30 Январь 2019
Маҷӯ Бедил, илоҷи сарнавишт аз гиряи ӽасрат,
Ба мавҷи бода натвон шуст, ӽаргиз хатти соғарӽо.
Дирӯз маⱪолае ба дастам расид бо номи “Бо як ⱪарори миллӣ, тамоми ⱪурбониӽои замони тоталитарӣ сафед карда шаванд”, ки ба ⱪалами раиси ПМТ М. Кабирӣ мансуб аст. Маⱪоларо чанд маротиба такрор ба такрор хондам, аз ӽама тааҷубовар барои ман ин буд, ки ин суханӽоро кӣ мегӯяд. Бале, нафаре ки худ ба Давлат ва миллати худ хиёнат намуда, аз ҷавобгарӣ дар назди ⱪонуни ҶТ ва мардуми тоҷик саркашӣ кард ва фирор намуд, чи гуна ва бо кадом рӯй ин суханӽоро мегуфта бошад? Боз таⱪозо дорад, суханони ӯро мардуми тоҷик гӯш кунад ва аⱪидаӽояш пуштибон ёбанд, аҷабо боз чӣ мехоста бошад ин оғо.