mt3.org

 

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад ...

Миллати тоҷик - яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи хеле қадима мебошад, ки зиёда аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад ва забони ин миллат яке аз аввалин забонҳои тамаддуни инсоният мебошад. Миллати тоҷик ҳануз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар ва ҳамчунин илмдӯсту адабпараст, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор меравад.

Роҳбари давлат – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди фарҳанги бузурги миллӣ ва таърихи халқамон чунин иброз намудаанд: «Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Тоҷикон дар тӯли таърихи куҳанбунёди худ фарҳанги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд». Фарзандони хирадманду фарзонаи миллат бо дарки ин ҳақиқати мусаллам барои пойдорӣ ва аз байн нарафтани таърих ва фарҳанги миллӣ ҷоннисорона талош кардаанд ва асолати онро ҳифз кардаанд. Яке аз онҳо фақеҳи бузурги олами ислом Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад, ки тавассути урф, яъне додани фатвои шаръӣ, ба Ислом ва суннатҳои исломӣ мухолифат надоштани забони миллӣ, дастовардҳои таърихӣ ва расму оинҳои мардумиро собит намуда, ба онҳо заминаи ҳуқуқӣ ва умри ҷовидона бахшидааст.

Мо бояд ба забон, таърих, фарҳанги миллӣ ва гузаштагони худ арҷгузор бошем ва дар як вақт ояндасозӣ кунем. Танҳо он вақт мо метавонем ба қуллаҳои баланди тараққиёт расем, агар фарзандони худро ба илму маърифат ҳидоят кунем.

Дини ислом низ ба илм ва илмомӯзӣ таваҷҷуҳи хоса дорад ва пайравони худро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш тарғибу ташвиқ менамояд. Ҳамин тавр, пешрафту тараққӣ ва такомул дар асоси илму дониш бар мусалмонон воҷиб мебошад. Зеро аз назари Ислом шахс он гоҳ дорои каромат хоҳад буд, ки ба фазилати илму дониш ороста шавад. Масали халқии тоҷикӣ низ ин маъниро бисёр дақиқ баён мекунад: “Илм дар ҷавонӣ - нақш бар санг”

Зарур аст, ки имрӯз мо худамон илм омӯзем ва фарзандонамонро низ ба омӯзиши илму дониш ҳидоят намоем, қуллаҳои нави илмиро фатҳ намоем, ихтирооти нав ба нав дар соҳаҳои гуногуни илм дошта бошем, ки муҳтоҷи дигарон набошем. Зеро тавре Фирдавсии бузургвор гуфтааст, илму дониш қудрати инсон аст ва ҳар касе донотар аст, тавонотар аст:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Хоҳем, ки фарзандонамон фақиру заифу муҳтоҷ набошанд, ба онҳо илму дониш диҳем, то тавоно шаванд. Барои халқу миллати худ хизмат кунанд.

Мо байни худ баъзан дар бораи камбудиву норасоиҳои ҷомеа ҳарф мезанем, коста гардидани одобу ахлоқи ҷавононро ёдовар гардида, оиди рӯ овардани бархе аз онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан мекунем. Аммо сабаби ин кирдор дар чӣ аст?

Албатта дар навбати аввал сабаб дар ҷаҳолату бесаводӣ, дур мондани ҷавонон аз китобу китобхонӣ аст. Барои он ки фарзандони мо аз хурдсолӣ ба хондани китоб шавқу ҳавас пайдо кунанд, дар ҳар як хонадон бояд гушаи хурде барои мутолиа ва китобхонӣ бошад. Падару модаронро зарур аст, ки дар дили фарзандонашон аз давраи хурдии онҳо меҳри китобу китобхониро афзун намоянд. Албатта барои ин бояд худи падару модарон китобдору китобхон бошанд.

Вақте, ки ҳар яки мо фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба китобу китобдорӣ тарбия намоем, дар ин ҳолат фарзандони мо ба хондани китоб нафрат пайдо намекунанд ва дар оянда ба он арҷ мегузоранд.


Алиҷон Саидзода - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод

 

 

Истиқлол ва дастовардҳои беназири он

Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлол» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад. Ба роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Албатта, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 33-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Яке аз дастовардҳои сиёсии Истиқлоли давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири Истиқлол мебошад.

Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ фарқкунанда буд, яъне он бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги миллӣ ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуқтаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлол баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср – НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Таҷрибаи амалӣ гардидани қонун нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи маърифатнокии мардум нисбат ба расму ойинҳо баланд гардид, аҳли ҷомеа хурофотро аз маросим воқеан муҳими милливу динӣ фарқ намуд, як муҳити воқеан равонии баробарӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа барқарор шуд. Ҳамзамон дар ин муддат як раванди омили тарбиявӣ доштани қонун падид омад, ки метавонад кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастиро аз байн барад

Ҳамчун таҷрибаи беназир ва дастоварди бузург метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» -ро ҳисоб намуд, ки мақсад аз қабул гардидани он тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Дар даврае, ки ҷомеаи моро хатарҳои зиёд таҳдид менамоянд, бояд ҳама дар тарбияи фарзандон масъул бошанд, ба ҷомеа фарзандони рӯҳан ва ҷисман солимро ҳадя кунанд.

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра мебошад. Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Махсусан, дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо – Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардид. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.

Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамаи ин ба самти тарбияи дурусти насли наврас,баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани наслҳои наврасу ҷавони ҷомеа равона шудаанд.

Кенҷабой Мухторов - сармутахассиси Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод

 

Сармояи зеҳнӣ муҳаррики асосии рушди миллат ва давлат

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28-декабри соли 2023)

Пайки таърихӣ

Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

(Паём-2023)

Анъанаи дар оғози сол натиҷагирӣ, ё ҳисобот, инчунин нишасти хоси шаҳаншоҳон мулуки Ориёӣ дар таърих зикр ва ҷойгоҳи арҷмандеро соҳиб аст. “Шоҳнома”- и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ин русуми накӯи ниёгонро бо тамоми назокат ва ҳусни адаби он баён сохта, ки ин ойини ҳуҷаста ва фарҳангиро дар асрҳои пасин давлатмардони бузурги олам чун як унсури муқаддаси давлатдорӣ қабул намудаанд. Таърихнигори бузурги юнонӣ Ҳеродод, ки бо номи падари таърих машҳур аст дар асараш “Таърих” пас аз сафарҳои пажӯҳишӣ аз Шарқ (Эрону Ҳинд) доир ба русуми маҷлисороии шаҳаншоҳони эронӣ зикри хоса намуда, онробазми тараб” вағунди ҳакимон” номидааст. Табиб ва муаррихи дигари юнонӣ Ксенофонт, ки шефтаю волаи ҳусни адаб ва русуми давлатдории шаҳаншоҳони эронӣ буд, нишастҳои Куруши Кабирро бо аҳли илму ҳунар, ҳакимон, донишмандон, сиёсатмадорон, сатрапҳо, афшинҳо ва сипоҳиёну сарҳангиёнмӯъҷиза” васеҳри тавон”-и империяи Ҳахоманишиён баҳо додааст. Ин мӯъҷиза ва сеҳри тавонмандиро қайсарҳои румӣ омӯхтану дарёфтанд ва бо сохтани маҷлисҳои сенат, парламент ба гирдоварии олимон, сиёсатмандон оғоз карданд. Мушовирони Искандар барои он ки муҳраи ақвоми Ориёиро бишкананд, ин русуми ниёгони моро ба хок заданд ва аз 21 қисмати китоби муқаддаси Авасто танҳо қисмҳои бар табобати рӯҳу тан нигоштаро бо худ ба Бобул ва Рум бурданд ва боқӣ ҳамаро бисӯхтанд. Пас анъанаи паёми сарварони сиёсӣ ва роҳбарони давлат дар оғози сол русуми ҳуҷастаи ниёгони фарҳангсолори мост, ки бо гузашти чандин аср бар мо баргашт. Ин арзиши беназири булуғи фарҳангу санъати давлатсолории Ориён дар силки донишпажӯҳон, мӯъбадон, дабирон, вузарою ҳакимони давлатҳои Ашкониён, Кушониён, Сосониён, Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён, инчунин чандин давлатҳои хурду бузурги барпонамудаи порсигӯён равнақ ёфтаву ҷойгоҳи мӯътабар доштааст. Дар ин радиф танҳо метавон аз вусъати нубӯғи Гунди Шопургони замони Сосониён ба некӣ ёд кард, ки чун доиратулмаориф, ё аввалин академияи илмҳо дар ҷаҳон мақом дошт ва шаҳаншоҳони Сосонӣ бо мушовара аз ҳикмату дастури ин махзани илму фарҳанг санъати давлатдориро сайқал медоданд. Ин рисолати накӯро сипас дабирони ҳӯшманд ва вазирони зираки ориёгавҳар дар чандин давлатҳои хурду бузурги ташкилнамудаи ғосибону кӯчиён дар сарзаминҳои паҳновари Ориён, манзур хилофати Умавиёну Аббосиён, давлатҳои Ғазнавию Салҷуқӣ, Темурию Шайбонӣ, Сафавию Манғитӣ ҷон дар сари каф побарҷой нигоҳ доштаанд, ки корномаи хонадони Оли Бармакиён, Низомулмулк, то Восифию Аҳмади Дониш қаҳрамонист. Ойини бор додани шаҳаншоҳон, ё базму нишасти онон бо бузургони илму адаб, аҳли фарҳангу санъат, дабирони мулку вазирони давлат дар асарҳои ибратбахши “Ҷовидон хирад”-и Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад Яъқуб (ваф.1030), “Рӯшноинома” ва “Саодатнома”- и ҳаким Носири Хусрав (1003-1088), “Тӯҳфат-ул вузаро”- и Абдуллоҳи Ансорӣ (1006-1088), “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус (1020-1099), “Сиёсатнома”- и Низомулмулк, “Насиҳат-ул-мулук”-и Муҳаммад Ғаззолӣ, “Панднома”-и Фаридаддини Аттор (1119-1233), “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ (1184-1292), “Ахлоқи Носирӣ”-и Насриддини Тӯсӣ (тав.1235) “Шаҳр-ул одоб”-и Муҳаммади Табрезӣ (ваф.1494), “Ахлоқи Муҳсинӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420-1505), “Одоб-ул- солиҳин”-и Абдулҳақ Қодири Деҳлавӣ (ваф.1642), “Мебояд дид”, “Мебояд писандид”-и Ҳусайн Толиби Пурӣ (тав. 1879), “Наводир-ул вақоеъ”- и Аҳмади Дониш (1826-1892) ва даҳҳо рисолаҳои таърихию адабӣ дарҷ гардидаанд, ки аҳли зираки сиёсату раёсати олам зи он дастур гирифтаанд.

Паёми фархундапайк

Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. (Паём-2023)

Таҳлили Паёмҳои роҳбарияти олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми соли 2000-ум то Паёми соли 2023 қадамҳои муқаддас бар самти ҳалли мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, сохтани роҳҳо барои раҳоӣ аз муҳосираи иқтисодию сиёсӣ, сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмон ва истифодаи инфрасохтори истеҳсолӣ баҳри таъминот ба ҷойи кор, таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва чандин масъалаҳои фарҳангию таконбахши худогоҳию хештаншиносӣ буданд, ки барои миллат ва давлат муҳим ҳастанд. Хати сабзе, ки дар умқи ҳамаи Паёмҳои пешниҳод гардида мегузарад, ин ҳифз, тарбия ва истифодаи сармояи зеҳнии миллат аст. Дар Паёми соли 2023 ин нуқтаи муҳим махсус зикр гардид, ки “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайри имкон мебошад. Сармояи инсонӣ чист ва чӣ гуна аз он бояд истифода намуд? Барои посух метавон садҳо мисол овард, лек барои фаҳмо шудан танҳо таҷрибаи давлати Сингапур кифоя аст. Ин давлат солҳои 50-уми асри бист яке аз давлатҳои қашшоқи Осиё ба шумор мерафт. Дар натиҷаи ислоҳот, қабули усули нави таълим, гузариш дар таълим ва коргузорӣ ба забони англисӣ (чун забони дуюми давлатӣ), решакан сохтани коорупсия, воридсозии технологияи навтарин, ҷаҳиши иқтисодӣ намуда ба даҳгонаи давлатҳои рушдкардаи олам ворид шуд. Давлате, ки ягон захираи табии зеризаминӣ надорад, ҳатто оби нушокиро аз хориҷ ворид месозад, бо иқдоми истифодаи сармояи зеҳнӣ- ақлонии наслҳои ҷавон ба радифи яке аз давлатҳои босуръат рушдкунандаи саноатӣ расид. Бо истифодаи нерӯи зеҳнӣ, ақлонӣ, хирад, дониш, маърифат, ихтирокорӣ ва садҳо зеҳниятҳои нуҳуфтаи насли наву ҷавон аз давлате бо деҳаҳои иборат аз хаймаҳои бамбукӣ, ба шаҳр- мегаполиюсҳои асрорангези бисёрошёна, ки бо тарҳу салиқаи муъҷизавӣ сохта шудаанд, табдил гашт. Истифодаи нерӯи хиради инсонӣ, ки захираи бепоёнест, асоси ҳамаи рушд ва такомул гардид. Имрӯз бо истифодаи навтарин технологияи полоишӣ зиёда аз 75%-и нафти давлатҳои халиҷи форсро ин давлат коркард, ба навъҳо ҷудо намуда, даҳҳо номгӯи маҳсулоти доруворӣ, ороишӣ, либосворӣ, пойафзол, маснуоти рӯзгор, масолеҳи ҳавопаймою киштиҳои кайҳонӣ, мошинсозӣ, сохтмонӣ ва чандин навъи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва қиматтар аз ҳама қисмҳои эҳтиётии компютеру дастгоҳҳои наворгирию мобилиро сохта бо нархи баланд мефурӯшад. Ташкили экотуризм ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ гардишгарӣ бо сохт ва дизайни баланди муъҷизавӣ, ки ҳар соат ҳаваси милиардерҳои оламро меорад, як ҷарахсаи нури хиради зеҳнии онон аст, ки аз ҳеҷ ҳарчӣ сохтаанд. Ин ҷаҳиш танҳо тавассути рӯй овардан ба илмҳои дақиқ, дигаргун сохтани низоми таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодакардани мутахассисони арзандаи техникию технологӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои бонуфӯзи хориҷӣ ба миён омад. Тарбияи ахлоқи ҳамида, ростӣ, покӣ, ватандӯстдорӣ, ҳифзи табиат, талош ба сӯи илм натанҳо шиор, балки реҷаи рӯзмарраи хурду бузург гардид. Имрӯз сармояи молиявии як барномасоз, ки тавассути сармояи зеҳнии хеш ба даст овардааст, баробар, ё бештар аз даромади миллии баъзе давлатҳо аст. Садҳо мисол метавон аз пайкори шахсиятсози ашхоси муваффақ ва сармоядори ҷаҳон овард, ки танҳо бо воситаи дониш, хирад, заковат, зеҳнияи баланди пӯёву ҷӯёи хеш аз фарши нотавонӣ ба арши тавоноӣ расидаанд. Агар олим Алфред Нобел бо кашфи кибрит ва борут ба инсоният шоҳроҳи бузургро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт аз рӯзгор то саноат боз намуда буд, имрӯз сармояи боқимондаи он дар рушди илм ва ҳавасманд сохтани олимону ихтирокорон (манзур Ҷоизаи Нобел) масраф мегардад, ки нишони чашмаи зоянда ва мероси поянда будани дурри хиради инсонӣ аст. Дар замони рушди босуръати илмҳои техникӣ ва технологӣ давлате пешсафи ин рақобат аст, ки аз захираҳои илмӣ ва зеҳнӣ босамар истифода кардааст. Ҳамон ҳикмати “Илму давлат қарини ҳамдигаранд!” имрӯз арзишмантар гардида, зеро ҳар киро ақл нест, давлат нест. Пас сармояи зеҳнӣ, ё сармояи инсонӣ муҳимтарин сарвати бепоён аст, ки кафолати зистан медиҳад. Зеро захираҳои табиӣ; назири об, нафт, газ, ҷангал, ангишт, маъданҳои рангаю сиёҳ, олами набототу ҳайвонот ва чанде дигар тамомшавандаанд, лек захираи ақлонӣ- хиради инсон чоҳест бетаг ва хазинаест бепоён ва онро ҳарчӣ бештар истифодабарӣ ҳамон қадар афзунтар мегардад. Агар ба таърихи рушду камолоти давлатҳои абарқудрат ва классикии ҷаҳон аз даричаи хирад нигарем, аён мегардад, ки сармогузорӣ ба илм, ихтирокорӣ, кашфиёт инсонро бо киштиҳои навсохти бодбонию буғӣ, мазутию атомӣ ба шаш қитъаи олам бурд, бо кашфи чархболу ҳавопаймо, киштиҳои кайҳонӣ ба кайҳон расонид, ҳазорон чоҳи нафту газ, кони тиллою нуқра, лоҷуварду фирӯзарухомро боз намуд. Хуллас, миллатҳои бедор ва саҳархези таърихи куҳану навин калиди илмро дарёфтаву бо он соҳиби ганҷи замину осмон гардидаанд, ки шоистаи омӯзиш ва лоиқи пайравӣ ҳастанд. Чунончӣ мӯъҷизаи сохтаи хиради як муҳандиси фаронсавӣ Густав Эйфел бо конструсияи оҳании архитектор Стефан Совестер бо баландии 330 м. яке аз ҳафт мӯъҷизаи олам аст ва дастгирию як бор сармоягузорӣ бар он, садсолаҳост чун магнитест, барои ҷалби сайёҳони ҷаҳон, ки бар хазинаи давлат зар мерезад. Дар ин радиф метавон сирри рушди босуръати давлати Япония дар самти электроника, радиотехника, технологияи компютерӣ, робототехник, нанотехнология, Олмон дар саноати мошинсозӣ, ИМА дар самти ҷалби нерӯи зеҳниятҳои закӣ ва нобиғаи ҷаҳонӣ, додани имкони рушд ва истифодаи он, ба тамоми ширкату компанияҳои барномасоз, дастгирию роҳандозии ташаббусҳои инноватсионӣ дар самти робототехника, яроқу аслиҳа, техникаи ҷангӣ, филмофарӣ ва чанде дигарро метавон зикр кард. Таҷрибаи Ҷаҳиши иқтисодӣ-и палангҳои Осиёӣ назири Кореяи ҷанубӣ, Сингапур, Тайланд, Малазия, Индонезия ва чанде дигар собит месозад, ки танҳо рӯй овардан ба илм, технология, истифодаи сармояи инсонии миллат ва давлатро аз қашшоқию бенавоӣ, нотавонию дастнигарӣ бар зинаи рушду такомул, рифоҳу озодӣ, тавону қудрат ва ному мақом меорад ва поянда месозад.

Тадбир дар тақдирсозӣ

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағ-гузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. (Паём-2023)

Талаботи ҷаҳонии бозори меҳнат бар он аст, ки танҳо мутахассиси варзидаи бо кулвори илму дониш ва таҷрибаю заковат мусаллаҳ метавонад ҷавобгӯи ин рақобатҳои шадид гардад. Яъне, имрӯз бозори ҷаҳониро технологияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, барномаҳои илмиву инноватсионӣ, нанотехнологӣ банд намудаанд, ки оҳиста-оҳиста ҷойгоҳи кору фаъолияи баъзе аз касбу ҳунарҳои инсониро аз худ менамоянд. Яъне, давра ба давра ҷойи меҳнати ҷисмонӣ ва машғулиятҳои кории инсонро технологияи ҳушманд, роботҳои закӣ, техникаи худкор, дастгоҳҳои иттилоотии бо нақшаву барномаҳои чанд миллион гегабайт хотира дошта коркунанда мегиранд, ки ин раванд бебозгашт аст. Дастовардҳои хиради инсон тавассути ҷараёни ҷаҳонишавӣ ягон хати сарҳаду мулку давлатро канор намегузорад. “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонем... (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бо эҳёи заковати аждодӣ, хиради меросӣ, генофонди ориёии хеш аз ин имтиҳони замон бо сарбаландӣ мегузарем, зеро миллати фарҳангсолори мо чандин бор аз туфони сангини таърих гузаштааст. Лек, дар ин самт бо қавли доимии Пешвои муаззами миллат зиракии сиёсӣ, хиради азалӣ ва бедориву ватандӯстдорӣ зарур аст. Зеро, ин тӯфон метавонад, фарҳангҳо, забонҳо, миллатҳо ва давлатҳоро ба нобудӣ бикашад. Дар ин самт кайҳост сотсиологҳо, аналитикҳо ва файласуфону иқтисоддонҳои варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ бонги ҳушёрӣ задаанд. Пас, суоли таърихии чӣ бояд кард? пешорӯи мост, то посухи арзишманду наҷотбахш барои миллат бидиҳем. Ҳазорсол муқаддам бобокалони мо Устод Рӯдакӣ ҳидоят намуда буданд, ки “Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд”. Пас он таҷриба кадом аст?

Дар замони 32- соли замони Истиқлол мо дар маорифи кишвар чандин низоми таълим, назири низоми сарикасӣ, босалоҳият, кредитӣ ва дар дохили он чандин шохае бо талаботҳои хосро ҷорӣ сохтему таҷриба намудем. Дар кушодани гимназияву литсей, коллеҷҳо, мактабҳои хусусӣ, мактабҳо барои кудакони болаёқат, мактабҳои президентӣ, муассисаҳои муштарак бо давлатҳои хориҷ, боз намудани филиали коллеҷ, донишгоҳу донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, додани квотаҳо бурсияҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар таҷриба омӯхтем. Шумораи муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ наздик ба 200 ва муассисаҳои олии касбӣ аз 40 гузашт, лек тавре дар Паём Пешвои муаззами миллат зикри хос ва таъкид намуданд, ба хатмкунандагон додани як варақ маънои пешниҳод сохтани мутахассисро надорад. Имрӯз қарзи виҷдонӣ, инсонӣ, ватандории ҳар як фарди ҷомеа, бахусус сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони техникии соҳаи маориф дар он аст, ки бо дасту нияти пок баҳри мондагории миллат ва давлати Тоҷикистони азиз худ биомӯзанду ҷавононро биомӯзонанд. Зеро, имрӯз мавҷи ҷаҳонии шабакаҳои интернетӣ дар зеҳни кудакон, наврасону ҷавонон хубтар нишастааст ва шавқу рағбати онон ба барномасозиву истифода аз технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ бештар аст. Инро бояд эътироф кард, ки саводи кор бо компютер, шабакаҳои интернетӣ, технологияи инноватсионӣ, техникаи худкору электронии толибилмону донишҷӯён аз баъзе омӯзгорон гузаштааст. Пас вақти он расидааст, ки аз дурӯғ, таъриф, вонамудсозии бепоя даст бикашем, аз миқдори бесифат бо ками манфиатовар рӯй орем. Илмро аз риёкорӣ, таълимро аз тамаъ озод созем, то илм муъҷизакушои асрори табиат гардаду таълим холисона ба сохтани инсони закию оқил, ҳунарманду ихтирокор хидмат намояд. Дар даврони ислоҳоти соҳаи маориф баъзе аз охурбинон, на охирбинон бо масали салла биёр, калла биёр амал намуда, низоми кредитии таҳсилотро ба механизми ғорати кисаи донишҷӯй ва волидони он зада, ба ҷои тайёр кардани мутахассис, донишгоҳу донишкадаҳоро ба фабрикаи дипломфурӯшӣ табдил доданд, ки хиёнат бар фардои миллат ва бақои давлати ормонӣ аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳам, тадбиқи низоми босалоҳият, бисёр саргумиҳо ба бор овард. Зеро имконоти дастрасии хонанда ба адабиёти тавсияшаванда, фарогирии мавзӯъ ва мисолу масъалаҳо на ҳамеша тақвиятбахши дониш, малака, дарку тафаккури синну солии хонандагон буд. Албатта ба якборагӣ наметавон ҳамаро яксон баҳо дод, вале ҳақиқати талх он аст, ки бо донишҳои сарсарӣ наметавон ба ҷое расид. Ҳамаи ин худфиребдиҳист. Агар хавфи ин хатари миллаткӯш ошкор набуд, Пешвои муаззами миллат дар Паём чунин бо сӯз сари ин масъала руҷӯъ намесохтанд.

Низоми таълими дуалӣ (дусамтӣ)

Таҷрибаи давлатҳои пештози саноатӣ бо низоми таълими дуалӣ (дусамтӣ) кайҳост, масъалаи ҳамбастагии назария ва амалияро дар истеҳсолот корбаст сохтаанд, ки афзалият ва нафъоварии он собит гардидааст. Низоми дуалии таълим чист? он модели хориҷии таълим аст, ки ҳамбастагии таълим бо истеҳсолот ва инноватсияро танго- танг фаро мегирад. Ин низоми таҷрибашудаи давлатҳои классикии Аврупо, Амрико ва дигар мамлакатҳои рӯ ба рушд аст, ки дар он назария дар литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳои техникӣ омӯхта мешавад ва қисмати амалия бевосита дар корхонаҳои истеҳсолӣ дар раванди истеҳсолот омӯзонида мешавад. Корхона ва ташкилотҳои илмию истеҳсолӣ вобаста ба талабот ва ҷойи кор шумораи муайяни мутахассисонро дархост медиҳанд ва ҳангоми таҳияи барномаҳои таълимӣ, интихоби фанҳои зарурӣ, миқдори соатҳои фаъол ва ғайрифаъоли он бевосита иштирок менамоянд. Яъне муассисаи таълимӣ мутобиқи талаботи низоми бозоргонии меҳнат мутахассисони соҳавиро дар асоси шартномаи тарафайн бо ҳунарҷӯй барои намудҳои ҷудогонаи истеҳсолот омода месозад ва пешниҳод мегардонад. Дар ин секунаи баробарпаҳлӯ аз як тараф таълимгоҳ ва дар ду паҳлуи дигар корхонаи истеҳсолӣ ва ҳунарҷӯ дар вобастагӣ қарор мегиранд. Дар марказ дастовардҳои иноватсионӣ ва тақвиятдеҳи зеҳният, касбият, малака, эъҷозу ихтирокорӣ чун тавозуннигоҳдор ҷой мегирад. Дар низоми таълимоти дуалӣ нақши кордиҳанда бузург аст, он ба сифати таълим, раванди таҷрибаомӯзӣ ва ҷойи кор дар корхона барои ҳунарҷӯ назорат мебарад. Он барои рақобатпазирии мутахассиси оянда барои рушди корхона, фирма, биржаи худ дар талош аст ва тамоми дастовардҳои илмӣ- технологиро муҳайё месозад.

Низоми дуалии таълим аввалин бор дар Олмон татбиқи амалии худро ёфтааст ва сипас дар чорчӯбаи қонун ворид карда шуда аз тарафи палатаи савдо ва саноати ин давлати саноатӣ идора карда мешавад. Афзалиятҳои таълимоти дуалӣ ин бештар ҷудо шудани соатҳои таълимӣ ба қисми таҷрибаомӯзӣ буда, баъзе камбудиҳои низоми анъанавии таълимро ислоҳ месозад. Барои ҳунарҷӯ- мутахассиси оянда малакаи масъулиятшиносӣ ва мустақилиятро ташаккул медиҳад. Ҳунарҷӯ аз натиҷаи фаъолияти худ, даромад мегирад, маҳсулоти сохтаи худро баҳогузорӣ менамояд ва барои беҳтар шудани сифати он, шаклу тарҳи он кӯшиш менамояд. Мутахассиси оянда дар истеҳсолот бо таҷриба, рақобатпазирии корхона, усулҳои идоракунӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳисоби муҳосибӣ ва чандин зинаҳои фаъолияти идоракуниро аз худ менамояд. Корфармо дар ин раванд барои худ мутахассиси варзидаро чида мегирад ва метавонад ба дигар корхонаҳои бо чунин мутахассис ниёзманд дар асоси шартнома мубодилаи корӣ, тиҷоратӣ намояд, ки ин барои баланд гардидани рейтинги муассисаи таълимӣ ченаки муҳим бо талаботи иқтисоди бозоргонист. Дар ин низом арзиши мутахассисро на доштани диплом, балки малакаву маҳорат, истеъдод, дониши бунёдӣ, донистани якчанд забони хориҷӣ, корбарӣ бо барномаҳои компютерӣ, фаъолият бо технологияи навтарин, этика, муошират, эстетикаи корбарӣ, заковати менеҷерию маркетологӣ нишон медиҳад. Дигар афзалияти ин низом дар он аст, ки хатмкунандагони соҳибмалака пурра ба ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ татбиқ ва пурра роҳандозии ин низом ҳам муфид нест, зеро миқдори корхона, ширкат ва муассисаҳои истеҳсолӣ, ки бо чунин усули кор фаъолият баранд кам аст ва қисми зиёди он дар аввалин рақобатҳои низоми иқтисодӣ бозоргонӣ тоб наоварда, муфлис, ё самти фаъолиятро дигар намудаанд. Назокати ҳар низом вобастаи минталитет, психологияи ҷомеа ва тафаккури техникӣ буда, дар ин масъала ҳоло мушкилот зиёд аст ва зарур аст давра ба давра бо ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ онро амалӣ намуд. Ин низомро наметавон бе боло бурдани тафаккуру маърифати техникии ҷомеъ амалӣ сохт. Тоҷикистон махзани ганҷҳои рӯизаминӣ ва зеризаминист, танҳо донишҳои техникӣ кофист, то меваҷоту полезиҳо босифат кишту ҳосилдор гарданд ва бо коркард дар шакли маҳсулоти саноатӣ пешниҳод шаванд. Ташкили коргоҳу сехҳои хурд кофист, то ин самт рушд намояд. Соҳибкор, ки ҳар дақиқа барои он қиммат аст, кӯшиш менамояд коргари ҳушманд, мутахассиси доною соҳибкасбро ба кор гирад, то маҳсулоти коргоҳи он босифат ва рақобатпазир бошад. Пас, дар ин самт қолабшиканӣ зарур аст. Танҳо он ихтисосҳоеро интихоб ва таълим бояд дод, ки талабот ҳаст. Ин ҷо масъалаи ихтисосҳои бисёр шоха, ё бо тақозои корфармо тағирёбандаю мутобиқшаванда зарур аст. Масалан мутахассиси соҳаи нақлиёти автомобилӣ маҳорати ронандагӣ, идоракунӣ ва танзими ҳаракат, таъмир, хизматрасонии техникӣ, муоинаи техникӣ-автомат