mt3.org

Муқаддима
Дарки воқеияти иҷтимоӣ, муайян кардани ниёзҳои мардум, масъалагузорӣ ва ҳаллу фасли онҳо аз рукнҳои асосии сиёсати давлатдорӣ мебошанд. «Тавре мебинем, ҳама гуна давлат як навъ муколамаро мемонад, машварат ҳам кӯшиши (stokhadzontai) ин ё он некӣ карданро дорад. Гузашта аз ин, аз ҳама бештар ва аз ҳама накуиҳо оне волотар аст, ки муҳимтарин бошад ва чунин муколама  кулли самтҳоро дар бар гирад. Ана ҳамин муколама давлат ном дорад ё ин ки муколамаи сиёсист» (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 24).

Подробнее

 

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, солимии аҳли ҷомеа маҳз аз фаъолияти самараноки кормандони тиб ва шароити хуби хизматрасонии тиббӣ вобастагии калон дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ тандурустиро соҳаи калидии рушди ҷомеа номида, таъкид намуданд, ки «Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад».

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба сохтмону азнавсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар гушаю канори мамлакат беморхонаҳо, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ сохтмон ва азнавсозӣ гардида истодаанд.

Дар нохия низ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ бо маром идома дошта, дар ин давра бо ташаббуси мақомоти ичроияи хокимияти давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи соҳибкорону шахсони саховатпеша якзумра шуъбаҳои беморхонаи марказӣ аз қабили шуъбаи бемориҳои бачагона, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, шуъбаи касалиҳои дил ва дилшиносӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи касалиҳои гушу бинӣ, шуъбаи шикасту банд ва шуъбаи осебшиносӣ ба маблағи зиёда аз 890 ҳазор сомонӣ аз таъмири кулл бароварда шуданд.

Ҳамзамон чунин корҳои созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ идома дошта, ҳамаи марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳи тиббӣ азнавсозӣ гардиданд.

Бо иштироки Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ва намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд Акмалхуҷаева Индира Исмоиловна Беморхонаи шаҳраки Меҳнатобод яке аз муассисаҳои калидии соҳаи тандурустии ноҳия ба ҳисоб рафта, ба таъмири кулли ниёз дошт ва имрӯз бо дастгирии соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва мардуми сарбаланди Ҷамоати шахраки Мехнатобод ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шуд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ хело беҳтар гардид.

Инчунин ба шахсони саховатпеша ва соҳибкороне, ки дар ободонии беморхонаи мазкур саҳми арзандаи худро гузоштанд Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи ичроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия тақдим карда шуданд.

 

 

 

Санаи 18 марти соли 2021 интихоботи миёнадаврии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, номзадҳое, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  пешбарӣ гардидаанд, бо сокинон вохӯриҳо ташкил менамоянд.   Як  чанд Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод ба ҳудуди ҳавзаи интихоботии “Ҷаббор Расулов №16” шомил гардида, дар участкаҳои интихоботӣ омодагиҳо худ ҷараён доранд.

Санаи 6 апрели соли 2021 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Ҷаббор Расулов №16” Файзулло Қосимӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ аз участкаҳои интихоботии ноҳияи Зафаробод дидан намуда бо интихобкунандагон мулоқоти пешазинтихоботӣ барпо намуднд. Интихобкунандагон бо шукргузорӣ аз фазои осудаи кишвар ва сулҳу ваҳдатӣ сартосарӣ бо ифтихори ватандорӣ ба дарки масъулияти шаҳрванди ба интихоботи қарибулвуқуъ омода будани худро иброз доштанд. Дар мулоқот интихобкунандагон бо номзад таклифу дар хостҳои худро бюа манфиати рушди ҷомеа иброз намуданд.   

 

Санаи 3-апрели соли 2021 тахти сарварии раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ як гурӯҳ сокинони ноҳияи Зафаробод дар ҳайати собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кишоварзон, соҳибкорон, табибон, омӯзгорон, вакилони халқ, аъзоёни ҲХДТ ва намояндагони касбу кори гуногун чиҳати боздид аз раванди корҳои ободонӣ ва мулоқот бо сокинони сарбаланди Ворухзамин ба ин минтақаи биҳиштосои Тоҷикистон омаданд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба хотири таҷлили шукӯҳманди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома ёфта, аз ҷониби сохтмончиён ва сокинони бунёдкори ин диёр биноҳои муассисаи таълимӣ, қасри фарҳанг, маҷмааи варзишӣ, майдони парчам ва даҳҳо иншооти муҳим бунёд ёфта, роҳҳо обод мешаванд. Дар хоҷагиҳо корҳои кишоварзӣ хуб ба роҳ монда шуда, боғҳои нав бунёд мегарданд. Сокинон руҳияи идона доранд.

Намояндагони ноҳияи зафарманди Зафаробод аз ҳар як иншоот ва раванди муваффақонаи корҳои ободонӣ шинос шуда, бо сокинони ватандӯст ва бонанги Ворухи бостон мулоқоти хотирмон анҷом доданд.

Дар сӯҳбатҳо қайд гардид , ки Ворух сарзамини аҷдодии тоҷикон маҳсуб ёфта, дорои таърихи қадим ва бо фарзандони далеру барӯмандаш ифтихори Тоҷикистон мебошад.

Гурӯҳи намояндагии ноҳияи Зафаробод аз номи тамоми мардуми заҳматқарини ноҳия ворухиёнро таъкид доштанд, ки зафарободиён ҳамеша дар паҳлӯи онҳоянд ва медонанд, ки Ворух пораи хоки Ватан ва гӯшаи ҷудонопазири Тоҷикистон мебошад.

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар