01 Май 2021
ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 май дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон К.Ташиев доир гардид.
Ҳангоми баррасии вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳарду ҷониб аз ин ҳодиса изҳори таассуф намуда, ба оила ва наздикони қурбониён изҳори тасаллият баён доштанд. Изҳор карда шуд, ки ба сурат гирифтани чунин ҳодиса дар оянда роҳ дода наҳоҳад шуд.