mt3.org

23-юми ноябри соли 2018, телевизиони «Настоящее время» бо иқтибос аз хабарнигори РИА Новости-Лидия Исамова, ки аз Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ дар боздоштгоҳ мусоҳиба гирифтааст, намоишеро нишон дод, ки рафти мурофиаи судиро бозгӯӣ мекунад.

Подробнее

Минбари ҳизби террорист «паём.нет», ки дар яке аз кишварҳои назди соҳили Балтика фаъолият мебарад, санаи 22.11.2018с. бо иқтибос ба ниҳоди озодиҳои ИМА изҳори шодӣ кардааст, ки Тоҷикистонро дар «листи сиёҳи ин ниҳод» ҷой кардаанд. Ҳизбе ки тавони сиёсиаш дар маҳдудаи сомонаи «паём.нет» олуда шудааст. Ин ҳам бинобар нафспарастии наҳзатиҳо ва беибо хурдани сармояи байтулмол аз ҷониби раҳбарият ва раёсати ба ном шурои олии ин ҳизб, ки ба таври истисноӣ хурофотзадаанд, мебошад. Ин даъвоҳои наҳзатиҳои ғоиб, ҳарзагӯй ва ботилро чунин рад мекунем:

Подробнее

Аҷабо, гоҳо нафароне, ки ҷиноят содир менамоянд ва манофеи миллиро дар хатар гузошта, ба осиёи бегонагон об мерезанд, нашармида ба ниҳодҳои давлатӣ ва аз чумла ба Академияи илмҳо ва ба шахси Президенти ин ниҳод тавсия ҳам пешниҳод менамоянд. Яке аз чунин нафарон Юнус Бурҳонов бо тахаллуси Кӯри Сайидюнуси Истаравшанӣ аст, ки дар пойгоҳи иттиллотиву хабарие, ки аз ҷониби аҷнабиҳо сармоягузорӣ мешавад, дар 24-соати шабонарўзӣ ба дурўғпароканиву мағзшуии ҷавонон дар роҳи савқ додани онҳо ба самти ифротгароиву хурофазадагӣ машғул аст.

Подробнее

Дар сомонаи ифротии яке аз фаъолони наҳзати М. Садриддин матлаби нави муассисаш таҳти унвони «Ба ҳоли ин "Оилаи Кабир"раҳм кунед!» интишор ёфт. Ин навбат ҳам М. Садриддин забони таҳқиру тавҳинро рўйи шахсияти Сарвари давлат тамаркуз дода, ҳай музахраф навиштааст. Он чи ки М. Садриддин зери сарлавҳаи «Оилаи Кабир» ироа доштааст, аз ҳолати ноҷури равонии ў дарак медиҳад. Нишони тавҳину иттиҳом қарор гирифтани хонаводаи Робар ҳадафи ниҳоӣ ва ба истилоҳ, стратегии М. Садриддин аст ва дар матолибаш ҳамеша аз ин стратегия, ки бар асоси тавҳину иғво созмон ёфтааст, корбаст мекунад.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд