mt3.org

 

Теъдоди ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ 9394 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 567 нафар зиёд мебошад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад теъдоди ҷавонони то 35 сола 1717 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 120 нафар афзоиш ёфтааст.


Дар ин бора Илёс Идрисзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҳамчунин, номбурда илова намуд, ки бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ бо мусоидат ва назорати Агентии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешаванд.

- Дар робита ба ин бо мувофиқаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи намунавии омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соли 2024 таҳия, тасдиқ ва барои корбарии минбаъда ба мақомоти давлатӣ ирсол гардид,-изҳор намуд, Идрисзода И.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА, "ҶТ"

http://javonon.tj/news/social/shumorai-avonon-dar-mansab-oi-ro-barikunanda-afzudaast/

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар