mt3.org

Дирӯз матлаби муассиси хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи «Озодагон», рӯзноманигори шинохта Зафари Сӯфӣ таҳти унвони «Вақте ҳамаи роҳҳоро мебанданд… Нашрияи «Озодагон» аз чоп бозмонд» дар шабакаи интернетӣ интишор шуд. Зафари Сӯфиро ба унвони шоир, рӯзноманигор ва қаламбадасти хуб мешиносам ва эътироф мекунам. Албатта, он чи ки интишор медиҳад, аз ҷумлаи шеър ва  матолиби публитсистӣ назари шахсӣ ва диди инфиродии ӯст ва ба ин дидгоҳу мавқеъгирӣ қоилем. Вале баъзан рӯзноманигор масъаларо аз будаш зиёдтар нишон медиҳад ва тобиши сиёсӣ медиҳад. Манзури мо матлаби ахирии ӯст, ки атрофи аз чоп бозмондани ҳафтаномаи «Озодагон» баҳс мекунад.

Подробнее

 

Дар сомонаи «Озодӣ» мақолае бо унвони “1215 рӯз ҳабси Бузургмеҳр Ёров” нашр гардидааст, ки иғвоангезона мебошад. Дар аввали ин матлаб оварда шудааст, ки гӯё кадом созмони байналмилалие аз мақомоти Тољикистон қатъи таъқиби вакилони мудофеъ ва озод кардани Бузургмеҳр Ёровро талаб карда бошад. Масъулони сомонаи “Озодӣ” ин масъаларо ба Рӯзи ҳуқуқшиносоне, ки таҳти хатар қарор додаанд, марбут донистааст.

Подробнее

Бояд зикр намуд, ки  пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ анъанаву суннатҳои ниёгон ҳусни тоза гирифта, аз нав эҳё гардиданд.

Санаи 25 январи соли 2019  бо мақсади эҳё намудани таъомҳои миллӣ ва ба ин васила ҷалби шаҳрвандон  ба  сарфакории моҳирона дар вақти оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо, даври ноҳиявии «Озмуни дастархонороӣ» дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод дар тарабхонаи «Шоҳон»  гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз рӯи 5 шарт, яъне истифодаи сарфакории моҳирона дар вақти оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда, риояи анъанаҳои миллӣ дар дастархони оросташуда, мавҷудияти таъомҳои миллӣ дар дастархони оросташуда ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда қувваозмоӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо омодагии хуб дар озмун иштирок намуда, баробари пешниҳоди намудҳои гуногуни таъомҳои миллӣ аз қабили оши палов, қурутоб, шакароб, фатир,  чаботи, қалама, нони дегӣ, тунукча, мастоба, ҳалво, самбуса, манту, хӯришҳои гуногун инчунин аз фолклори минтақаҳои гуногуни кишвар суруд, саҳна ва дубайтиву мисраҳои халқиро пешкаши кумитаи тадорукот намуданд.

Дар ҷамъбасти озмун Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев сазовори  ҷойи аввал, Ҷамоати деҳоти Равшан сазовори ҷойи дуюм ва Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар охир ба ғолибони озмун Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод супорида шуданд.

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод

 

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Таджикистан и Узбекистан стоят на финишной прямой длиной в 27 лет: совсем скоро власти урегулируют еще один вопрос двусторонних отношений и полностью разграничат территории.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар