mt3.org

 

Санаи 4-уми сентябри соли 2020 тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод Конфронсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони истиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муллоев Назирҷон суханронӣ намуда кори конфронсро оғоз намуд. Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҳимзода Муҳаммад дар мавзӯи “Мо ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” суханронӣ намуд. Инчунин мудири
шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зулфиқорзода Заррина ва роҳбари маҳфили адибони ҷавони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Муродова Сабоҳат суханронӣ намуданд.

Инчунин қайд карда шуд, ки бо истифода аз дастуру супоришҳо мо ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза барем. Мо ҷавонони созанда, ки нерӯи мудофиавии кишвар ҳисобида мешавем, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллатамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош варзем.

Мо ҷавонон аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намуда, марзу буми онро ҳимоя намуда дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонем.

Мо ҷавонон пайрави Пешвои муаззами миллатем!

 

 

 

 

 

Санаи 3-юми сентябри соли 2020 дар асоси Низомнома ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи ноҳиявӣ ва марҳилаи якуми муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии МТМУ №20-и ноҳия мусобиқаи намуди варзишии Шоҳмот байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва бонувон гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муллоев Назирҷон, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зулфиқорзода Заррина,мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҳимзода Муҳаммад, директори мактаби варзишии ноҳия, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳонов Худойбердӣ ва мураббии шоистаи Тоҷикистон Сафаров Азиз ва дигар масъулини соҳа иштирок намуда, мусобиқаро оғоз намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои наврасону ҷавонони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамагӣ 72 нафар варзишгарон иштирок дошта, маҳорати худро дар ин намуди варзиш муаррифӣ намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо риояи меъёрҳои муқарраргардида баргузор гардида, аз тарафи аъзои ҳакамон ғолибони мусобиқаи ноҳиявӣ муайян карда шуданд:

Ҷойи якум- дастаи муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия;

Ҷойи дуюм-дастаи МТМУ №1;

Ҷойи сеюм-дастаи МТМУ №13;

Дар охири чорабинии мазкур варзишгарони ғолиб ва мутасаддиёни соҳаро аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бо Диплом, Сипоснома ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

 

ДУШАНБЕ, 02.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Қонун дар ҳар як ҷомеа ҳамчун афзори ҳамакораи танзими муносиботи иҷтимоӣ эътироф мешавад. Бинобар ин асос ҳар навъ падидаи дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир тавассути қонунҳо ва дигар асноди  меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад. Ин муқаррарот дар замони ҳозира, ки сохтори муносиботи  иҷтимоӣ мураккаб мешавад ва пайомади танзими онҳо боиси зуҳуроти номаълум ва қонунан тасдиқношуда  мешавад, хеле муҳим аст.

Подробнее

DUSHANBE, 02.09.2020. (NIAT Khovar) – Law in any society is recognized as a universal instrument for regulating social relations. For these reason, any socially significant phenomenon is currently regulated by laws and other regulations. This provision is most actualized at the present time, when the structure of social relations is complex, and their regulation leads to previously unknown, phenomena outside of the realm of existing laws.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар