08 Ноябрь 2019
Санаи 6 ноябри соли 2019 як гурӯҳи ниқобпӯши силоҳбадаст ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-и отряди сарҳадии “Султонобод”-и ноҳияи Рудакӣ ҳуҷуми мусаллаҳона содир намуданд. Ин амали ноҷавонмардона, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаю ниятҳои бадхоҳону хоинони миллат тарҳрезӣ шуда буд, метавон хиёнати навбатии саркардагону пайравони ПМТ, ҲНИ ва ҳаммаслаконашон ҳисобид.
Онҳо хостанд дар рӯзе, ки миллат тантанаи Рӯзи Конститутсия дорад ва Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари хориҷа ҳастанд, суботи кишварро халалдор намоянд.
Бехабар аз он, ки миллати шарифи тоҷик рӯҳи шикастнопазир дошта, ин рафтори нангини ноогоҳонро фитнаи навбатии хоинони миллат меҳисобад. Аён аст , ки ин аъмол аз хориҷа саҳнанависӣ гашта, ҷавонони мағзшустаро бар ивази маблағ ба ин гуна хиёнаткориҳо водор месозанд.
Аммо ба иваз чи мегиранд?. Ноумедию курбонӣ ва ҷавоби сазовори подоши аъмол.
Бо итминон ва ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистони биҳиштосои моро имрӯз ягон хавфу хатар таҳдид карда наметавонад. Имрӯз ҳар сокини кишвар худогоҳу хештаншинос ва ҳомии марзу буми худ гардидааст. Мо имрӯз дорои Артиши боэъдимод ва сарбозони далеру шуҷоъ мебошем.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ин амали террористӣ, ки кори дасти хоинону курдилон ва душманони миллат мебошад, маҳкум намуда, даъват ба он меорад, ки бар зидди ин гуна афрод муборизи беамон бошем, Зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳомию пуштибони Ватан ва пайрави воқеии Пешвои миллат гардем.
Ҳамчунин ба пайвандони ду нафар сарбозони Кушӯнҳои сарҳадӣ ва ВКД – Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷони худро дар роҳи хизмат ба Ватан сипар намуданд, ҳамдардӣ баён менамоем.
Раёсати кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод