mt3.org

Санаи 17-уми майи соли 2018 дар ҳудуди ноҳия Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Ҷавонон – нерӯи созандаи кишвар» гузаронида шуд.     Мутобики накша гурӯҳҳои тарғиботии ноҳия аз ҳисоби кормандони макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъсис ёфта, дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мавзеъҳои аҳолинишин ва ташкилоту муассисаҳо сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

Дар Рӯзи ягонаи ахбор гурӯҳи тарғиботии вилояти дар ҳайати  Ҷабборов Иброҳимҷон-номзади илмҳои таърих, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Раҷабова Зулфинисо – номзади илмҳои биологӣ,  устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Сангинов Мирзосолеҳ-магистранти бахши якуми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бо донишҷӯён ва дар толори Ҷ амоати деҳоти Ҷомӣ бо шаҳрвандон сӯҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

Рӯзи ягонаи ахбор дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо омодагии ҳаматарафа дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронида шуд.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дини мубини Ислом аз оғоз то охираш тарғибгару ташфиқгари тамоми хисоли ҳамидаи инсонӣ, амсоли инсондӯстӣ, некӣ ва накӯкорӣ,раҳму шавқат,инсофу адолат,дӯстдории Ватан-модар буда, ҳамаи хислатҳои разилаи инсониро монанди, бадиву бадахлоқӣ, беинсофиву бераҳмӣ, хиёнат ба ватану миллатро зери тозиёнаи танқидӣ чорчӯбаи худ қарор додааст.

Мутаассифона шахсиятҳои аҳримансифате ҳастанд,ки ин дини мубораки инсондӯстиро бо мақсади пиёда намудани ағрози сиёсии номатлуби хеш истифода карда, онро чун «воситаи бегуноҳнишондиҳанда» истифода менамоянд.

Лозим ба зикр аст, ки пас аз соҳибихтиёр гардидани ватани азизамон Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ амал мекарданд. Яке аз аҳзоби сиёсии амалкунанда дар Тоҷикистон ҲНИТ ба ҳисоб мерафт,ки роҳбари хойину нохалафи он Муҳиддин Кабирӣ буд.

Тоҷикистон чун як давлати ҷавони нав исттиқлолият бадастоварда,  ба инобат гирифтани манфиатҳои фарҳангиву динӣ ва миллӣ ба ин ҳизбе, ки «Дар асл аз он танҳо хиёнату разолат, ҷаҳолату касофат сар зад» илқогару тараннумгари ҷабҳаҳои хубу гуманистии дини мубини ислом бояд ба ҳисоб мерафт иҷозаи фаъолият карданро дод.

Бадбахтона нафарони масъули ин «ҳизби манфиатовар» рисолати воқеии хешро фаромӯш карда, дар охир чеҳраи манфуру шайтониашонро  нишон доданд ва дар Тоҷикистон ҲНИТ чун ҳизби террористӣ муайян гардиду  хушбахтона  бо ҳукми Суди Олии мамлакат аз санаи 29-10-2015 барҳам дода шуд.

Ҷоиз ба ёдоварист, ки дар ҷаҳони имрӯза зиёда аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва созмонҳои бадбахтиовари террористӣ амсоли ҲНИТ мавҷуд ҳастанду хатари ҷиддии ҷаҳонӣ доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба хатарҳои чунин зуҳуроти номатлуби ҷаҳоне, ки айни бархурди фарҳангҳост таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба  мақомотҳои қудратии мамлакат супоришҳои зарурӣ додаанд.

Мо ҷавонон , ки воқеан ояндасозон ва меросбарони асили ин миллати боасолат ҳастем, бояд чун пайравони ҳақиқии Пешвои миллат дар роҳи решакан намудани чунин зуҳуроти хилофи хушбахтии ҷомеа ватанпарастона мубориза барем ва нагузорем то нохалафоне чун ворисони Кабирии хоин ба якпорчагии Тоҷикистони азиз халале ворид созанд.

Хусравҷон Раҷабов, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ-и №12-и н.Зафаробод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба мақоми олии қонунгузор дар қатори инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, рушди рукни низоми давлатдорӣ ва баъзе мушкилоти асосии муосир, камбудиву норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ сухан ронда чанд маротиба аз таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдоварӣ намуда буданд.

Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ зимни шинохти фаъолияти ҲНИТ маълум гардида буд, ки бархе аз кишварбову ташкилотҳо ҳамчун пуштибону сарпарасти ин ҳизби фаъолияташ мамнуъ эътироф мешаванд.Ин бесабаб ҳам нест. То замоне, ки ҲНИТ фаъолияти расмӣ дошт, ҳамагуна воридаҳои моливу пулиро аз ин ташкилотҳо ё кишварҳои алоҳида зери пӯшиши кӯмаку грант дарёфт мекард.

Умуман, ҲНИТ гарчанд зери чунин ном фаъолият мебурд, аммо мақсади нопокро пешаи худ карда, мехост ба номи миллати тоҷик ва дини мубини Ислом иснод орад. Зикр кардан ба маврид аст, ки Сохтори минтақавии зидди терористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ҲНИТ –ро  ба феҳристи номубораки ташкилотҳои террористӣ ворид кардааст.

Ҷавонон, ки ояндасозони миллат ба ҳисоб мераванд, бояд чун шахсони рӯшанфикру равшанзамир аз чунин ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ нафрат намуда, ҷиҳати решакан ва нобудсозии ин қувваҳои нопок ҳамеша омода бошанд.

Хулоса карда гуем, агар ҳар як фарди Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуби террористӣ саҳми арзанда гузорад, бо боварии комил гуфта метавонем, ки  ягон қувваи нопоку ғаразноки қазияи мазкур ба Тоҷикистони ҳамешаҷавони мо осебе расонида наметавонад.

Раҷабалӣ Раҳмонов, омӯзгори МТМУ-и №12-и нохияи  Зафаробод

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои сертиҷои ифродгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумонро зери хатар мегузорад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуротҳои номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Терроризм ва ифродгароӣ дар байни табақаи мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронаоварӣ меоварад. Ифродгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меоварад. Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст. Дар замони муоссир бидуни пешрафти илму техника рушди инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ масъалаҳои терроризм ва ифродгароӣ хатарафзо, ташвишовар боқӣ мемонад. Дар шароити имрӯзаи шарқи миёна,  миёни ҷумҳуриҳои пасошӯравию осиёи марказӣ ҷунбишҳои ифродгароёнаи ба ном исломӣ  яке аз фитнаҳои хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақа маҳсуб мегардад. Ошноӣ ба ҷаҳонбинӣ ва бунёди мафкуравӣ инчунин усулҳои муборизаи ин гуруҳҳо зарурати омӯзиши ва мавриди таамул мебошанд. Зеро надонистани ҳадафҳои стратегии онҳо ҷомеъаро метавонад. Ба муаммои сарбаста рӯ ба рӯ карда, боиси хараҷу мараҷ ва нооромиву бесарусомониҳои зиёд шаванд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсияи мафкураи миллии таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ҳифзи манфиатҳои стратегияи Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Мақсади мо аз навиштани мақолаи мазкур низ дар ҳамин аст, ки то мазмун ва мундариҷаи ғояҳои ҳаракатнокӣ равияҳои номатлуби хислати экстремистӣ ва террористӣ доштанро ба доираи васеъи хонандагон махсусан ҷавонон дастрас намуда, барои ҷомеаи мо тамоман хатарнок ва бегона буда, пайравӣ ба он оқибатҳои сангини иҷтимоӣ ба бар меорад.

Мирова Г.Н.,-омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд