфҳои болоӣ дар мавзӯҳои «Муқовимат бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез» «Оқибати кори террористон» ва ғайраҳо соатҳои тарбиявӣ гузаронидан;
-гузаронидани шабҳои саволу ҷавоб;
-гузаронидани иншо бо хонандагони синфҳои 9,10,11 оиди терроризм, ифродгароӣ, хавфи маводҳои мухаддир ва ғайра;
-ташкил кардани семинару конфронсҳо дар байни хонандагони синфҳои 8,9,10,11;
-ташкил кардани озмунҳои «Китобхонаи беҳтарин»;
-ташкил кардан ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ;
-ҷоннок гардонидани фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ.
Боварӣ дорам, ки чорабиниҳои дар боло зикр гардида амалӣ гардад, хонандагон ба ин гунна амалҳои номатлуб даст намезананд.

омузгори МТМУ№7 -и нохияи Зафаробод  Сангинов Х.

Санаи 9 майи соли 2018 дар назди муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Зафаробод таҷлили 73-солагии Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд. Дар рафти чорабинии мазкур табрикоти раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ва ҳамчунин  табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят Зафарбек Давлатзода ба самъи собиқадорон ва сокинони ноҳия расонида шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба  73-солагии Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ омода карда шуда, дар доираи ҳафтаи «Поси хотир» ёдгориҳои шаҳидони ҷанг таъмиру тармим гардида, аз ҳисоби афсарону хонандагони мактабҳо дар назди муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  посбонҳои фахрӣ ташкил карда шуд.
Санаи 9 май дар назди муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и деҳаи Логини Ҷамоати шаҳраки Зафаробод  дар доираи «Ҳафтаи поси хотир» чорабинӣ гузаронида шуд.
Инчунин ба ифтихори ҷашни мазкур ба шахсони дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият кардаанд, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд 1200 сомонӣ ба 11 нафар кӯмакпулии яквақта аз тарафи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зафарбек Давлатзода супорида шуд.            
Таҷлили 73-солагии Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  дар ноҳияи Зафаробод бо омодагии ҳаматарафа ва дар сатҳи баланд баргузор гардид .

04.05.2018, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Подробнее

Рӯзи 3-юми майи соли равон мулоқоти раиси нохияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо донишчуене, ки аз нохия дар шахри Душанбе тахсил мекунанд бо иштироки хайати сохторхои марбутаи МИХД-и ноҳия ва ТЧ ,Созандагони Ватан, - КИ ХХДТ дар сатхи баланд ва хотирмон баргузор гардид. Раиси нохия бо донишчуён сухбати самими ва ошкоро ташкил намуда аз сатху сифати таълим ва зиндагонии донишҷуен пурсон ва шинос шуданд. Ба донишҷуён кумаки яквактаи моддӣ ва зиефати расми ташкил карда шуд.

Дар донишгоҳу донишкадаҳои олии  шаҳри Душанбе айни замон 182  нафар донишҷӯён аз ноҳияи Зафаробод барои гирифтани  маълумоти олӣ ва касбу кори гуногун таҳсил менамоянд.
Давоми 5 соли охир дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ аз ноҳия зиёда аз 90 нафар тибқи Квотаи президенти таҳсили илм доранд, ки 30 нафарашон ба мактабҳои олии пойтахти мамлакат  рост меояд.  
Ҳоло 46 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар мактабҳои олии Федератсияи Руссия ва дигар давлатҳои хориҷи кишвар таҳсили илм доранд, ки аз  онҳо 2 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд.
Зимни мулоқот раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ба донишҷӯён муроҷиат намуданд, ки  ноҳия ба шумо барин ҷавонони соҳибмаълумоту соҳибкасб ниёз дорад. Дари тамоми муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, корхонаҳои саноатӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, соҳаҳои кишоварзию иҷтимоӣ, фарҳангу тандурустӣ барои кору фаъолият намудан ба рӯи шумо кушода аст. Танҳо шуморо лозим аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибмаълумот ва соҳибкасб гардед.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд