mt3.org

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми семоҳаи аввали соли 2023 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

1. Маълумот оид ба рафти амалишавии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ

“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2021-2025” бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 декабри соли 2020, таҳти №47 тасдиқ гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки ба барнома 70 лоиҳа ворид гардидааст, ки маблағи умумии он 200,2 млн. сомониро ташкил менамояд.

Дар соли 2021 ва соли 2022 аз миқдори умумии лоиҳаҳо 16 лоиҳа ба маблаѓи 71375 њазор сомонӣ пурра иҷро гардидаанд, ки 35,7 фоизи маблағи умумии Барномаро ташкил медиҳад. Инчунин, амалигардонии 20 лоиҳа ба маблағи 23 млн 160 њазор сомонӣ оғоз гардидааст.

Дар маҷмуъ “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои  2021-2025” ба ҳолати 01 январи соли 2023 ба 47,2 фоиз иҷро гардидааст.

Дар самти амалӣ намудани лоиҳаҳо барои дарёфти маблағҳо аз ҳисоби институтҳои молиявии байналхалќӣ ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ  корҳо идома дорад.

2. Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет

Давоми семоҳаи аввали соли 2023 қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 101,8 фоиз таъмин гардида, аз нақша 227 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ бошад, 9 млн 642 ҳазор сомонии пешбинӣ гардида, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 10 млн 118,7 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки 104,9 фоизи дурнаморо ташкил намуд. Буҷети маҳаллӣ бошад ба андозаи 113 фоиз иҷро карда шудааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 13 млн 239,6 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, ба 91,2 фоиз баробар мебошад.

Дар ин давра аз 7 намуди андозҳо 2 намуди он - андоз даромад (98,2 фоиз) ва андози иҷтимои (90,7 фоиз) иҷро нагардид, ки дар натиҷа 534,7 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Ба њолати 1 марти соли 2023 баќияпулињои корхонаю ташкилотњо аз њисоби андозњо 6 млн 2,8 њазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбати аввали сол ба маблаѓи 24 њазор сомонӣ ва ё 0,4 фоиз кам гардидааст.

Аз ин баќияпулињои андози иҷтимоӣ 3 млн 103,3 њазор сомонӣ буда, андозњо бошад 2 млн 899,5 њазор сомониро ташкил медињад.

Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 1194,79 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 228,7 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 123,6 фоизро ташкил менамояд.

3. Маълумот оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши  хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар сатҳи маҳал

Бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар ноҳия маҳз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ рушд намуда истодаааст, ки имрӯз дар ноҳия 6088 нафар собҳибкорони хурду миёна аз ҷумла 288 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 5782 адад шахсони воқеӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин 284 адад тибқи шаҳодатнома дар соҳаи истеҳсолот, савдо ва хизматрасонӣ, 496 адад бо патент, 438 адад бо шаҳодатномаи махсус ва 4546 адад бо шаҳодатнома дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62 адад ва ё 1 фоиз афзудааст. Соҳибкории занон бошад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 259 адад ва ё 21 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ноҳия ба маблағи 44 млн 942 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 млн 259 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Маблағи пасандозҳои аҳолӣ дар муассисаҳои бонкӣ 23 млн 102,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбати соли гузашта 5 млн 169 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба маблағи 33 млн 284 ҳазор сомонӣ аз тарафи шаҳрвандони ноҳия, ки дар хориҷ аз кишвар кору фаъолият мекунанд ва ё ба соҳибкорӣ машғуланд тавассути бонкҳо интиқол дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 3 млн 829,8 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 113 фоизро ташкил медиҳад.

4. Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат

Соҳаи саноатии ноҳия асосан аз коркарди пахта ва маҳсулоти он вобаста буда, маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии ноҳия тибқи талаботи бозор буда, мунтазам дар бозорҳо харидори худро доранд.

Дар ин давра аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 203 млн 622,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 132 млн 138,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиши истеҳсолот 2,8 маротибаро ташкил дод.

Дар ин давра истеҳсоли нахи пахта 4061,7 тонна ва пунбадона 5499,4 тонна расонида шуд, ки ин нисбатан 1995,6 тонна ва 2441 тонна зиёд мебошад. Ҳамчунин дар корхонаҳои равғанбарории ноҳия 252 тонна равған истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 130,8 тонна афзудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 169,5 тонна гӯшти парранда, 19 тонна панири равғанӣ ва ҳолландӣ 31,5 тонна қаннодӣ истеҳсол гардид, ки ин нисбатан гӯшти парранда 35,7 тонна кам ва панир 12,1 тонна зиёд гардидааст.

Тибқи нақшаи бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар соли 2023-ум 4 корхонаи нав бо таъсиси 38 ҷои корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Давоми 3 моҳи соли равон 1 коргоҳи дузандагӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 25 фоизи нақшаро дарбар мегирад. Қайд кардан зарур аст, ки корхонои навтаъсис ба истеҳсоли либоси мактабӣ ва дузандагӣ машғул буда, барои иваз намудани маҳсулотҳои воридотӣ мусоидат менамояд.

Алҳол дар ноҳия 27 адад корхонаҳои саноатии хурду калон ва сехҳои истеҳсолӣ аз тарафи соҳибкорони ноҳия ташкил карда шуда, дар соҳаҳои коркарди пахта, истеҳсоли равған, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти ширӣ, паррандапарварӣ ва қаннодӣ кору фаъолият намуда, бобати ташкили корхонаҳои саноатии истеҳсоли афшураҳои меваю сабзавот, хушкнамудани пиёз, коркарди пусту пашм имкониятҳои фаровондошта, ҷиҳати ташкили чунин корхонаҳо корбарӣ рафта истодааст.

Доир ба рушди саноати хӯрокворӣ дар ноҳия 2 корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ бо иқтидори истеҳсоли 6000 тонна гӯшти парранда ва 5 адад корхонаи истеҳсоли равған  ва дигар коргоҳҳои хурди саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.

Дар ҳудуди ноҳия бо мақсади иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2023, №36 ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ бо ҷалби соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда шуда, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истода аст.

Дар ҳудуди ноҳия 27 корхонаи саноатӣ аз ҷумла: 1 адад фабрикаи насоҷӣ, 15 адад корхонаи коркарди пахта, 5 адад корхонаи истеҳсоли равған, 1 адад корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, 1 адад корхонаи коркарди шир, 2 адад корхонаи истеҳсоли гӯшти парранда ва 1 адад истеҳсоли панир, 1 адад қаннодӣ мавҷуд мебошад. Лекин корхонаҳои саноатӣ, ки асосан коркарди онҳо аз маҳсулоти пахта вобастагӣ дорад, ҳамагӣ 30 фоизи иқтидор истифода бурда мешаваду халос.

Дар ин давра 77,3 ҳазор дона хишти сементӣ ва 85 метри мураббаъ дару тирезаҳои пластикӣ истеҳсол гардидааст.

5. Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ:

Дар давраи њисоботӣ ба маблаѓи 13 млн 198,7 њазор сомонӣ сармояи асосӣ аз њама манбаъњои сармоягузорӣ ба соњаи сохтмон ҷалб карда шудааст, ки нисбати њамин давраи соли гузашта ба 8 млн 488,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Корњои сохтмону васлкунї ба маблаѓи 12 млн 440,4 ҳазор сомонї иҷро шуданд, ки нисбат ба њамин давраи соли 2022-ум 7 млн 755,3 ҳазор сомонї зиёд мебошад.

Њамзамон ба маблаѓи 1 млн 689 ҳазор сомонї фондњои асосї ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли 2022 дар маҷмуъ 3 млн 925,9 ҳазор сомонї кам мебошад.

6. Маълумот дар самти рушди барқ

Давоми семоҳи якуми соли 2023 мувофиқи ноҳия ба миқдори 19 млн 943 ҳазор киловат соат ба маблағи 5 млн 978,3 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ дода шуда, пардохти он 114 млн 581 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин ба 1916,6 фоиз баробар мебошад. Бе обёрии мошинӣ ба миқдори 7 млн 242 ҳазор киловат соат нерӯи барқ ба маблағи 2 млн 547 ҳазор сомонӣ дода шуда, пардохти он 111 млн 538,1 ҳазор сомонӣ ё 4379,2 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи 3 млн 431,3 ҳазор сомонӣ қувваи барқ дода шуда, пардохти он 3 млн 42,8 ҳазор сомонӣ ё 88,7 фоизи барқи истифодашударо дар бар мегирад.

Ба санаи 1 январи соли 2023 қарзнокии муштариён ва корхонаву ташкилотҳо бе обёрии мошинӣ аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ 118 млн 565,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

7. Маълумот оид ба рушди инфрасохтор ва нақлиёт

Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 398 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он 7 км роҳҳои аҳамияти байналмиллали дошта, 34,2 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, 164,2 км аҳамиятим аҳалли дошта, 27,4 км роҳҳои манзилию рифоҳӣ, 165,2 км роҳҳои байни хоҷагӣ ташкил медиҳад.

Дар ин давра 14 км аз ҷумла 4,2 км таъмири асосӣ, 8 км таъмири ҷорӣ ва 1,8 км шағалпӯш аз ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 5 млн 64,1 ҳазор сомонӣ аз ҷумла 24,1 ҳазор сомонӣ буҷети ҷумҳурӣ, 5 млн 30 ҳазор сомонӣ буҷети вилоятӣ ва 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ корҳо ба  сомон расид.

Муассисаҳои нақлиётии ноҳия дар ин давра ба миқдори 63,8 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 13,7 ҳазор тонна зиёд ва суръати афзоиши он 127,3 фоиз мебошад. Инчунин дар ин давра 138 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16,7 ҳазор нафар зиёд ва ё 113,8 баробар мебошад.

8. Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Дар ин давра 1 адад нуқтаҳои телефонӣ гузаронида шуда, 8 адад барқарор карда шуд. Миқдори ИТХ 1 адад, ғунҷоиши насбшуда 1680, ғунҷоиши истифода 1299 адад, ғунҷоиши озод 381 адад, шумораи муштариён 1291 ададро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 1,0 км таъмири хатҳои алоқа ва таъмири ноқилӣ 0,7 км гузаронида шуд. Инчунин дар ин муддат 0,7 км таъмири симҳо, 0,3 км ивази симҳо, 7 адад мустаҳкамкунии симчубҳо, 6 адад ивази симчубҳо, 3 адад таъмири ҷевони тақсимотӣ ва 1,2 км хатти қубурҳои телефонӣ аз таъмир бароварда шуд.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкилоту муассисаҳо истифодаи технологияи иттилоотии комуникатсионӣ ба таври дахлдор ба роҳ монда шудааст.

9. Маълумот оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои  хоҷагидорӣ дар ин давра ба 31 млн 886 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 млн 637 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 117 фоизро ташкил дод.

Дар ҳудуди ноҳия 5 нафар соҳибкорон ба паррандапарварӣ машғул буда, самти фаъолияти 3 адади он ба истеҳсоли тухм ва 2 ададаш истеҳсоли гӯшт мебошад.

Баҳри дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулотҳои тару тоза дар ҳудуди ноҳия ду адад сардхона ва панҷ адад гармхонаҳо мавҷуд буда, фаъолият карда истодаанд.

Дар давоми семоҳаи якуми соли равон аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия ба миқдори 462,9 тонна орд ва 252 тонна равғани растанӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида истеҳсоли равған 130,8 тонна зиёд гардида, истеҳсоли орд баробар мебошад.

Дар давраи ҳисоботи баҳри самаранок истифодабарии заминҳои кишоварзӣ, чораҳои зарурӣ андешида шуда, мувофиқи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ҳамагӣ дар майдони 3734 га кишти зироатҳо гузаронида шудааст, ки аз он 1073 га ғаллагиҳо, 807 га зироатҳои техникӣ, аз он 115 га пахта, 87 га картошка, 200 га сабзавот, 60 га полезиҳо, 1497 га зироатҳои хуроки чорво кишт карда шуда, дар майдони 7 га боғи интенсивӣ бунёд гардида, кишти зироатҳо бо маром идома дорад.

Дар натиҷаи гузаронидани таҳлилҳо муайян гардид, ки нишондиҳандаҳои мазкур нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда ҳамагӣ 22 га зиёд мебошад.

Соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои асосӣ дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 35252 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 21660 сар модагов, 72565 сар моли майда, 102325 сар парранда, 1730 оилаи занбури асал ва 181 сар асп парвариш карда шуда истодааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда саршумори моли калони шохдор 406 сар, моли майда 768 сар, парранда 1412 сар, занбури асал 3 оила зиёд гардидааст.

Истеҳсоли маҳсулотҳои чорво низ сол аз сол рушд ёфта, дар ин давра 557,4 тонна гушт, аз он ҷумла 256,5 тонна гушти парранда, 2840,1 тонна шир ва 348 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда истеҳсоли гӯшт 24,4 тонна, шир 129,7 тонна ва тухм 40,5 ҳазор дона зиёд гардидааст.

Дар ҳудуди ноҳия 2 адад фермаи хурди парвариши моли калони шохдори хушзоти фаъолияташ истеҳсоли гушт ва шир ва 1 адад фермаи парвариши моли майдаи шохдор (буз) фаъолият намуда, фермаҳои мазкур дорои чорвои хушзот ва сермаҳсул мебошанд, ки маҳсулотҳои ширии фермаҳои мазкур ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бо нархҳои дастрас ба фуруш бароварда шуда истодааст. Қайд кардан лозим аст, ки соли ҷори дар ҳудуди ноҳия соҳаи моҳипарвари ба роҳ монда шуда ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли гушти моҳи чораҳои зарури андешида шуда истодааст.

Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ҳамасола чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Соли ҷорӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии майдони 213 га заминҳо ба нақша гирифта шуда, дар ин давра ҳолати мелиоративии 92 га заминҳо беҳтар карда шуда, ҷиҳати пешгирии шуршавии заминҳо корҳо идома дорад.

Дар ин давра бо мақсади барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, пойгоҳҳои обкашӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд 1 млн сомонӣ ва буҷети ноҳия 300 ҳазор сомонӣ равона шуда, маводҳои зарурӣ харидорӣ карда шуданд.

10. Маълумот оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 71 нафар сайёҳон ташриф оварданд, ки аз ин 9 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Оид ба таъсиси Марказҳои иттилоотии сайёҳӣ ва ширкати сайёҳӣ дар якҷоягӣ бахши рушди сайёҳии шаҳри Истаравшан корҳо идома дошта, дар рӯзҳои наздик намояндагии ширкати сайёҳӣ дар ноҳия ташкил мегардад.

Ҳамчунин ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ соли 2018 осорхонаи ноҳиявӣ ташкил карда шуд. Дар ин давра ба осорхона 120 нафар сайёҳ ба қайд гирифта шуда, аз ин 30 нафар хориҷӣ мебошанд.

Бо мақсади бунёд ва мавриди истифода қарор додани иншооти инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар маркази ноҳия як меҳмонхонаи замонавии бо номи «Ситора» барои қабули 18 нафар меҳмонон дар як вақт фаъолият дорад. Ҳамчунин сохтмони боз як меҳмонхона дар маркази ноҳия идома дорад.

Дар давраи ҳисобот ба меҳмонхона 71 нафар меҳмонон ба қайд гирифта шудаанд, ки хизматрасонии ин соҳа 23 ҳазор сомониро ташкилдод.

11. Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаъсул

Дар ин давра бо мақсади мусоидати шарҳрвандони бекор 214 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ, 20 нафар бекоронро ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 45 нафар шаҳрвандон ба касбомузӣ ҷалб карда шуда, 13 нафар тариқи квота ба корхонаву ташкилотҳои ноҳия ба кор ҷалб карда шуданд.

Дар ноҳия бобати иҷрои қарори мазкур шаҳрвандоне, ки касбу ҳунар надорад ба касбу ҳунаромузӣ ҷалб карда бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ аз ҳисоби эҳёи касбҳои мардумӣ аз ҷумла калонсолон дар ин давра ҳунарҳоӣ мардумии дастӣ аз қабили сӯзанидузӣ, бофандагӣ, атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, чаканадузӣ, духтани либосхои миллӣ ва пухтани таомҳои миллӣ бо ҷалби занону духтарони хонашин ба роҳ монда шуда, корҳодар ин самт идома доранд.

Дар ин давра дар ноҳия 55 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

Дар ин давра 231 нафар шаҳрвандон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 73 нафарошон расман бекор эътироф карда шуданд.

12. Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (маориф)

Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои маориф ва илм  тадриҷан рушду такомул меёбанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ҷиҳати рушди бонизоми соҳаи маориф китобхонаҳои замонавӣ бо китобҳои тозанашр ва китобҳои электронӣ таъмин карда шудаанд. Барои ҷалби кудакони синни томактабӣ дар ноҳия 41 гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 801 кӯдак ташкил карда шудаанд. Дар ноҳия Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо амал мекунанд. Ҳамаи марказҳои мазкур бо бинои алоҳида таъмин мебошанд.

Дар ин давра барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот китобу маводи таълимӣ таълиф гардид. Таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабию марказҳои дарёфти рушди истеъдодҳо, инноватсионию технологӣ, илмӣ, озмоишгоҳҳо, нуқтаҳои маълумотдиҳӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба шакли нави идоракунӣ, таҳким бахшидани низоми такмили ихтисос ва кабинети методӣ ба баланд гардидани сатҳу сифати таҳсилот мусоидат карда истодааст. Инчунин,  иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ вусъат ёфта истодааст, назаррас  мебошад.

Айни ҳол дар ноҳия 1051 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд, ки аз ин шумора 869 нафар бо маълумоти олӣ, 167 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 15 нафар бо маълумоти олии нопурра мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯи нақшаи таълимӣ фанҳои забонҳои хориҷӣ аз ҷумла русӣ ва англисӣ таълим дода мешаванд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия шумораи омӯзгорони фанни забони русӣ 64 нафар ва омӯзгорони фанни забони англисӣ 66 нафар буда, дорои маълумоти олии касбӣ мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 552 адад компютер, 22 адад тахтаи электронӣ, 22 адад  проектор ва 57 адад принтер мавҷуд мебошад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 11 адад лабараторияҳо ва 78 адад синф-кабинетҳои муҷаҳҳаз амал мекунанд.

13. Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ)

Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 39 адад марказҳои тиббию табобатии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият бурда, дар онҳо 76 нафар табибон ва 371 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Дар айни замон аз ҳисоби 1,0 воҳиди корӣ боз 76 нафар табибон намерасанд.

Ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва техналогияҳои инноватсионӣ, барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашудаи тиббӣ, беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ барои аҳолии ноҳия аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили Беморхонаи марказии ноҳияи дастгоҳи замонавии  Рентгени рақамӣ дастрас карда шуд.

Соли ҷорӣ таъмири 4 марказҳои саломатии ноҳия аз ҳисоби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ба нақша гирифта шудааст. Бо дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхонаи марказӣ ба воситаи ҶДММ “Ормон бо таҷҳизоти истеҳсоли Оксиген таъмин карда шуд.

Дар ин давра бахшида ба идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ ба 445 нафар ҷамъ ба маблағи 65328 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ба собиқадорони меҳнат, нафақахӯрон, оилаҳои бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, ятимону маъюбон ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Ичунин ба дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди ноҳия ба маблағи 17800 сомонӣ дастурхони идона ороста, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ба роҳмонда шуд.

Ба санаи 1 апрели соли 2023 дар ноҳия шумораи маъюбони дар қайд буда 1041 нафар, аз он ҷумла мардон 433 нафар ва 381 нафарошон занон мебошанд. Кӯдакони маъюби то синни 18 сола 227 нафар аз он ҷумла писарон 135 нафар ва духтарон 92 нафарро ташкил медиҳанд, ки 12 нафарашон аз тарафи 16 нафар омӯзгорон ба таҳсили хонагӣ фарогирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 2 нафар маъюбон барои дастрас намудани аробачаи маъюбӣ муроҷиат намудаанд, ки ба 1 нафар аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 6115 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 4616 нафар аз рӯи нафақаи меҳнатӣ мебошад.

Талаботи нафақа дар моҳҳои январ-марти соли 2023-ум 5 млн 400,6 сомониро ташкил дод, ки он пурра пардохт гардидааст.

Ҷараёни пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоию унвонӣ ба санаи 01 апрели соли 2023-ум 3 ҳазору 289 адад ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардидааст. Дар ин давра барои пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ 319 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Маблағи умумӣ бо назардошти бақия 662 ҳазору 180 сомонӣ буда, аз ҳисоби маблағҳои воридгардида дар ин давра 404,1 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуда, маблағи бозпас гардонида шуда мавҷуд намебошад. Ба санаи 1 апрели соли 2023 бақияи маблағ 255,1 ҳазор сомониро ташкил дода, тақсимоти маблағ идома дорад

14. Маълумот оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ

Бо мақсади амалигардонии «Барнома давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» дар ноҳия шумораи вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия зиёд гардида, аз 3 нафари соли 2015 ба 8 нафар расидааст. Инчунин 19 нафар занон ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кору фаъолият намуда истодаанд. Дар ноҳия 18 нафар хизматчиёни маъмурии давлатиро занон ташкил намуда, 5 нафар дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кору фаъолият менамоянд. Аз ин 1 нафар ба ҳайси муовини раиси ноҳия ва 1 нафар ба ҳайси раиси ҷамоат аз ҳисоби занон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия назаррас буда, дар соҳаи маориф 1114 (64,3%) нафар, тандурустӣ 389 (59%) нафар, фарҳанг 52 (53,6%) нафари кормандони соҳаҳои мазкурро занон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия 1 нафар зан номзади илм, 7 нафар дорандагони медали Хизмати Шоиста, 24 нафар аълочии маориф, 2 нафар аълочии соҳаи тандурустӣ 2 нафар аълочии соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд.

15. Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 33051 нафарро ташкил медиҳад,ки аз он 17700 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз 14 то 18 сола 6150 нафар ҷавонон машғули таҳсил ҳастанд, ки аз онҳо 27 нафарашон гирандагони стипендияи Президентӣ ва 23 нафарашон гирандагони стипендиатҳои Раиси ноҳия мебошанд.

Ноҳия нақшаҳои даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи вилоят ҳамасола яке аз аввалинҳо иҷро менамояд. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои тарғиботӣ ва шиносоӣ аз рафти хизмати сарбозон дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳия мунтазам чорабиниҳои сиёсию ҳарбӣ-ватандӯстӣ байни наврасону ҷавонон ташкил ва гузаронида мешавад

Бояд, кайд намуд, имрузҳо аз тарафи соҳибкорорн бунёди иншоотҳои варзиши хеле назарар буда, корҳои созандаигву бунёдкорӣ дар ин самт идома дорад. Дар соли 2023 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 толор ва 1 майдончаҳои варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ба истифода супорида шуд.

16. Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 26 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 6 хонаи фарҳанг, 3 муассисаҳои клубӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагонаи ноҳиявӣ, 12 китобхона-филиалҳо, 1 мактаби мусиқии бачагона, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ инчунин 1 осорхонаи таърихӣ ва 2 ансамбл ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Айни ҳол таъмири  хонаи фарҳанги деҳаи Бахт ба маблағи 1,5 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ оғоз гардида, клуби деҳаи Хайробод аз ҳисоби соҳибкор таъмир ва азнавсозӣ карда шуда, ба талаботи замон мутобиқ гардонида мешавад.

Барои бо мутахассисони соҳа таъмин намудани муассисаҳои фарҳанги зиёда аз 25 нафар донишҷуён дар Коллеҷу донишгоҳҳои санъат таҳсил намуда истодаанд. Барои бо асбобҳои мусиқи таъмин намудани муасисаҳои фарҳангӣ бо маблағи 120000  сомонӣ асбобҳои тақвияти овоз (баландгуяк), 2500 сомонӣ фортопиано ва 8000 сентизатор (ямаха) харидори карда шуд.

17. Маълумот оид ба таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ

Дар ноҳия тариқи лоиҳаи барқарор намудани системаҳои оби нушокии ноҳия, ки аз тарафи Бонки Аврупо моҳи декабри соли 2012-ум ба маблағи 3 миллиону 450 ҳазор доллари ИМА таҳия ва тасдиқ карда шудааст, марҳилаи якуми сохтмони он ба маблағи 1 миллиону 650 ҳазор доллари ИМА аз моҳи августи соли 2017 аз шаҳраки Зафаробод оғоз гардид ва корҳо дар ин самт идома дорад, ки то имрӯз зиёда аз 48,6 км қубурҳои нави магистралӣ хатти оби нушокӣ, 221 адад колодесҳо, 48 адад задвиҷкаҳо, 76 адад мурбатҳо (винтелҳо) гузаронида шуда барои интиқоли оби нӯшокӣ омода карда шуд. Аз моҳи  октябри соли 2019 сохтмони марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур оғоз гардид, ки сохтмони 1 адад ҳавзи оби тоза, 1 адад чоҳи амудии 140 метра дар РЧВ «Бахт»-и шаҳраки Зафаробод ва 1 адад чоҳи амудӣ, барқарор  сохтани ҳудуди иншоот, 1 адад ташхисгоҳ дар шаҳраки Зафаробод, 1 адад чоҳи амудии 80 метра, 1 адад ташхисгоҳ, барқарор сохтани ҳудуди иншоот дар шаҳраки Меҳнатобод, ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин самт корҳо ба охир расонида шудааст. Ҷойҳои асфалтҳои кандашуда ба миқдори 10700 м2 аз нав асфалтпӯш карда шуд.

Дар ин муддат барои дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, ба миқдори 1000 метр қубури полиэтиленӣ ҷудо кард, ки аз он зиёда 85 оилаҳои хонаҳои навбунёди ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Дар ин давра бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ як адад чоҳи амудӣ кофта шуда, 487 хоҷагӣ, бо 1776 шаҳрвандон бо оби тозаи нушокӣ таъмин гардиданд.

18. Маълумот оид ба таъмини устувори экологӣ ва рушди устувор

Дар ҳудуди ноҳия 889 гектар хатҳои муҳофизаи киштзор мавҷуд буда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, коперативҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста карда шудааст.

Дар ин давра аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооператиҳои кишоварзӣ 14,8 гектар хатҳои муҳофизавии киштзор таъмир ва барқарор карда шуд.

Дар асоси нақша шинонидани 21800 бех ниҳолҳо дар назар буда,  ҳамешасабз 2900 бех, сояафкан ва паҳанбарг 7500 бех, мевадиҳанда 11400 бех шинонида шуда, инчунин дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 18600 бех гулҳои ороиши шинонида шудааст.

Дар ҳудуди ноҳия дар моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ 4 маротиба  аксияҳои «Тозагии соҳил, Тозагии маҳал ва Тозагии роҳ» гузаронида шуд.

Дар ҳудуди ноҳия ҳамчун минтақаи хафнок 2 селроҳа ба қайд гирифта шуда, барои гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани селроҳаҳо аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои кишоварзӣ хатҳои муҳофизавии киштзор таъмир ва барқарор карда шуд.

19. Маълумот оид ба рушди соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ

Давоми семоҳаи аввали соли 2023 ҳаҷми савдои чакана бо нархҳои ҷорӣ 81 млн 282,6 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2022-ум ба 105,2 фоиз баробар шуд.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ бо нархҳои муқоисавӣ 9 млн  897,8 ҳазор сомонӣ ва ё 110,6 фоизро ташкил дод.

20. Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ

Давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия 55 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 25 адад зиёд буда, ошкоршавии ҷиноятҳои содир шуда 92,31 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №464 аз 12 апрели соли 1996 “Дар бораи пурзур намудани мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи муходар” корҳои профлактикӣ пурзур карда шуда, аз тарафи кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ягон адад ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта як адад кам  мебошад.

Оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2 аз 2 декабри соли 1994 “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз аҳолӣ 1 адад яроқи суфтамили шикорӣ дарёфт ва мусодира карда шуд, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 1 адад кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 16 нафар ҷавонон 13 адад ҷиноят содир кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10 нафар ҷавонон ва 7 адад ҷиноят зиёд мебошад.

21. Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”

Дар ин давра 1807 адад аризаю шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардид, ки аз он ҷумла аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 адад мебошад. Аз аризаву шикоятҳои ворид гардида 1716 адад дар муҳлатҳои аз тарафи қонун муқаррар карда шуда баррасӣ гардида, 91 адад муроҷиатҳое, ки муҳлати баррасиашон мавҷуд мебошад, таҳти баррасӣ қарор доранд.

Аз рӯи моҳияту муҳтаво аризаю шикоятҳо ба масъалаҳои зерин марбутанд: оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 1378 адад, ташкили хоҷагии деҳқонӣ 73 адад, сафари ҳаҷ 8 адад, расонидани кӯмаки моддӣ ва молиявӣ 52 адад, ҷудо намудани замин барои бунёди иншоотҳо 38 адад, бақайдгирӣ ва ба расмият даровардани хонаҳои истиқоматӣ 10 адад, ҳусусигардонӣ 10 адад, вобаста намудани қитъаи замини хонаи истиқоматӣ 95 адад, кофтани чоҳи амудӣ 4 адад ва дигар масъалаҳо 139 адад.

Аз муроҷиатҳои ворид гардида 5 адад рад карда шуда, 407 адад қонеъ шуда, 1309 адад фаҳмонда дода шуда, 1463 адад аз рӯи тобеият ирсол шуда, 91 адад таҳти баррасӣ қарар дорад.

Бояд тазаккур дод, ки 18 адад муроҷиатҳо аз ҷониби раиси ноҳия зери назорат гирифта шуда буд, ки 1,0 фоизро ташкил медиҳад ва он дар муҳлати дар қонун нишондодашуда баррасӣ гардидааст.

Дар ин давра ба раиси ноҳия, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия 76 адад муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ворид гардида, 71 адад дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар вақти қабули раиси ноҳия шаҳрвандон оид ба масъалаҳои вобаста ба баҳси замин, саҳми хоҷагиҳо, гирифтани сертификати ҳуқуқӣ истифодабарии замин, таъмини оби нӯшокӣ ва полезӣ, муаммои барқ, ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, кумаки моддӣ ва молиявӣ инчунин масъалаҳои таъминоти нафақа, варзиш, савдою тиҷорат, номгузорӣ ва ғайра ворид шуданд.

Дар истеҳсолоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 42 адад протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 адад Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 1 адад консепсияҳо, барномаҳои миллӣ ва давлатӣ оид ба масъалаҳои муҳими тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мавҷуд буда, таҳти назорат қарор доранд. Инчунин 2 адад Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ворид гардидааст.

22. Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар ин давра дар ноҳия 176 адад тӯю маъракаҳо баргузор гардид, ки дар қиёс ба соли гузашта 30 адад кам буда, ягон адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуда, нисбат ба соли гузашта 1 адад кам мебошад. Ҷашни туйи суннатӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда, маъракаҳо баргузор карда нашудааст. Базми домодию арӯсӣ (зиёфат) 129 адад буда, нисбат ба соли гузашта 23 адад кам мебошад. Маросими азодорӣ 47 адад аз он маросими чил 27 адад ва маросими сол 20 адад буда, нисбат ба соли гузашта 7 адад кам мебошад. Маросими дафну азодорӣ бе хароҷот гузаронида шудааст.

Хароҷоти умумии маъракаҳои баргузор гардида дар ин давра ба 785676 сомонӣ баробар буда, дар қиёс ба соли гузашта 16316 сомонӣ зиёд мебошад. Ба маъракаи як ҷуфт навхонадорон ба ҳисоби миёна 6090 сомонӣ хароҷот рост меояд.

23. Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”

Дар ин давра мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ 1 маротиба озмунро тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, таҳти №647 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ” гузаронида шуда, 5 нафар, аз онҳо 2 нафарашон ҷавонон ба хизмати давлатӣ қабул карда шудаанд.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои он ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз 85 нафар басти кории хизматчиёни давлатӣ 82 нафар фаъолият доранд, ки 41 нафарашон (50 фоиз) ҷавонон ва 14 нафарашонро (17 фоиз) ташкил медиҳанд.

24. Риояи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Дар асоси сметаи хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия, ки дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардида буд, тибқи муҳлатҳои муайян гардида маблағҳои зарурӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷудо шуда истодааст.

25. Таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 таҳти №311, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси ноҳияи Зафаробод аз 02  марти соли 2022 таҳти №251 ба тасвиб расид.

Доир ба сазовор ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо дар ҳаҷми 108 банд ба маблағи 60 миллиону 147 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 399 ҷойи корӣ тасдиқ карда шудааст.  Бояд қайд намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз гардида бо маром давом дорад. Дар соли 2023 аз 108 банди нақша чорабиниҳои тасдиқгардида 27 банди он ба маблағи 29 миллиону 15 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 197 ҷойи корӣ иҷро гардид, ки 25 фоизи нақшаи тасдиқгардидаро дарбар мегирад.

Натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2023 асосан аз ҳаминҳои иборатанд. Мардуми меҳнатқарини ноҳия сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва берунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, баҳри вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва бо дастовардҳои сазовор истиқбол намудани ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми имконияту захираҳоро равона менамоянд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд