mt3.org

Хабарҳо

 

Аёдату хабаргирии табақаи ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, ин иқдом пайваста роҳандозӣ мегардад. Аз ҷониби раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Наимов Ҷамшед сокинони Ҷамоати шаҳраки Зафаробод Туйматова Уғилой ва Раҳматова Анбарой аёдат гардида, ба Бобоев Турсунбой маъюби гурӯҳи дуюм аробача тақдим карда шуд.

 

 

Аёдати гурӯҳи ниёзманди аҳолӣ ва собиқадорону пешсафони арсаи меҳнат дар меҳвари фаъолияти масъулони сохторҳои ҳизбӣ қарор дошта, ин иқдом пайваста роҳандозӣ карда мешавад. Бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррух ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун як чанд нафар оилаҳои маркази ноҳияи Зафаробод дар арафаи фарорасии иди Қурбон айёдат карда шуданд.

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

 

 

Санаи 24 июли соли 2020 маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зафаробод давоми шаш моҳи соли 2020 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд мудири шуъбаи ташкилӣ ва омори КИ ҲХДТ дар вилоят Зоҳидов Фаррух Абдуқодирович, муовини раиси ноҳияи Зафаробод Абдуллозода Зарина Ислом ҳамчунин аъзоёни раёсат ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакилони халқ, роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд. Шарифзода Туйғун Тоҳир-раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ҳисоботи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Зафаробод давоми шаш моҳи соли 2020- ро ба самъи ҳозирин расонид.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд