mt3.org

 

ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

ДАР ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР

Ҳамасола 10 декабр дар рӯйи олам ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон ин ба ҷомеа ва ба ҳар як фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид ва аз қабули он санади муҳим то имрӯз 76 сол сипарӣ мешавад.

Инсоният ҳамеша дар ҳар давру замон ҳаракат менамояд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои худро ҳимоя кунад ва дар баробари он барои эътирофи ҳуқуқҳои худ кӯшиш менамояд. Яке аз авалин эъломияҳои ҳуқуқи башар, Эъломияи Куруши Кабир (590-530 т.м.) ба ҳисоб меравад, ки ӯ барои баробарии инсонҳо ва барҳам додани ғуломӣ ва озодии ҳар як инсон баромад карда буд. Мафҳуми «ҳуқуқи инсон» ба маънои муосири худ аз замони Ренессанси Аврупо (Эҳёи Аврупо) замони тадриҷан аз байн рафтани авторитаризми феодалӣ ва консерватизми динӣ, ки дар тамоми асрҳои миёна ҳукмфармо буд, сарчашма мегирад. Дар ин давра донишмандони аврупоӣ кӯшиш карданд, ки як навъ варианти дунявии ахлоқи диниро ташаккул диҳанд. Маҳз ақидаҳои дунявият дар давлатдорӣ аз ҳамин давра оғоз мегардад. Дар асри XIX бошад, баъд аз Инқилоби Фаронса дар соли 1848 маҷмӯи ҳуқуқҳо расмӣ мегардиданд, ба монанди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, моликият, интихобот, баробарҳуқуқӣ ва ғайра. Дар садсолаи ХХ бо барқарор гардидани ҷомеаи сотсиалистӣ ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ: ҳуқуқи дохил шудан ба иттифоқҳои касаба, кор, истироҳат, ёрии иҷтимоӣ ва ғайра илова карда шуданд. Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон бошад, солҳои 1941-1945, ки дар таърихи инсоният мудҳиштарин воқеа дар таърихи инсоният буд, қурбониҳои зиёдеро ба бор оварда буд ва дар навбати худ ҷаҳиши бузурге дар рушди ниҳоди ҳуқуқи башар гардид. Ин буд, ки дар таҳкими ҳуқуқи инсон ва густариши соҳаи нави ҳуқуқ - ҳуқуқи байналмилалӣ замина гузошт. Маҳз қабул гардидани «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон», ки дар Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид санаи 10 декабри соли 1948 тасдиқ гардидааст, қадами бузурге дар ин самт буд.

Эъломияи мазкур ҳуҷҷати муҳим буда, ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як инсонро, новобаста аз нажод, ранг, ҷинс, забон, дин, мавқеи сиёсӣ, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, моликият, амвол ё мақоми дигар эълон кард. Эъломия иборат аз 30 модда буда, матни он имрӯз ба зиёда аз 500 забон тарҷума гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо қабули Конститутсия, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ҷумла боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид иброз намуда буданд, ки «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати аввалиндараҷа диҳем».

Аз ин лиҳоз, бо дарки таъкидоти нуктаҳои волои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон баён намуд, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз масъалаҳои меҳварӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти маҳбубамон мебошад.

Самандаров ФАРИДУН, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносонии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 

 

 

Номаи табрикотии Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо самимият ва эҳтироми беандоза мардуми шарафманди ноҳияи Зафарободро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи башарият ливо, парчам, дирафш аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз пеш аз замони Сосониён, баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда, ба муқобили душманон хест, ба расмият ворид шуд. Дар ин бора дар асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист аз муборизаи Кова ба муқобили Заҳҳоки хунхор ҳикоя карда мешавад. Аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ байни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифтааст. Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри ҳамешасабзу ҷавон – Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он барои ҳар як сокини кишвар қарзу фарз аст.

Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо мебошад».

Боиси шарафмандии мо аст, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ  мекунад  ва  ин  барҳақ мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад. Бa хотири гиромидошти Парчами миллӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии насли навраси ҷавонон дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо ибтикор ва ташаббуси Президенти кишвар дар баландтарин поя насб шудани Парчами давлатии Тоҷикистон, ҳисси меҳанпарварӣ, худогоҳию хештаншиносии ҳар фарди ватандорро зиёда мекунад.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати мардуми кишвар ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демокративу  ҳуқуқбунёду  дунявист.

Ба шарофати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳаматарафаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мардуми меҳнатқарину ватандӯсти ноҳияи Зафаробод имрӯз бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва фазои орому осуда зери Парчами Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон бо меҳнати дастҷамъонаву самараовари  худ  ба  шукуфоии кишвар   ва   фардои   дурахшони  Ватани азизамон саҳмгузор          ҳастанд. Ин таҷассуми дастгирии сиёсати ояндасози давлату ҳукумат ва ғояҳои дурандешонаи Роҳбари давлат аз ҷониби кулли сокинони ноҳия мебошад.

Бори дигар Шумо, ҳамдиёрони азизро бо таҷлили Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод гуфта, бароятон тандурустиву хонаободӣ, осудагиву рӯзгори фаровон ва дар кори ободиву созандагии Ватани азизамон пешравию пирӯзиҳо орзумандам.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

 

 

ТАЪРИХИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷае, ки дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуқи ҷой гирифта кашида шудааст; рахи боло ранги сурх дошта,паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шудааст ва дар болои он ҳафт ситора тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии парчам 1:2 аст. Рангҳои милии тоҷикон чун дигар мардуми ориённажод ва эронитабор сурху сафеду сабз аз давраи қадим то кунун замон расидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт: Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, Ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчам таърихи куҳан дорад. Аз ҳамон замоне, ки таърихи тоҷикон сар шуда буд, дар он парчам ҳам ёдрас мешуд. Дар бораи истифода бурдани парчам аз тарафи аҷдодони мо дар китоби Авесто қайд карда шудаст. Аввалин парчаме,ки дар китоби Авесто қайд карда шудааст,ин Дирафши Ковиёни буд.

Дар асоси ривоятҳои қадима, ки дар Шоҳномаи Абулқосимӣ Фирдавсӣ оварда шудааст «Дирафши Ковиёнӣ» дар вақти шуриши эрониҳо бо сардории Коваи оҳангар ба муқобили Заҳок пайдо шудааст. Кова пешдомани чармини худро дар нӯги найза баста, бо ин парчам шуришгаронро ба пеши Фаридун, ки аз авлоди шоҳи Эрон буд овард.Ба Фаридун ин парчам писанд омад ва онро бо ситораи тиллоии чор шуоъдор ва сангҳои қиматбаҳо ва се ранг-сурх, сафед, нилгун ороиш дода,номи Дирафши Ковиёнӣ номгузорӣ намуд.

Дар давраи ҳукумронии «Ахоманишиниҳо» парчам шакли дигар гирифта буд. Дар ин парчам уқоби тиллоӣ дар мобайн ва аз паҳлӯҳо матоъҳои секунҷашакли сафед, сурх, сабз тасвир ёфтааст.

Сулолаи Аршакидҳо 250 ҳазор сол то солшумории мо Эронро аз ҳукумронии юнониҳо озод карда дорои парчами махсуси худ гардиданд. Парчам аз матои чоркунҷашакл иборат буда дар мобайн ситораи чоршуоъдор ва дар нӯги найза уқоби болкушода, ки дар чангҳояш кулулаҳои тилло дорад, тасвир ёфтааст. Яъне ин дирафш дар якҷоягӣ аз дирафши Ковиён ва Ахоманишинҳо гирифта буд.

Дар давраи сулолаи Сосониён, ки онҳо худро қавми ахоманишинҳо мешумориданд, парчами худро «Дирафши Ковиёнӣ интихоб карданд. Инчунин дар ин давра нишонаи давлатии сосониён моҳи нопурра ба ҳисоб мерафт ва то ҳоло ҳамчун аломатӣ дини ислом то ба давраи мо расидааст.

ПАРЧАМИ ДАВРАИ ХОНИГАРИИ БУХОРО

Парчами амири Бухоро матои росткунҷа, рангаш сафеду сабз,ки дар он бо арабӣ навишта шудааст «Султон-сояи Худо» дар тарафи дигар навишта шудааст, ки «Нест Худое чун оллоҳ ва Муҳаммад расули Худо» тасвир ёфтааст. Дар байни ин ду навиштаҷот тасвири моҳи нопурра ва ситораи 5-гӯшаи тиллоӣ ҷойгир карда шудааст. Канорҳои ин матоъ бо нақшҳои ранги сиёҳ-гулобӣ нақшу нигор карда шудаст.

2 сентябри соли 1920 амири Бухоро аз сари ҳокимият дур карда шуда ба ҷои он Республикаи Халқии Советии Бухоро ташкил карда шуд, ки ба таркиби он қисмҳои марказӣ, ҷануби-шарқии Тоҷикистон дохил мешуд. Нишони парчами давлатии Республикаи Халқии Советии Бухоро аз ду матои бо ҳам часпидаи сурху сабз таркиб ёфта дар он дар мобайн расми ним моҳ ва ситораи панҷгӯша тасвир ёфтааст .Р.Х.С.Б.

14 августи 1923 комитети иҷрояи Бухоро қарор қабул кард, ки дар парчам тағиротҳо дароварда шаванд. Ранги сабзро бардошта, фақат ранги сурхро монданд.

Аз соли 1924 то 1929 Республикаи Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки парчами пештараро тағир дод. Парчам аз матои сурх иборат буда дар он герби Ҷумҳурии Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон тасвир карда шуда буд. Дар дохили герб досу болға, аз канорҳояш хушаи гандуму пахта тасвир ёфтааст. Дар канори герб навишта шудааст: «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед».Аз соли 1953-1991 парчами ҷумҳурии советии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ қабул карда шуд. Ин парчам аз 4 ранг иборат буда андозаи рангҳо гуногун буд. Дар болои ранги сурх , дос ва болға ва болои онҳо ситораи панҷгӯша тасвир ёфтааст.

ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳури мебошад ва бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст.

Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест,ки дар рӯи он се рахи ранга ибо таври уфуқи ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад: рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.

Ранги сурх- мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият,

Ранги сафед- Бахту иқболи сафед,нияти неки халқамон,

Рангӣ сабз- саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ,ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад.

Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад: дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Призиденти Ҷумҳури Тоҷикистон, маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, мақомотҳои иҷрояи маҳалҳо (ҳукуматҳо).

Мувофиқи амри Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маросими тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронад, афрохтан мумкин аст.

ПАРЧАМ - МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Оре, парчам худ муқаддас аст. Парчам ин рамзи давлат мебошад. Аз ин сабаб парчамро муқаддасоти миллӣ гуфтаанд. Ин ҳама рамзу муқаддасот аз чӣ шабоҳат медиҳад? Инҳама дастовардҳо аз истиқлолият вобаста аст.Шукрона мекунем ва фахр аз он дорем, ки тоҷикему соҳиби истиқлолем. Ин албатта боиси хушнудӣ аст.

Худо он миллатеро сарваре дод, ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад, ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Тирамоҳи соли 1991 дар сарзамини мо, яъне Тоҷикистон навзоде бо номи Истиқлол чашм ба олами ҳастӣ кушод. Баъди он, ки Тоҷикистон озод гардид, соли 1992 Парчамро қабул намуд. Ва то имрӯз он тифли навзоде, ки буд устуворона қадам мезанад. Парчам низ се рангро дар бар мегирад ва ҳар гоҳе, ки ба рангҳои ӯ менигари худ ба худ табассум мекунӣ, аҷаб ному ранги дилфиреб дорад. Парчаму истиқлолият беихтиёр ба даст наомадаанд.Онҳо заҳмати хеле зиёдеро талаб карданд. Ва бо азобу машақат мо соҳиби он шудаем.Аз ҳамин хотир ба ҳама буду нобудаш шукр мекунем.

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад,

Чанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳу бунёдкорӣ мо омад.

Кош ҳама ба ин нодиртарин ганҷи диёр бирасад ва то охир мисли ҷон онро дар қалби хеш парвариш намоед. Ин ҳама аз мо вобаста аст. Беҳуда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагуфтааст: Ҷавонон ояндаи миллатанд.

Дурахши парчамат ҷовидон бод Тоҷикистони азизам.

Алидодов Тутишо Мералишоевич – н.и.ф-м., ходими пешбари илмии Маркази омӯзишва тадбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Ботуров Кодир - н.и.ф-м., ходими пешбари илмии Маркази омӯзишва тадбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

 

 

 

Истиқлоли Тоҷик- то эҳёи феномени Ориёӣ

Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,

Дидаам аз равзани девори зиндони Шумо.

(Муҳаммад Иқбол)

Миллате, ки таърихи гузаштаи худро фаромӯш мекунад бо қавли нависандаи машҳур Чингиз Айтматов манқурт аст. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар масъалаи шинохти асолати миллат ва арзишҳои таърихию фарҳангии он ҳамеша пешгому собитқадам буда, мефармоянд: «Ғояҳои Ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ҳама якҷоя қисми таркибии сиёсати мо оид ба таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ мебошанд». (Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» китоби сеюм саҳ. 43). Барои шинохти ҳақиқати таърихӣ, воқиаву ҳодисот, ноадолативу нодидагирифтанҳо, хиёнату дасисаҳои ноҷавонмардонаи ҳаммиллатону бегонагон, тӯли беш аз ҳафтҳазорсоли умри миллат, бояд ҳақиқатнигорона саҳифаҳои норушану фаромӯшгаштаи таърихро омӯхт ва ба гӯши наслҳо расонид. Барои миллати фарҳангсолори тоҷик ҳеҷ зарурияти таърихсозию таърихбофӣ нест. Танҳо тавсифномаи ба арзишҳои тамаддунӣ - фарҳангии ориён нигоштаи таърихнигорони юнонӣ; Геродод дар “Таърих”, Ксенофонт дар “Курушнома”, Страбону Ктесӣ дар ойини озодагон... солноманигорону сайёҳони чиноӣ; Сим Тсян дар солномаи “ Шитзи” (Навиштаҷоти таърихӣ), инчунин таърихномаҳои “Чун Тси” (Солномаи подшоҳон) ва садҳо рисолаю монографияҳои таърихнигорон аврупоӣ, ҳинду араб, рус ва чанде дигар дилбохтагони ин таърихи заррин кофист, то шаҳомати озодагонро бубинем. Миллати ориёгавҳару озодаманиши тоҷик аз ибтидои таърих, то кунун ҳамеша хостори озодӣ ва ободӣ будаву ҳамеша дар талошу пайкор баҳри ин неъмати бебаҳо буда. Хушбахтона, интиҳои асри бистум Озодӣ (Истиқлол)- ро ба мо арзонӣ дошт, лекин душманони дар камин ва фурсатталаби озодагону ориёзодагон хостанд ин неъмати бебаҳоро аз мо бибаранд. Таърих гувоҳ аст, ки ниёгони озодидӯстдор ва озодаманиши мо дар чаҳор даврони афтишу бархост, растахези эҳёгарона намуда, чун симурғи наҷотбахш аз хокистар чу ахтар биҷастаанду фарҳангу таммаддуни навине барои инсоният офаридаанд, ки худ муъҷизаест беназир. Таърих дарси ибрат аст, агар давлат ва тамаддуни барсохтаи Пешдодиён аз дасти ифрити бегонае чун Заҳҳоки аҳриманнажод фурӯ рехт, зери дирафши Коваи озодихоҳ озодагон гирд омаданду заминае барои давлату империяҳои Кушониён ва Ҳахоманишиён гузоштанд. Чун ин империяҳои фарохдомон аз заҳри бегонапарастӣ бо дасти Искандари Мақдунии Гуҷастак (бадгавҳар) пора гардид, суғдиёну бохтариёни боғурури озода бо пайкору руйинтанӣ ин оташи ҷаҳонсӯзро хомӯш ва ташкилкунандаи давлатҳои юнонубохтарӣ ва сипас Ашкониёну Сосониёни бузург гардиданд. Фоҷиае, ки аз нифоқи динию мазҳабӣ бар сари озодагон омад, ин чира шудани тозиёни бодиянишин бар давлати бесарбонмондаи Сосониён буд. Дар ин афтиш ба вартаи мағзрабо ҳам озодагону асилзодагони ориёӣ парчами озодӣ ва мубориза бар ғосибонро афрохтанд ва нахустин хиште бар пояҳои давлатҳои миллии Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён, Сарбадорон ва чанде дигарро гузоштанд. Тоҷикон ҳарчанд муддате дар сари қудрати сиёсӣ набуданд, лек вазорат фарҳанг, тамаддун ва маънавиёти тамоми давлатҳои дар ин сарзаминҳои биҳиштӣ пайдошударо бар дӯши хештан доштанд. Яъне давлате бо зевари ҳикмату адабиёт доштанд ва рӯҳи озодихоҳонаи наслҳоро бедор нигоҳ медоштанд. Тамоми ҷузъиёти онро аз асари безаволи Аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, осори мондагори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сегонаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», “Чеҳраҳои мондагор”, асари таърихӣ-ҳуҷҷатии академик Раҳим Масов «Таърихи табартақсим» ва даҳҳо осори таърихии даврони навин метавон, дарёфт. Шоҳроҳи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар санаи 24-уми августи соли 1990, то эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷастарӯзи 9-уми сентябри соли 1991 ва санаи ҳумоюнии 27-уми июни соли 1997 Рӯзи Ваҳдати миллӣ росту ҳамвор нест. Ин даврони ҳаёту мамот ва зинда мондан, ё аз саҳфаи таърих афтодан буд. Хушбахтона бо интихоби оқилонаи сарвари сиёсии хеш дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон миллат тавонист, ормонҳои таърихии хешро бароварда созад. Санаи 2-юми марти 1992 дар сессияи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид ба узвияти СММ пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами ҳумоюнӣ барои эътирофи давлат аз тарафи беш аз 190 кишвари ҷаҳон гардид. Ташкили нахустфоруми тоҷикони ҷаҳон «Пайванд» дар шаҳри Душанбе партави бедорӣ барои муттаҳидии миллат буд. Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози миллат аввалин нафаси тоза барои Ваҳдати миллӣ ва қабули Нишону Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24.111992) бо рангу рамзҳои ориёии тоҷу ситора, китобу хуршед эҳёи дирафши Ковиёнии деринтизор буд. Аз Симпозиуми байналхалқии ҷашни «1000 –солагии «Шоҳнома» -и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ» (5.09.1994) дар шаҳри Душанбе, то иқдоми бознашр ва ба тамоми сокинони кишвар аз номи Президенти Тоҷикистон паҳн намудани ин асари безавол ва ташкили Озмуни ҷумҳуриявии Шоҳномахонӣ, эҳёгариву бар асли хеш баргаштан аст. Дар ҳар вожаву мисраи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (7.09.1994) танину навои ниёгони арҷманд аз қаъри таърих озодаманишона баланд аст, ки марши бедорӣ , ҳамдастӣ, намои фарҳанг ва асолати ориёӣ аст. Ҷашни 1100 – солагии нахустдавлати миллии тоҷикон Давлати Сомониён дар соли 1999 сиккаи таърихӣ дар худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, шинохи ниёгон, фахре ба таърихи заррин буд, ки заминаи нахустину хос барои бозтоби силсилаи давлатҳои ориёӣ гардид. Иқдоми фарҳангии ҷашни 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто» - ва шинохти паёмовари ростини озодагон Зардушти Спидамон таконе бар афкор ва андешаи миллӣ буд, то миллат аз дуроҳаи гумроҳию бегонапарасӣ раҳо ёбад. Ба муомилот баровардани пули миллии «Сомонӣ» (26.10.2000) ва бо чеҳраҳои қаҳрамонони миллат, рамзи осори фарҳангию ҳунарӣ, нақшу тарҳ ва рангҳои хосаи рӯшани ориёӣ ороишгарии он пайкори мондагори таърихист. Пайкору талош барои ҷашни ҷаҳонии 2500-солагии шаҳрҳои бостонии Истаравшан (Киропол, Курушкада) дар соли 2002, 2700- солагии Кулоб (Ҳулбук) дар соли 2005, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар соли 2016, 5500- солагии Саразм дар соли 2020 ва иқдомҳо барои бозтоби осори таърихии бостоншаҳрҳои Тахти Сангин, Балх, Бохтар ва даҳҳои дигар муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги беназири ориёист. Рӯй овардан ба арзишҳои фарҳанги бостон ва эҳёи ҳикмати поку муқаддас доштани яке аз чор унсури ҳаётофар об, аз панҷ ташаббусҳои беназир бо фарҳанги инсонпарваронаи ориёист, дар самти оби тоза, то ҳифзи пияхҳо ва сарчашмаҳои обӣ. Эътироф ва ҷашни соли “2003- Соли байналмиллалии Оби тоза», эълони солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли “2013- Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” , қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар солҳои 2018-2028 ва “2025- соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ” аз ҳуҷастатарин намоди фарҳанги бостон ва арзиши зиндагидӯстдорию пайванд бо табиат доштани тамаддуни ориёист. Дар соли 2006 –ум дар қароргоҳи СММ ташкил ва баргузор намудани Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Тамаддуни Ориёӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ» муассиртарин гардиши куллӣ дар шинохти миллат, эътирофи фарҳангу тамаддуни бостонии он гардид. Бузургтарин марҳилаи худшиносӣ эҳёи ҷашнҳои чаҳоргонаи ориёии Наврӯз, Тиргон, Меҳргону Сада бо бозтоби санъат, ҳунару анъанаҳои миллӣ чун, Шашмақому Фалак, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, муҳраю порчадӯзӣ ва чандин анвои дигар буд, ки ҷаҳониёнро тасхир намуд. Бо қабули қатъномаи СММ дар ЮНЕСКО дар санаи 30.09. 2009 “Наврӯз - иди байналмиллалию ҷаҳонӣ” эълон гардид, ки ташаббусҳои фарҳангии Тоҷикистон, бахусус талошҳои пайгиронаи Пешвои фарҳангпарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёву муаррифии фарҳанги бостонии ориётоҷикон аст. Ҷашнвораи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дигари эҳёгарист, дар зеҳнҳои бедори миллӣ, барои расидан бар асолати ориёии хеш ва миллатро якпорчаю яктан, дӯстдори Ватан, Миллат, Тамаддуну фарҳанги Ориёӣ намудан аст. Ин рисолати аҳли зиё, давлатмардон ва пешоҳангони ҷомеа аст, то рӯшноиофари роҳи дурашони фардои миллат бигарданд. Ҳумоюну ҳуҷаста бод, Истиқлоли миллати тамаддунсозу фарҳангэҷоди Тоҷик!

Аминҷон Зариф,

устоди МДТ Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод.

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд