mt3.org

Хабарҳо

 

 

Футбол  яке аз намудҳои беҳтарин ва варзиши рақами яқ ҳисоб рафта, дар тамоми сайёра мухлисони худро дорад. Ин намуди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва ташаббусҳои созандаи Раиси Федератсияи футболи кишвар мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯ ба рушд овардааст.

Дар ноҳияи Зафаробод низ тайи чанд сол аст бо иқдоми ҷавони ташаббускору ватандӯст Хурсандмурод Ҷумаев дастаи футболи “Равшан” таъсис дода шуд. Дастаи мазкур дар натиҷаи тармимҳои пайваста ва дастоварҳои назаррас соли 2019 сазовори Ҷоми Раиси вилояти Суғд гардида, ба лигаи якуми мамлакат роҳ ёфт.

Варзишгарони ин даста дар мавсими имсола дар лигаи якум то имрӯз як чанд бозӣ баргузор намуда, маҳорати баланди худро муаррифӣ карданд. Чанде қабл дар майдони худ дастаи футболи  “Равшан”- Зафаробод бо “Моҳир”-и Ёвон бо ҳисоби 2-2 ва бо дастаи “Шоҳмансур”- ноҳияи Шоҳмансур бозӣ карда, бо ҳисоби 6 -1 ғалаба ба даст овард.

ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳия бо дастаи футболи “Равшан” ҳамкориро ба роҳ монда, барои ба даст овардани дастовардҳои навбатӣ ва дастгирии моддию маънавии варзишгарон мусоидат менамояд.

Маркази иттилоотии

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

 

 

Дар бинои Қасри фарҳанги “Зафар” маҷлиси ҷамъбасти фаъолияи соҳахои хоҷагии халқи ноҳияи Зафаробод давоми шаш моҳи соли 2020 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода Маҳмуд Ширинҷон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Вализода Аъзам ва раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ иштирок намуданд.

Маҷлис аз рӯи як масъала натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия баргузор гардида, вобаста аз натиҷаи фаъолият муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо пурсида шуданд.

Ҳамчунин ба масъулон дар давраи минбаъдаи фаъолият дастурҳои мушаххас дода шуд. Қайд гардид, муҳимтарин вазифаи ҳар як шаҳванди ноҳия татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, амалисозии дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти бузург дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ мебошад.

 

 

Ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии Covid 19 кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тарғиботчиёни МИҲД- и ноҳия ва Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим ба кӯчаву бозорҳои марказии ноҳия ташриф оварда аз қоидаҳои беҳдошт сокинонро огоҳ намуда, риояи қатъии қоидаҳои зиддиэпидемиологиро таъкид намуданд.

 

 

 

Вобаста ба дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, дар ҳайати раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Туйғун Шарифзода, муовини раиси КИ ҲХДТ Рузибой Ашуров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Шаҳриёр Раҳимзода аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён», «Кумитаи заминсозӣ», «Фарҳанг», «Беморхонаи марказӣ», «Кумаки аввалияи санитарию тиббӣ» дидан намуданд. Зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ тавсияҳо дода шуда, талаб карда шуд, ки дар фаъолияти ҳизбӣ бо масъулият ва ҷиддӣ муносибат кунанд. Ҳамчунин масъалаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Сухани халқ» ва «Минбари халқ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Зафаробод

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд