mt3.org

 Санаи 28 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи майи соли 2017 оғоз ёфта, дар зарфи бештар аз 1 сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд ёфта, синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ ва аёниятҳои фаннӣ таъмин гардидаанд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки муассисаи таълимӣ барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар масоҳати наздик ба 2 гектар бунёд ёфтааст. Иншоот аз ду бино иборат буда, бинои якум аз 3 қисмати 4-5 ошёнагӣ ва бинои 2-юм аз 1 қисмат иборат мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 ҳамчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои физика, химия, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин дар таълимгоҳ 4 синфхонаи лингафонӣ бо муосиртарин техникаи омӯзишӣ ва 4 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст. Шароити фароҳамовардашуда имконият медиҳад, ки хонандагон нозукиҳои дарсро бо компютеру дигар дастгоҳҳои насли нав ҳамаҷониба омӯзанд.

Зимни суҳбат хонандагон ифтитоҳи муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави хониш арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Барои касбомӯзии толибилмон дар муассисаи мазкур синфхонаҳои таълими меҳнати писаронаву духтарона бунёд ёфтааст. Бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда онҳо метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ машғул шаванд.

Маҷлисгоҳи муассиса дорои 240 ҷои нишаст буда, бо шароити муосир ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Ошхонаи муассисаи таълимӣ барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин таълимгоҳ дорои 4 утоқ барои омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ ва ҳуҷраи табибон буда, барои толибилмон китобхонаи электронӣ бунёд ёфатааст.

Муассисаи таълимӣ ҳамзамон дорои майдонча барои бозиҳои футбол ва волейбол буда, гирду атрофи иншоот бо дарахтони мавсимӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ кабудизор карда шудааст.

Таҷҳизоти гармидиҳии синфхонаҳо бо системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад, ҳамчунин истгоҳи барқии муассиса бо 2 адад трансформатор таъмин гардидааст.

Зимни суҳбат Пешвои миллат толибилмонро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои гуногун, бахусус азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, ба омӯзгорон дастур доданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ бошанд.

Пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маориф, омӯзгорону хонандагони шаҳри Душанбе суханронӣ карда, вазъи имрӯзаи соҳа ва нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати мамлакатро дар самти рушди минбаъдаи мактабу маориф таҳлилу баррасӣ намуданд.

Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омўзгорону устодон ва саъю талоши донишҷўёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд.

Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.

Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ,  рўзномҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешнҳод мегардад.

 

Мо ҷавонон амалҳои ифротгаронаи ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда ба ҷавонони Тоҷикистони азизамон муроҷиат менамоем :

Ҳамсолони азиз ! Ниҳоят ба ҳамагон мақсади асосии ҲНИ ошкор гардид, ки он аз даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати давлатию ҷамъиятӣ иборат буд. Тибқи қонунгузории байналмиллалӣ ва миллӣ имрӯз ифротгароӣ яке аз ҷиноятҳои вазнинтарин ба ҳисоб рафта, он амнияти шаҳрвандон ва ҷамъият халалддор месозад. Хиёнат ба ватану миллати хеш гуноҳи бахшида нашаванда мебошад. Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштаанд ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудаанд. Дар тӯли ин солҳои тақдирсоз чӣ қадар заводу фабрикаҳо, корхонаву ташкилотҳои нав, муассисахои таълими, фарҳангӣ, тиббӣ бунёду азнавсозӣ гардиданд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни ХХI барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумўи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сўи ояндаи неку осуда, зиндагии хушбахтона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад кушод.

ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш ҳеҷ гоҳ сулҳу ваҳдати моро халалдор карда наметавонад. Зеро ҳар яке тарафдори сулҳу субот, якдигарфаҳӣ ва ободиву осоиштагии Ватани азизамон бо ном Тоҷикистон ҳастем ва намегузорем, ки касе ва чизе ватҳдати миллии моро халалдор созад. Мо, ҷавонон, баҳри ҳамаҷониба обутоб ёфтани хеш дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, худогоҳии миллӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, мубориза алайҳи шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ, таъмини волоияти қонун ва омўхтани илму дониш ва ҳунарҳои мардумӣ кўшиш ба харҷ медиҳем. Ҳаргиз намегузорем, ки душмани миллати тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки хеш бирасад. Бо қатъият изҳор менамоем, ки ҳеҷ гоҳ нақшаҳои нопоки ТЭТ ҲНИ амалӣ намешаванд ва нахоҳад шуд !

Номвар Муҳиддинов

Рўзи 25 августи соли 2018 дар боғи Камоли Хуҷандӣ Фестивал-озмуни вилоятии Ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар Фестивали мазкур ҳунармандони ноҳияи Зафаробод иштирок намуда, маҳсули дастии худро пешкаши тамошобинон гардониданд.

Дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ доир гардидани Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки ҳунармандони ноҳия ба ўҳдаи масъулони бахшҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, иқтисод ва савдо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вогузор карда шуданд, ки масъулон аз ўҳдаи вазифаҳое, ки бар дўш доштанд дар сатҳи баланди ташкилӣ иҷро намуданд.

Фестивал-озмуни вилоятии Ҳунарҳои мардумӣ бо як шукўҳи тоза ва хотирмон гузаронида шуд.

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар