mt3.org

 

Санаи 7 августи соли 2020 гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳайати кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва волонтиёрон аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷи тиббии ноҳия дар бозорҳои маркази ноҳия корҳои тарғиботӣ гузаронида, бо сокинони ноҳия варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд. Зимни сӯҳбат таъкид карда шуд, ки хавфи паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии нави коронавирус COVID-19, шаҳрвандонро мебояд ба қоидаҳои беҳдошт ва фосилаи иҷтимоӣ қатъиян риоя намоянд.


 

 

Санаи 6.08.2020 сол дар Қасри фарҳанги «Зафар»-и ноҳияи Зафаробод даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар озмун 42-нафар хоҳишмандон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз рӯйи номинатсиҳои гуногуни озмун иштирок намуданд.

Аз тарафи аъзои ҳакамони озмун туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ғолибони озмун супорида шуд.

 

 

Аёдату хабаргирии табақаи ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, ин иқдом пайваста роҳандозӣ мегардад. Аз ҷониби раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Наимов Ҷамшед сокинони Ҷамоати шаҳраки Зафаробод Туйматова Уғилой ва Раҳматова Анбарой аёдат гардида, ба Бобоев Турсунбой маъюби гурӯҳи дуюм аробача тақдим карда шуд.

 

ДУШАНБЕ, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тахминан соати 04-и субҳи санаи 06-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и ҚС ҶҚ аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар