mt3.org

Сайф Раҳимзоди Афардӣ яке аз намояндагони барҷастаи адабу фарҳанги миллӣ буд, ки бадбахтона дар авҷи камолоти эҷодиаш аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд. Ин адиби забардасти тоҷик 20 майи соли 2000-ум дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш аз тарафи яке аз қотилони ТТЭ ҲНИРаҳим Қаландаров бо шеваи бераҳмона ба қатл расонда шудааст. Маълум аст, ки ин амали нангин ва тарсуёнаро раҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо мақсади тарсафканӣ ва зарба задан ба илму маърифат ва рушду тараққии миллат анҷом додаанд.

Подробнее

Бо дастуру супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ гурӯҳи кории ташвиқотию тарғиботӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳушдор намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротии экстромистиву террористӣ дар байни аҳли ҷамоатчигӣ ва аҳли зиëи шаҳрак мулоқот доир гардид. Дар мулоқот сармуаҳаррири рӯзномаи "Народная газета " Камолова Маҳбуба, Ходими илмии АИҶТ Холназаров Назар, корманди рӯзномаи "Халқ овозӣ " Эргашов Нозимҷон баромади пурмуҳтаво намуданд.

 

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 05.04.2021 таҳти √36 ҷиҳати дар сатҳи шоиста ҷашн гирифтани 110-солагии қаҳрамони Тоҷикистон, шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии "Омӯзгор" маҳфили адабӣ таҳти унвони "Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ" доир гардид. Дар маҳфил Шарифзода Туйғун Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Муллоев Назирҷон намояндаи МИҲД-и ноҳия, аъзоёни фаъолони ҳизб, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Иштирокчиёни маҳфил оид ба ҳаёту фаъолият, порчаҳо аз достонҳо, қироати шеър аз ашъори Устод ва дигар маълумотҳо доир ба зиндагиномаи шоири маҳбуб ба самъи ҳозирин расониданд. Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун баромад намуда, таъкид дошт ки донистани зиндагӣ ва фаъолияти Мирзо Турсунзода барои ҳар як мардуми шарифи Точикистон ин вазифаи фарзандӣ аст. Шоири миллатро тамоми мардуми дунё ҳамчун вассофи сулҳ хуб мешиносад ва асарҳояш бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудааст. Қайд гардид, ки ҳар як ҷавони ватандӯсту хештаншинос бояд пайрави шоистаии аҷдодони хеш буда, дар корҳои ободониву созандагӣ ҳиссагузор бошанд. Дар ҷамъбасти маҳфил як чанд нафар донишҷӯён ба сафи аъзогии ҲХДТ қабул гашта, амалиёти "Шаҳодатномаи ман-ифтихори ман" бо иштироки онҳо баргузор гардид. Ҳамчунин ба иштирокчиёни фаъоли маҳфил Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод супорида шуд.

КИ ҲХДТ дар н. Зафаробод

 

Иншооти «Головной», ки 28-29 апрели соли ҷорӣ сарчашмаи ихтилофи нав миёни қирғизҳову тоҷикон гардид, як навъ сарбанди дарёи Исфара буда, барои обтақсимкунӣ хизмат мекунад. Солҳои тўлонӣ танзими маҷрои об мутобиқи талаботи се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон сурат мегирифт. Шореҳи масоили сиёсӣ Неъматулло Мирсаидов муътақид аст, ки иншоот монанди пештара бояд дар қаламрави тоҷикон бимонад, то ки тақсимоти одилонаи об миёни кишварҳои ҳамсоя, мисле ки то ин вақт буд, таъмин шавад.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар