16 Апрель 2019
ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи Устод Садриддин Айнист. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, то бахшида ба 141-солагии сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ куллиёти нави устод Айниро бо такмил ба нашр расонад.