06 Ноябрь 2024
КОНСТИТУТСИЯ – САРМАНШАИ ҲУҚУҚ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуда, дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Тоҷикистон дар баробари қабули Конститутсияи замони истиқлол, озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитрӣ, сохти муосир ва созгор ба ҷаҳони воқеии муосир инъикос гардиданд. Ин имкон фароҳам сохт, ки ин санади олии таърихиву сиёсӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовор арзёбӣ ва ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон ворид гардад.
Тибқи Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон гардида, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Барои дар амал татбиқгардидани ин меъёри конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои соҳаи тандурустӣ таъсис ва санадҳои меъёри ҳуқуқи дахлдор қабул гардиданд.
Инчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шахс ҳуқуқи озодона ширкат варзидан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникиро кафолат додааст.
Бунёди давлатдорӣ бидуни эътироф, риоя, ҳифз ва таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, халқи тоҷик ҳамчун муассиси давлати мустақилу миллии худ озодӣ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши муқаддас эътироф намудааст. Ин арзиши олӣ, инъикоси худро дар таҳкими маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайдо мекунад, ки ба ҳар фарди ҷомеа сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, мазҳабӣ (эътиқоди динӣ) ва тафовутҳои дигар тааллуқ доранд. Давлат тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, кафолат медиҳад.
Барои давлат ва шаҳрвандони он ҷонибдорӣ аз арзишҳои баробарӣ ва ризоият муҳим мебошанд. Дар қаламрави Тоҷикистон намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, изҳори эҳтиром ва таъмини баробарҳуқуқӣ, дӯстии байни ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо яке аз принсипҳои асосии конститутсионӣ ба шумор меравад.
Бинобар ин, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, этиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Аз ҷумла, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.
Ҳамзамон, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дошта, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.
Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
Ҳамзамон, Конститутсия ҳуқуқи муттаҳид шудан, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятро ба шаҳрвандон кафолат додааст.
Хулоса, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо тибқи Конститутсия кафолат дода шуда, ҷиҳати амалӣ гардидани онҳо тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат роҳандозӣ гардида, мунтазам идома доранд. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни
ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи устуворро соҳиб гашта, бо ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар соҳиби эътибору эътироф гардидааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Конститутсия пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ҳар як моддаи он бо назардошти ирода ва ормонҳои кулли мардуми кишвар қабул шудааст.
Холализода Анораи Сироҷиддин, мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ММҚ