17 Июнь 2020
Санаи 17 июни соли 2020 дар толори қасри фарҳанги ноҳия иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод (даъвати шашум) баргузор гардид. Иҷлосия таҳти раёсати раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ баргузор гардида, дар кори он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода иштирок доштанд.
Ҳамчунин дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқук, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва шахсони даъватшуда иштирок доштанд.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ иҷлосия аз рӯи рӯзномаи зерин кори худро идома дод.
1.Тасдиқи ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод аз ҳавзаи интихоботии “Аҳмади Дониш” №15.
2. Дар бораи рафти татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”.
3.Ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, таъминоти об, нақлиёту алоқа, роҳ ва хоҷагии комуналӣ.
4.Ахбороти вакил аз ҳавзаи интихоботии “Борбади Марвазӣ”№3 Абдураҳмонзода Нуъмон Абдураҳмон оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ.
5. Доир ба тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия.
Вобаста ба масъалаҳои зикргардида аз ҷониби вакилон маъруза ва музокираҳо сурат гирифта, тасмим гирифта шуд, ки дар татбиқи масъалаҳои зикргардида ҳамагон бояд саҳмгузор бошанд.
Сипас дар ҳамин иҷлосия ба вакилон аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ тақдим карда шуд.
Намояндаи МИҲД- вилояти Суғд Хуршеда Хочазода ва раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода доир ба масъалаҳои баррасигардида андешаҳои худро баён намуданд.
Иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ кори худро анҷом дод.