05 Октябрь 2018
Инак даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат оғоз шуд. Санаи 2 октябри ба муносибати гусели гурӯҳи аввалини ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази ноҳия, яъне дар назди тарабхонаи «Баҳор» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар назди ҳозирин Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, модари сарбоз Латипова Нуринисо, даъватшаванда Атовуллоев Азизҷон ва раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия З. Рустамов суханронӣ намуда, хизмат дар сафи Артишро шарафу ифтихори ҷавонмардӣ арзёбӣ намуданд.
Раиси ноҳия даъватшавандагонро ба хизмати садоқатмандона, дӯст доштани Ватан ва содиқ будан ба халқу давлат ҳидоят намуда, барояшон хизмати бобарор хост. Инчунин чун анъана маросими «Нонгазон» аз тарафи модарон ташкил карда шуд.
Дар охир бо дуои неки ҳозирин ва дар фазои шодиву тараб наздик 66 нафар ҷавонписарони ихтиёрӣ имрӯз ба хизмати модар-Ватан гуселонида шуданд. Ба ин муносибат ҳамчунин барномаи ҷолиби консертии аҳли ҳунари бахши фарҳанги ноҳия ва дастурхони идона ороста шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Зафаробод





Мо, сокинони ноҳияи Зафаробод, баробари огаҳӣ ёфтан тавассути шабакаҳои интернетӣ дар бораи таъсис ёфтани ташкилоти наве, аз ҷониби Анҷумани озодаандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи «Паймони миллӣ» дар шаҳри Варшава иқдом намудем, расман фаъолияти чунин созмонеро, ки бо ташаббуси як гурӯҳ хоинон ва душманони миллат таъсис ёфтааст, қатъан маҳкум намоем, зеро ташкилот ва ниҳодҳое, ки то дирӯз бо кӯмак ва пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш ва бо раҳнамоии ТТЭ ҲНИ хиёнат ба миллату Ватан намуда, пайваста дар ҳаққи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бадгӯиҳо менамуданд, нафароне, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш дигарбора ба даст силоҳ гирифтаву хостори ноором кардани фазои осудаи Тоҷикистони азизи мо гаштаанд, бо кадом ҳуқуқ имрӯз номи миллат ва Тоҷикистонро ба чунин як ташкилоти душманони миллат ҳамроҳ намудаву номи кишвару миллатро доғдор месозанд.



