mt3.org

 

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад ...

Миллати тоҷик - яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи хеле қадима мебошад, ки зиёда аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад ва забони ин миллат яке аз аввалин забонҳои тамаддуни инсоният мебошад. Миллати тоҷик ҳануз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар ва ҳамчунин илмдӯсту адабпараст, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор меравад.

Роҳбари давлат – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди фарҳанги бузурги миллӣ ва таърихи халқамон чунин иброз намудаанд: «Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Тоҷикон дар тӯли таърихи куҳанбунёди худ фарҳанги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд». Фарзандони хирадманду фарзонаи миллат бо дарки ин ҳақиқати мусаллам барои пойдорӣ ва аз байн нарафтани таърих ва фарҳанги миллӣ ҷоннисорона талош кардаанд ва асолати онро ҳифз кардаанд. Яке аз онҳо фақеҳи бузурги олами ислом Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад, ки тавассути урф, яъне додани фатвои шаръӣ, ба Ислом ва суннатҳои исломӣ мухолифат надоштани забони миллӣ, дастовардҳои таърихӣ ва расму оинҳои мардумиро собит намуда, ба онҳо заминаи ҳуқуқӣ ва умри ҷовидона бахшидааст.

Мо бояд ба забон, таърих, фарҳанги миллӣ ва гузаштагони худ арҷгузор бошем ва дар як вақт ояндасозӣ кунем. Танҳо он вақт мо метавонем ба қуллаҳои баланди тараққиёт расем, агар фарзандони худро ба илму маърифат ҳидоят кунем.

Дини ислом низ ба илм ва илмомӯзӣ таваҷҷуҳи хоса дорад ва пайравони худро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш тарғибу ташвиқ менамояд. Ҳамин тавр, пешрафту тараққӣ ва такомул дар асоси илму дониш бар мусалмонон воҷиб мебошад. Зеро аз назари Ислом шахс он гоҳ дорои каромат хоҳад буд, ки ба фазилати илму дониш ороста шавад. Масали халқии тоҷикӣ низ ин маъниро бисёр дақиқ баён мекунад: “Илм дар ҷавонӣ - нақш бар санг”

Зарур аст, ки имрӯз мо худамон илм омӯзем ва фарзандонамонро низ ба омӯзиши илму дониш ҳидоят намоем, қуллаҳои нави илмиро фатҳ намоем, ихтирооти нав ба нав дар соҳаҳои гуногуни илм дошта бошем, ки муҳтоҷи дигарон набошем. Зеро тавре Фирдавсии бузургвор гуфтааст, илму дониш қудрати инсон аст ва ҳар касе донотар аст, тавонотар аст:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Хоҳем, ки фарзандонамон фақиру заифу муҳтоҷ набошанд, ба онҳо илму дониш диҳем, то тавоно шаванд. Барои халқу миллати худ хизмат кунанд.

Мо байни худ баъзан дар бораи камбудиву норасоиҳои ҷомеа ҳарф мезанем, коста гардидани одобу ахлоқи ҷавононро ёдовар гардида, оиди рӯ овардани бархе аз онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан мекунем. Аммо сабаби ин кирдор дар чӣ аст?

Албатта дар навбати аввал сабаб дар ҷаҳолату бесаводӣ, дур мондани ҷавонон аз китобу китобхонӣ аст. Барои он ки фарзандони мо аз хурдсолӣ ба хондани китоб шавқу ҳавас пайдо кунанд, дар ҳар як хонадон бояд гушаи хурде барои мутолиа ва китобхонӣ бошад. Падару модаронро зарур аст, ки дар дили фарзандонашон аз давраи хурдии онҳо меҳри китобу китобхониро афзун намоянд. Албатта барои ин бояд худи падару модарон китобдору китобхон бошанд.

Вақте, ки ҳар яки мо фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба китобу китобдорӣ тарбия намоем, дар ин ҳолат фарзандони мо ба хондани китоб нафрат пайдо намекунанд ва дар оянда ба он арҷ мегузоранд.


Алиҷон Саидзода - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар