mt3.org

ЭО "ПИВ" обрело своего Эдварда Сноудена


Вторая половина февраля для главарей террористическо-экстремистской организации "Партия исламского возрождения" (ТЭО "ПИВ") и курирующих ее зарубежных спецслужб навсегда запомнится эффектом шоково-энергетической встряски, вызванной паническим страхом разоблачения всей преступной схемы деятельности этой структуры. Причина этого кроется в добровольном возвращении на Родину и сдаче властям Шарафа Гадоева, заместителя председателя "Национального альянса Таджикистана" (НАТ).

Подробнее

Бо баргардонидани Гадоев Шарофиддин, ки шоми 2-юми март сурат гирифт, ниҳодҳои давлатӣ фарҳанги воло ва мудирияти истисноӣ нишон доданд. Сараввал, заминаи бозгашти раҳбари «Паймони ба ном миллӣ»-ро мусоид сохтанд ва ба мухолифон фаҳмонданд, ки дар гӯр ҳам бошанд, дар дастрасии қонун қарор доранд. Ҳамин тартиб, Қонуни авф нисбат ба Гадоев бо ҳамон дароят ва иқтидори истисноии ниҳодҳои ҳукуматӣ татбиқ шуд. Амалан, аҷобати кор дар ҷойи дигар мавҷуд аст. Бо омадани Гадоев ба Точикистон 2 созмон аз байн рафтанд, яке «Гурӯҳи 24», ки расман аз фаъолият дар хориҷа даст кашид ва дуюмӣ, «Паймони зиддимиллӣ», решаҳои хориҷӣ ва наҳзатӣ дошт.

Подробнее

 Ду рисолаи илмии доктори илмҳои филологӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҷоизаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорова таҳти унвони “Адабиёти форсӣ дар Кашмир дар асрҳои XVI ва XVII” (550 саҳ.) ва “Ҷамолии Деҳлавӣ ва маснавии “Меҳру Моҳ” (335 саҳ.) аз ҷониби Институти таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон ба нашр расид.

Рӯнамоии ин китобҳо санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар дар Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон  баргузор шуд. Дар рўнамоии китобҳои олимаи тоҷик ректори Донишгоҳи Алигарҳ Ториқ Мансур, раиси Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсии саросари Ҳинд Озармидухти Сафавӣ, раиси Институти таҳқиқоти форсии Алигарҳ Асадалӣ Хуршед, раиси Маркази таҳқиқоти форсии Деҳлӣ Аҳсануллоҳ Шукруллоҳӣ, муҳаққиқони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Шри-Ланка ва устодони забон ва адабиёти форсии донишгоҳҳои мухталифи Ҳинд, аз ҷумла Деҳлӣ, Лакҳнав, Кашмир, Аллоҳобод, Беҷопур, Мумбай, Ҳайдаробод, Банорас иштирок доштанд.

Ин севумин китоби илмии Замира Ғаффорова аст, ки аз ҷониби ин муассисаи муътабари илмӣ ва панҷумин китоби ин олимаи мумтози тоҷик аст, ки дар сарзамини Ҳинд ба нашр мерасад. Қаблан китобҳои “Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: “Каламот-уш-шуаро” ва “Сафинаи Хушгӯ” (соли 2017) дар Донишгоҳи Алигарҳ ва маҷмӯаи мақолоти ў - “Ҷониби Ҳиндустон ояд ҳаме” (соли 2011) аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии шаҳри Деҳлӣ ба нашр расида буд. Ҳамчунин, соли 2016 шумораҳои 71-72-юми маҷаллаи бонуфузи “Қанди порсӣ” ба вежаномаи фаъолияти илмии профессор Замира Ғаффорова ихтисос дошт, ки 550 саҳифа мақолаҳои ин донишманди камназири тоҷикро фаро мегирифт. Гуфтанист, ки бори аввал аст, ки маҷаллаи мазкур вежаномаеро барои олимони тоҷик ихтисос медиҳад.

Ба нашр расидани панҷ китоби бонуи донишманди тоҷик дар сарзамини Ҳинд аз густариши муносибатҳои илмии Тоҷикистону Ҳиндустон шаҳодат медиҳад.

                                                                                                            

Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 миёни китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” доир мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 27 феврали соли 2019, № 84 ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхона ва китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, боло бурдани завқи худогоҳию худшиносӣ, инчунин устувор намудани робитаи хонандагон бо китобхона  гузаронида хоҳад шуд.

Дар озмун хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус метавонанд иштирок намоянд.

Даври аввали озмун моҳи феврали соли равон оғоз гардида, то моҳи июн идома меёбад. Даври дуюми озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” рӯзҳои 3 ва 4 сентябр доир гардида, ба муносибати Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун дар ду бахш – хонандаи мактаб ва донишҷӯ муайян гардида, ба ду ғолиби асосии озмун ба миқдори 2000 сомонӣ ва ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм мутаносибан 1500 сомонӣ ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар