mt3.org

Пресс-центр Главного управления погранвойск ГКНБ РТ сообщает, что 13 марта 2019 года на территории  джамоата Ворух города Исфара со стороны Кыргызстана в нарушение двустороннего межправительственного Протокола  было начато строительство дороги  «Кокташ-Оксой-Тамдик».  На эти действия кыргызской стороны жители джамоата Ворух города Исфара выступили с протестом. В ответ со стороны кыргызов был открыт оружейный огонь по жителям названного джамоата. Также правоохранительные органы Кыргызстана перекрыли дорогу «Исфара-Ворух», прекратив по ней движение автотранспорта граждан Таджикистана. Кроме того, кыргызские пограничники  удерживали на территории погранотряда «Оксой» 30 пассажиров из числа граждан Таджикистана на двух автомашинах марки «Газель» в качестве заложников. В джамоат Ворух прибыли 50-60 граждан Кыргызстана под руководством заместителя председателя джамоата Оксой Баткенского района Жалчиева Эркина, которые закидали камнями жителей Воруха, вследствие чего 11 граждан Таджикистана получили травмы различной степени тяжести и были доставлены в больницу.

Подробнее

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба  сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд. Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд.  Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Подробнее

Санаи 7 марти соли равон Рӯзи Модар дар толори Қасри  фарҳанги «Зафар» бо иштироки бонувони фаъоли ноҳияи Зафаробод таҷлил гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Исомаддинзода С.А. аз номи  Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳия Ашурзода Р.Р. аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирокдорони чорабиниро табрику таҳният намуданд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раиси ноҳия 4 нафар фаъолзанон-собиқадорони меҳнати ноҳияро аз номи Раиси вилояти Суғд аёдат намуда, тӯҳфаҳои хотиравиро супориданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ ба 330 нафар собиқадорони меҳнат, фаъолзанони ноҳия, ки дар соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқ кору фаъолият менамоянд, тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Дар саҳни идгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули дасти занону духтарони ноҳия ба марази тамошои иштирокдорон гузошта шуд.

Барномаи бахши фарҳанги ноҳия, ки аз суруду таронаҳо дар васфи Ватан-Модар, рақсҳои ҷаззобу дилнишин, саҳнаҳо аз рӯзгори модарони тоҷик мураттаб гардида буд, ба ҳусни чорабинӣ ҳусни хоса бахшид.

Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифода намудани рӯҳияи баланди идона ҷашни  Рӯзи Модарро истиқбол намуданд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо                         ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод

Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зафаробод оид ба ташкили вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, масъулияти ватандорӣ ва меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динии экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои байналхалқии террористӣ санаи 5-уми матри соли равон дар қасри фарҳанги ноҳия вохӯрӣ бо хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Боймуродов Ф. - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия баромад намуда, қайд намуд, ки падидаҳои номатлуб-терроризм ва экстремизм дар аксар давлатҳо ба монанди Сурия, Ироқ ва Авғонистон ҳамчун вобаи аср доман паҳн карда ба ҷомеаи ҷаҳони хатари ҷиддиро ба миён овардааст. Таъкид гардид, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав тавонистаанд, ки чандин нафар ҷавононро фирефтаи доми хеш намуда бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Қайд карда шуд ки сабаби асосии шомилшавии ин тоифа ҷавонон ин бинобар сабаби паст будани донишҳои динӣ сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки террроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир буда, хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор овардааст. Имрӯз ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро мебояд дар пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир саҳми худро гузорад. Зеро бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавон муборизаи беамон бурд.

Инчунни дар назди иштирокчиёни вохӯрӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Авезов Б., мушовири шуъбаи мориф Сафарова Ф. ва директори Литсейи №1-и ноҳия Муллоев Н., баромад намуда, зикр намуданд, ки ҷавонон бояд бо эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва ҳисси миллӣ талаботи волоияти қонунро муқаддас шуморида, дар мубориза бо тундгароӣ ва ифротгароӣ ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод Гадоев У.

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар