mt3.org

Ифротгароӣ, палидӣ ва нобакории наҳзатиҳо то ба ҷойе расидааст, ки ҳатто аз бадбахтиҳо ва маргу мурдаи инсонҳо ҳам ба манфиати худ истифода мекунанд. Масалан, имрӯз роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ тамоми неруи аҳримании худро ба кор андохта, дар атрофи ошуби дар зиндони Хуҷанд ба амал омада афсонабофӣ мекунанду ба Ҳукумати кишвар туҳмат мезананд.

Подробнее

Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, бо ҳукми додгоҳ ба зиндон кашидашудаанд, доду бедодро роҳандозӣ намуда, вобаста аз тавсияҳое, ки СММ дар бобати парвандаҳои мазкур пешниҳод намудааст, онҳоро ба ҳайси амри ногузир аз мақомот талаб доранд. Тайи се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо тамоми тавони хеш кўшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҳукми ҷазои барои аъмоли зиддимиллӣ ва зидиинсонии содирнамуда гирифтаашон озод кунанд.  

Подробнее

Созмони номафҳуми КШНГЗТ, ки шартан онро АБВГДейка меномем, хилофи имлои забони тоҷикӣ иншо шудааст ва касе намедонад ин чӣ мафҳум аст, хостори таъсиси комиссия барои таҳқиқи куштори маҳбусон дар зиндон шуд. Ин хабарро сомонаи оппозитсияи фирорӣ, ифротӣ ва зиддимиллӣ payom.net нашр кардааст.

Подробнее

Расонаҳои иттилоотӣ ба муқобили давлату миллати тоҷик фаъолияти тахрибкорона ва иғвогаронаро пеш гирифта, маҳз ин амали нангин зери роҳбарии аҷнабиён ва худи тоҷиконе ки дар хориҷ аз кишвар кору иқомат доранд, сурат мегирад. Сомонаҳои ба ном тоҷикии дар хориҷ фаъолияткунанда ба таҳрифи ҳаводиси кишвар даст мезананд. Воқеаҳои дохили Тоҷикистонро вобаста ба хоҳишу дархости роҳбарияти марказии воситаҳои иттиллотӣ, ки дар хориҷ маблағгузорӣ карда мешавад, шарҳу тасвир мекунанд ва дар он маводи зидду нақиз интишор меёбад.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар