mt3.org

9-уми августи соли равон дар ноҳияи Зафаробод Рўзи варзишгарон бо иштироки муовини раиси ноҳия Заррина Абдуллозода ва шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия  бо тантана таҷлил карда шуд.  Сараввал табрикоти раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода аз тарафи муовини раиси ноҳия Заррина Абдуллозода қироа гардида, Ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои  мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия ба сармураббиён ва мураббиёни мактаби варзишӣ супорида  шуд. Инчунин аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва муассисаи варзишии ноҳия Сипосномаҳо ва тўҳфаҳо ба мураббиён ва шогирдони муассисаи варишии ноҳия супорида шуд. Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия дар чорабинии  мазкур барномаи фарҳангӣ  ташкил гардида, табъи варзишгаронро шод гардониданд. 

     

 

Ҳамлае, ки дар Себистони Данғара нисбати меҳмонони Тоҷикистон сурат гирифт, яке аз фоҷиаҳои такондиҳанда барои ҳамаи сокинони кишвар гардид.

Дар ҳар маҳфилу вохӯрӣ ҳоло сухан дар мавриди ҳамин ҳодисаи ҷонсӯз меравад. Ҳар ҳафта дар кишвар чандин садамаҳои нақлиётӣ сурат мегиранд ва чандин нафар захмию ҳалок мегарданд, вале ин мусибат танҳо дар доираи ақрабою наздикони марҳумон мемонад. Аммо фоҷиае, ки рӯзи 29 июл дар Себистон сурат гирифт, ҳарчанд қурбониёни он мардуми бегона буданд, аммо фоҷиа барои ҳамаи мардуми тоҷик шуд. Зеро террористон қалби сокинони кишвар, меҳмонони моро ҳадаф қарор доданд. Тоҷикон мегӯянд: “Меҳмон аз падарат ҳам бузургтар аст” . Онҳо падари моро куштанд. Онҳое,ки ин амалро на ба хотири он,ки ин нафарон ҳамдинашон набуданду сокинони Аврупою Амрико буданд , балки барои он куштанд,ки онҳо ДАР ТОҶИКИСТОН ва МЕҲМОНИ ТОҶИКОН буданд.Яъне ҳадаф тоҷикон буданд. Кӣ ба чунин амали ғайриинсонӣ ва ғайритоҷикона даст зад? Ҳарчанд ҳоло баҳс меравад, ки ин корро ҲНИТ кард ё ДИИШ (ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудаанд), аммо як чиз аён аст, ки “кал додари кӯр”, яъне “лӯбиёю каду, лаънат ба ҳарду”. Душманони миллати тоҷик даст ба чунин ҷинояти мудҳиш зада, мехоҳанд кишвари моро, мардуми моро дар арсаи ҷаҳон бадном кунанд ва онро дубора ба Афғонистон шабеҳ гардонанд. Он гоҳ бо истифода аз меъёрҳои асримиёнагии худ мардумро ба гӯсфанд табдил диҳанду ҳар вақте хоҳанд, гӯшташро аз баданаш ҷудо карда хӯранд. Аммо ҳоло он солҳое,ки мардум ба қавли Турсунзода “бехабар аз гапи ҷаҳон буданд” гузашт ва ҳеҷ як қуввае наметавонад, ки ин мардумро ба гузаштаи хунбори он баргардонад…

…Одатан ВАО-и Аврупо ва Русия нисбати Тоҷикистон ва воқеаҳои он кам мегӯянд ва ин камбудии онҳо нест. Зеро дар кишвари мо ҳодисае,ки лоиқи таваҷҷуҳи онҳо бошад, камтар рух медиҳад. Аммо он бегоҳ хабари фоҷиаи Себистонро бори аввал аз шабакаи иттилоотии Евронюс шунидам ва зуд ба марказҳои иттилоотии тоҷикӣ ворид гардида, дуруст будани ин иттилоъро дарёфтам.Аммо мисли мардуми дигар гумон кардам, ки ин як тасодуф, як садамаи нақлиётӣ аст ва ба ҷони ҷавони сайёҳон афсӯс хӯрдам. То замоне, ки дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат намуда, ваҷоҳати вазирро он замон мушавваш ва чеҳраашро андӯҳгин надидам. Ҳамон вақт низ вазир ба саволи хабарнигорон дар мавриди сабабҳои фалокат эҳтиёткорона гуфт,ки “тамоми фарзияҳо дида баромада ва тафтиш шуда истодааст” . Бо гузашти андак вақт хабар дода шуд,ки ин як садамаи одӣ набуда, балки ҳамлаи тарҳрезишуда ба сайёҳон будааст ва онро як гурӯҳ ҷавонони тундрав созмон додаанд. Ҷавонони гумроҳе,ки гумон доштанд бо ин амалашон дар ҷаннати ваъдакардаи ДИИШ-у ҲНИТ кайфу сафо карда мегарданд. Кистанд қурбониёни ин ваҳшоният?

Дар ин ҳамла 4 сайёҳи хориҷӣ – Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Амрико, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Шветсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд.Танҳо як сайёҳи фаронсавӣ-Казабат Гуиллаюм Ҷеан, ки аз ин гурӯҳ қафо монда буд, тавонист аз ин ҳамла бе осеб раҳо ёбад.Яке аз ин сайёҳон-Рене Вокке, шаҳрванди Ҳолланд (Нидерландия) сайёҳи собиқадор буд ва бо велосипед ба зиёда аз 130 кишвари дунё сафар карда буд. Ӯ, ки худ равоншинос буда, дар мавриди интуитсия (пешбинии фикрӣ) тадқиқоти илмӣ мебурд, натавонист марги худро дар ин гӯшаи дунё пешбинӣ кунад…

Баъд аз рух додани фоҷиа ба таври фаврӣ Ситоди байниидоравии махсус таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои дохилӣ А.Аламшозода таъсис дода шуд. Дар ситод кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шомил гардиданд, ки амалиёти махсус ва дигар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро барои кушодани ҷиноят оғоз намуданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса таъҷилан ҳозир шуда, оид ба ҳодисаи рухдода бо аломатҳои одамкушӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданду амалиётҳои таъхирнопазири тафтишотӣ-оперативӣ ҷиҳати ошкоркунии ҷиноят ва дастгир кардани ҷинояткорон ба роҳ монда шуд.

Ҳангоми ҷустуҷӯи ҷинояткорон бо ёрии сокинони ноҳия автомашинаи дар содиркунии ҷиноят истифодагардида дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара дарёфт карда шуд. Баъдан, ҷинояткори аввалин Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир карда шуд. Кистанд онҳое,ки қасд ба ҷони сайёҳон карданд? Яке аз онҳо Юсупов Аслиддин Садриддинович, ки муқобилияти мусаллаҳона нишон дод ва муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД подполковники милитсия Ҷумахон Назарзодаро захмӣ кард, безарар гардонида шуд. Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои ҷиноят: корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафар пайдо шуд. Ҳангоми пурсиш Абдусамадов тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди ӯ бармеояд, ки ҳанӯз солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, дар он ҷо бо аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати ислом, ҷинояткори дар ҷустӯҷӯ қарордошта Убайдов Носирхӯҷа-Қорӣ-Носир вохӯрӣ намуда, бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати ислом шомил гардидааст.Ба гуфти сохторҳои қудратӣ, фармоишгари ҷиноят Убайдов аз соли 2015 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.

Пас аз содир намудани ҷиноят террористон мақсад доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Афғонистон фирор намуда, ба гурӯҳҳои террористӣ пайванданд .Инчунин, муайян гардид, ки бародари Абдусамадов- Бахтиёр бо тахаллуси «Мулло Умар» аъзои ташкилоти террористии «Ҳаракати Исломии Туркистон» буда, ҳоло дар маҳбас мебошад.

4 нафар ҷинояткорон – Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсуфов Ҷаъфариддин дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара аз тарафи гурӯҳи оперативӣ дарёфт гардида, аз сабаби ҳуҷуми мусаллаҳона бо силоҳҳои сард ба кормандони мақомот дар ҷойи ҳодиса безарар гардонида шуданд, яъне кушта шуданд. Роҳбари гурӯҳ Ҳусейн Абдусамадов қаблан низ барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар Тоҷикистон ва дигар ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди Федератсияи Россия маҳбас шуда буд.

Маълум шуд, ки Ҳусейн Асомиддин ва Зафар хешу табори наздик мебошанду Ҷаъфариддин ва Аслиддин бародаронанд. Яъне, морҳои як морхона.Шояд ин суханони қабеҳ нисбати ҷинояткорони мурдаю зинда камтар аз он ғазабе бошад,ки имрӯз аксари сокинон нисбати онҳо доранд.Ин ҷо сухан дар мавриди миллату миллатдорӣ ва обруи мардуми як сарзамин меравад ва ҳама гуна ҷазо барои онҳо ба назар кам менамояд. Зеро тавре гуфтем, дар маҷмӯъ ин ҳуҷум ба сари миллати мо буд. Хоса дар вақте,ки роҳбарияти давлат барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар ин қадар ҷадал мекунад ва соли равон “Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ” эълон шудааст. Мақсад, бо ҷалби сайёҳон аз дигар кишварҳо, овардани маблағ ба Тоҷикистон ва беҳтар кардани зиндагии сокинони он буд.Пас, ин зарба ба зиндагии мардум ҳам ҳаст…

Аксари кулли намояндагони созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва сафоратҳо ин ҳамлаи ғофилонаро сахт маҳкум мекунанд ва тайёранд дар тафтишу баррасии ин ба ҳукумати Тоҷикистон кумак расонанд. Аммо онҳо низ эътироф менамоянд,ки ин ҳамла оқибатҳои амниятӣ дорад. Аз ҷумла, Ҳидоят Бишчевич, роҳбари Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд:“Ин ҳодиса паёмадҳои хеле ҷиддии амниятӣ хоҳад дошт. Вобаста ба он, ки дар пушти ин ҳодиса чӣ касе қарор дорад, ин ҳодиса ба таҳаввулоти минбаъдаи сиёсӣ ҳам таъсиргузор хоҳад шуд”. Мехоҳам ин мақоларо бо суханони сайёҳи олмонӣЭлен Элеска, ки ҳамроҳи шавҳараш ба Тоҷикистон омадааст ва сайёҳи рус Даниел Поздняков, хотима диҳам: “Аз шунидани ин хабар бисёр мутаассифам,-мегӯяд Элен,- аммо бо таваҷҷуҳ ба рух додани чунин ҳодисаҳо дар кишварҳои дигар, ҳамла ба сайёҳон дар Тоҷикистон наметавонад барномаи сафару сайёҳатамро дигар кунад…” Даниел Поздняков бошад, ақида дорад,ки “ Одамон ҳар хел мешаванд, чунин ҳодисае, ки рухдод, хоси ин миллат нест. Одамон дар ин ҷо хеле хуб ҳастанд ва бо мо хеле ҳалим буданд, ба моҷои хобухӯрокдоданд, дар бораиТоҷикистонқиссаҳоиҷолибнақлкарданд. Аммо тавре мегӯянд, ягоноилабекамбудӣнамешавад».

Аммо ба як чиз бояд эътимод дошт, ки ҳарчанд дарднок аст, аммо ангушти шашумро бояд бурид…”

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон” 02.08.2018

 

 

After the terrorist attack against foreign citizens committed on 29 July 2018 by the members of the terrorist-extremist organization Islamic renaissance party (TEO IRP) in the Danghara district of Tajikistan, the media began to throw articles of engaged Russian analysts, experts and journalists on this tragic occasion. Most authors of provocative articles, making make their PR on information aggression, lies and slander, zealously defend the members of the TEO IRP, accusing the law enforcement agencies, which disclosed this crime as soon as possible, of incompetence.

Подробнее

Баъд аз содир намудани амалиёти террористии 29.07.2018 нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, дар ВАО интишори мақолаҳои муғризонаи таҳлилгарон, коршиносон ва  журналистони рус оид ба ин қазияи фоҷеабор шурӯъ шуд. Аксари муаллифони мақолаҳои ҳангомаҷӯе, ки дар олами буҳтону дурӯғ ва зуроварии иттилоотӣ худро пиар (PR) ё худ реклама месозанд, аъзои ТТЭ ҲНИ-ро бошиддат пуштибонӣ карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки ҷинояти содиршударо дар муддати кӯтоҳтарин ошкор намуданд, дар бесалоҳиятӣ айбдор мекунанд.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд