mt3.org

Хабарҳо

 

 

Сокинони деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Равшан бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳо нишон дода маҳаллаву кӯчаҳоро обод мекунанд.

Подробнее

 

Санаи 17-уми июли соли 2020 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагиҳои деҳқонии “Хушекат” ва “Даҳкат”-и ноҳия боздид намуд. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки аъзои хоҷагии деҳқонии “Хушекат” ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, дар як сол то 3-4 ҳосил ба даст меоранд.

Подробнее

 

Мусобиқаи футбол байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон давраи 4-ум санаи 17.07.2020 сол дастаи, "Равшан"-и ноҳияи Зафаробод бо дастаи "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ дар варзишгоҳи дастаи Равшан бозӣ баргузор гардид. Дар доираи бозиҳои даври 4-уми Лигаи якум дастаи “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод дар майдони худ бо ҳисоби 2:0 бар тими “Саройкамар” пирӯз шуд.

Ин ғалабаи нахусти дастаи “Равшан” дар мавсими имсола буд, ки бо роҳбарии Раҳматулло Фузайлов ба даст омад. Ин мураббӣ чанде пеш ба мақоми сармураббии нави даста таъин гардида буд. Дастаи “Равшан”-и Зафаробол ҳоло бо касби 5-имтиёз ба мақоми 9-уми ҷадвал баромад. Даста дар даври 5-ум дар сафар бо “Эсхата” бозӣ мекунад.

 

 

 

 

Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар ончӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дунё.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд