02 Июнь 2023
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД
Санаи 01.06.2023 дар қасри фарҳанги Зафар бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Малоҳат Абдусаттор баргузор гардид. Ҳозиринро ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раиси ноҳия мӯҳтарам Ашӯрзода Раҷаб Рӯзи самимона табрику муборакбод намуда ба кӯдакони даврони соҳибистиқлол дунёи рангину хушиқбол орзӯ намуданд.
Зимнни суханрони қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Муовини раиси ноҳия ба хурдсолон саломатӣ орзу намуда, ба мураббияҳои ширхоргоҳ ва кӯдакони болаёқат туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафарободро тақдим намуданд.
Ҳамзамон ба тамоми кӯдакони аҳли толор яхмосҳои идона ҳадя карда шуд.
Аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангоранги идонаю кӯдакона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.