mt3.org

 

Санаи 21.02.2023 сол дар  қасри  фарҳанги ноҳияи  Зафаробод бахшида ба 30-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси ноҳияи  Зафаробод  муҳтарам  Ашӯрзода Раҷаб Рӯзи намояндаи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Аминҷон Абдуллозода, роҳбарони  корхонаву  ташкилотҳо, афсарону сарбозони шуҷоъ,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён ва собиқадорони меҳнат ширкат варзиданд.

Пас аз ба толор ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст намояндаи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Аминҷон Абдуллозода аз  номи   раиси  вилояти Суғд  муҳтарам  Раҷаббой  Аҳмадзода афсарон, сарбозони шуҷоъ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳро бо 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон дар иҷрои ин вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзӯ намуд.

Сипас  раиси  ноҳияи  Зафаробод муҳтарам Ашӯрзода  Раҷаб Рӯзи ҳамаи  низомиён, афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, собиқадорон, ҷанговарони байналмилал, иштирокчиёни  сохти  конститутсионӣ ва кулли  мардуми  ноҳияро аз  номи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан  хеш  самимона  табрику  муборакбод намуда таъкид намуд.

Ватандорӣ як  рукни ҳастии  миллат  ва неъмати  бузургу  бебаҳо аст. Волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ расидан  ба қадри  Ватан, миллат ва  давлати соҳибистиқлол, баҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи  марзу  буми он аст.

Сипас, фаъолон, сарбозону афсарони шуҷоъи Ватан бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод қадршиносӣ карда шуданд.

Пас аз қадршиносии фаъолон қисми фарҳангии ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардида, аз ҷониби аҳли санъати бахши фарҳанг барномаи рангини идона ва саршор аз ватандӯстиву хештаншиносӣ пешкаши ҳозирин  гардонида шуд..

 

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд