mt3.org

 

Ваҳдати миллӣ суботи ҷомеаро таъмин намуда, барои зиндагии шоиста шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамин нуқта дар вохӯрии кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии Зафаробод таъкид гардид. Роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия ба хизматчиёни ҳарбӣ табрикоти ҷашниро расонида қайд намуданд, ки дар таъмини сулҳу ваҳдати саросарӣ, ҳифзи марзу буми кишвар заҳмати шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ дар мадди аввал  қарор дошта, ҳар сокини кишвар ҷасорату мардонагии  фарзандони муҳофизашро қадр мекунад.

 

Шаҳриёр Раҳимзода-КИ ҲХДТ ноҳияи Зафаробод

 


 

 

 

 

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мутобиқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо мактаби варзишии ноҳия мусобиқаи варзишии тениси рӯи миз гузаронида шуд. Дар мусобиқа наврасону ҷавонон аз маркази ноҳия иштирок дошта, маҳорати худро дар ин намуди варзиш муаррифӣ намуданд. Директори мактаби варзишии ноҳия Бурҳонов Худойбердӣ ва Мураббии шоистаи Тоҷикистон Сафаров Азиз мусобиқаро назорат карда, ғолибонро муайян намуданд. Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Шаҳриёр Раҳимзода ва мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зарина Зулфиқорзода ба ғолибони мусобиқа тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро тақдим намуда ҳозиринро ба ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуданд.

Қайд гардид, ки маҳз бо шарофари Ваҳдати комил ба ҳаёти хурраму осоишта расидаву муаррифгари дасовардҳои шоиста гардидаем.

Дар мусобиқаи мазкур, ки бо риояи меъёрҳои муқарраргардида баргузор шуд Шарифова Муҳаррам, Амиров Абдуқодир ва Облоназаров Хушбахт созовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

 

 

 

Сафи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби нафарони фаъолу арзанда, занону ҷавонон дар ноҳияи Зафаробод зиёд мегардад. Як чанд нафар кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд дар остонаи ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо намуда, ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Аъзоёни тозатаъини ҲХДТ бо ифтихор аз узвият ба сафи ин ҳизби созанда ваъда доданд, ки ба хотири рушди Тоҷикистони азиз содиқона хизмат ходанд намуд.

 

 

Дар Ҷамоати деҳоти Равшан аз тарафи гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кормандони муассисаи давлатии назорати санитарии эпидемиологии ноҳия, муассисаи давлатии маркази ноҳиявии дезинфексияи профилактики ноҳия ва омӯзгорони МТМУ №16 ва МТМУ №6 дар кӯча ва хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Ҳаёти нав ва Гулистон чорабинии безараргардонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии пайдоиши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) гузаронида шуд.

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар