mt3.org

 

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД МУРОДЗОДА МУҚИМ ҚАЮМ БАХШИДА БА 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 9-уми сентябр мардуми кишвари азизамон ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ин санаи муборак дар таърихи навини миллати тоҷик ҳамчун тавлиди давлати тоҷикон сабт гардидааст.

Шумо ҳамдиёрони азизро бо хушҳоливу сарфарозӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истиқболи сазовори ҷашни маҳбуби миллат, 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу осоиш, фатҳу нусрат, иқболи баланд ва барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Мавриди зикр аст, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли комили давлатӣ ба даст омада, таъриху тамаддуни бою рангини мардуми тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид ва баҳри расидан ба ҳадафҳои неку созанда заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Дар зарфи 34 сол мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо назардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем. Ба шарофати Истиқлол халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид.

Бо тадбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат имрӯз кишвари азизи мо аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид буда, бо чандин кишварҳо, ки дар ин ё он арса аҳд ва манфиатҳои муштарак доранд, ҳамкорӣ менамояд. Ташаббусҳои дурандешонаи Роҳбари давлати тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим, ки аз минбари бонуфузи Созмони Миллали Муттаҳид давоми ду даҳсолаи охир пешниҳод шуданд, аз тарафи Ассамблеяҳои Генералии ин Созмон қабул гардиданд ва он боиси ифтихори тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон гардидааст.

Доир ба сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод нақшаи чорабиниҳо дар ҳаҷми 590 банд ба маблағи 112 милиону 706 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 776 ҷойи корӣ тартиб дода шуда, тасдиқ карда шудааст. Бо дастгириҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ин санаи фархунда бо маром идома дорад. То ба имрӯз аз 590 банди нақша - чорабиниҳои тасдиқгардида 547 банд ба маблағи 126 миллиону 980 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 703 ҷойи корӣ иҷро гардид, ки 93 фоизи нақшаи тасдиқгардидаро дар бар мегирад.

Бо дарназардошти он ки заминҳои ноҳия танҳо тариқи мошинӣ обёрӣ мегарданд ва пойгоҳҳои обрасонӣ, ки солҳои 60-уми асри гузашта сохта ба истифодадода дода шуда буданд хеле фарсуда гардидаанд, соли 2024-ум аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ноҳия як адад агрегати нави обкашӣ ворид ва пайваст карда шуд.

Соли ҷорӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат боз ду агрегати пуриқтидори нави обрасонӣ барои пойгоҳҳои обкашии “Мирзочӯл-1” ва “Мирзочӯл-2” харидорӣ ва ба ноҳия ворид карда шуданд. Сокинони ноҳия аз иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳол гардида, азм доранд, ки мавсими ҷорӣ ва солҳои минбаъда натиҷаҳоро дар ҳамаи самтҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ афзун намоянд.Дар ин лаҳзаҳои тантанавӣ ман аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли сокинони ноҳия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорону саховатмандон ҷиҳати ҳиссагузорӣ дар раванди ободкориву созандагии ноҳия миннатдорӣ баён менамоям.

Бо ибрози волотарин арзишҳои неъмати бебаҳои таърих - Истиқлоли давлатӣ, ки роҳи дурахшони миллати тамаддунофари тоҷикро боз намуд, бори дигар Шумо ҳамдиёрони азиз ва кулли сокинони ноҳияро самимона табрику муборакбод намуда сиҳатмандиву сарбаландӣ, файзу нусрати зиндагиро дар хонадони ҳар яки шумо таманно менамоям.

Бигзор нури хуршеди Истиқлол фазои мусаффои Тоҷикистонро абадан мунаввар сохта, ҷавҳари тобноки он рузгори ҳар сокини кишварро файзбор намояд.

Поянда бод сулҳу ваҳдат ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва нерӯи созандаи халқи тоҷик!

Ҷашни фархундаи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

ПАЁМИ ТАБРИКИИ

РАИСИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД МУРОДЗОДА МУҚИМ ҚАЮМ

БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Хонандагони азиз!

 

Дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ табдил ёфтааст. Якуми сентябри ҳар сол кӯдакони хушбахти замони истиқлол ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.

Инак, пас аз таътили тобистона таълимгоҳҳои ноҳияамон ба Шумоён оғӯши худро боз намуданд ва соли нави таҳсили 2025-2026 оғоз гардид. Аз ин лиҳоз, пеш аз ҳама кулли мардуми ноҳия, бахусус муаллимону шогирдони тамоми таълимгоҳҳои ноҳияро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз таҷлил хоҳем кард, табрик намуда, ба аҳли мактабу маориф саломативу хушбахтӣ ва комёбиҳо орзу менамоям.

Муқаддастарин боргоҳ барои ҳар як фарди ҷомеа мактаб аст ва шогирдон илму маърифатро маҳз дар ин макон меомӯзанд. Дар ҳақиқат Рӯзи дониш идест, ки ҳамеша хурду калонро ба ҳаяжон меоварад ва нафареро пайдо намудан мумкин нест, ки қадамҳои нахустини худро ба сӯи мактаб намонда бошад, лаҳзаҳои занги аввал ва муаллими аввалини худро дар хотир надошта бошад. Ин рӯзи муборакро ҳар сол тамоми устодону шогирдон бо як шаҳомати хос ҷашн мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишварамон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ, таҳкими давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ намудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорон ва соҳаи маориф ҳамарӯза таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва ин ғамхорӣ нисбати онҳо ба хотири рушду такомули маорифи кишвар, боло бурдани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, ба шароити замона мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи таълим, тарбияи мутахассисони асил барои ҷомеа мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод якҷоя бо воҳидҳои сохтории худ дар ташаккули соҳаи маориф ва пешрафти таълиму тарбия корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Соли ҷорӣ ҳамаи биноҳои таълимии мактабҳои ноҳия дар ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо кумитаҳои падару модарон, сарпарастон ва соҳибкорони маҳаллӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуданд. Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии ноҳия бо мизу курсиҳо ва лавозимоти муосири таълим корҳои муайян ба сомон расонида шуд. Алҳол дар ноҳия 25 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей, 1 гимназия фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 17 ҳазору 825 нафар ҷавонону наврасон таҳсил мекунанд ва ба онҳо 1090 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд, ки 728 нафари онҳо занҳо мебошанд. Соли таҳсили сипаришуда 869 нафар ҷавонон соҳиби номаи камол гардиданд, ки шумораи зиёди онҳо ба мактабҳои олии мамлакат, коллеҷу литсейҳои касбӣ дохил шуданд. Аз 60 нафар довталабони Квотаи Президентӣ 17 нафар, аз ҷумла 9 нафар духтарони болаёқат тибқи Квота ба муассисаҳои олию касбӣ дохил шуданд. Инчунин, 20 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба мактабҳои олии Федератсияи Россия дохил шуданд.

Бояд зикр намуд, ки баҳри ҳарчи бештар ба таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани дараҷаи касбомӯзӣ дар ноҳияи Зафаробод як коллеҷи омӯзгорӣ, як коллеҷи политехникӣ ва ду литсейи касбии техникӣ фаъолият менамоянд. Фаъолияти пурсамари хатмкардагони ин зинаи таҳсилот дар  пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия нақши худро дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба мутахассисони омоданамудаи ин зинаи таҳсилот бештар гардидааст.

Таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумат қарор дорад. Ҷолиби қайд аст, ки то имрӯз 25 нафар кадрҳои ҷавони соҳаи омӯзгорӣ тибқи роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба кор қабул карда шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва иҷрои Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф, инчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 30 августи соли ҷорӣ баён доштаанд, тамоми чораю тадбирҳоро меандешад.

Бори дигар кулли аҳли маорифи ноҳия, хонандагон ва ҳамдиёрони азизро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, инчунин, 34-солагии ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ – барори кор ва ба хонандагони муассисаи таълимӣ хониши аъло орзу менамоям.

Ҳамеша саломату хушбахт бошед!

 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ

НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲоИ ХОЛИИ МАЪМУРии хизмати давлатӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Воҳидҳои сохтории мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

1. Сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

2. Сармутахассис котиби мақомоти васояту парасторӣ МИҲД-и ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

3. Сармутахассиси бахши бойгонии МИҲД-и ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

4. Мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия

5. Сармутахассис-сармуҳосиби (оморчи) Ҷамоати деҳоти Равшан - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

6. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Равшан 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

7. Сармутахассис, муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

8. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

9. Мутахассиси Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ;

10. Сармутахассис муҳандиси заминсози Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

11. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

12. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ва ё миёнаи касбӣ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1

пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд);

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

ноҳияи Зафаробод, кўчаи Исмоили Сомонӣ №37, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, телефон:  (8-34-52) 5-21-98, 92 874-36-01, 11-115-55-88

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо чун дигар давлатҳои мусулмонии ҷаҳон Иди Қурбон ҳамчун иди аҷдодӣ ва садоқату меҳрубонӣ, ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом таҷлил карда мешавад. Ин рӯзи муборак барои ҳар як фарди мусулмон иди муътабар ва гиромӣ аст. Зиёда аз 1400 сол ин ҷониб ҳамаи мусулмонони олами ислом ин идро ҳамчун иди хайру саховат, иди некию вафодорӣ, дӯстиву рафоқат қайд мекунанд.

Аз ин лиҳоз, тамоми мадуми ноҳияро ба муносибати фарорасии Иди мубораки Қурбон табрик намуда, тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракати зиндагӣ ва рӯзгори нек орзумандам.

Иди Қурбон аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусулмон буда, воқеан ба маромҳои инсондӯстию мурувват ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст. Аз баракати Истиқлоли давлатӣ имрӯз мардум фаризаҳои асосии иди шарифи Қурбонро озодона ва бемамониат адо менамоянд. Дар баробари ба ҷо овардани аҳкоми ид ба аёдату табрикоти пайвандону наздикон, беморону пиронсолон ва зиёрати марқади гузаштагон рафтан, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва муҳимтар аз ҳама чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамоянд, ба дармондагону ниёзмандон, ашхоси камбизоат, ятимону маъюбон хайру эҳсон намудан ба урфияти неки мардуми мо табдил ёфтааст. Зеро ғояи асосии дини мубини ислом эҳтиром кардани инсонҳо ва одамият мебошад.

Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси мубораки худ фармудаанд: «Аввал чизе, ки худованди таъоло дар тарозуи амал мениҳад, ахлоқи нек ва саховат аст».

Бузургони адабиёти оламшумули мо бошанд, ба даст овардани дили мӯъминонро ба ҳаҷҷи акбар баробар донистаанд.

Дар арафаи иди шарифи Қурбон тавофи Каъба намудан яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом мебошад. Ҳоло беш аз 7000 нафар сокинони кишвар, ки аз ин 30 нафарашон аз ноҳияи Зафаробод мебошанд бо нияти иҷрои яке аз рукнҳои дини мубини ислом - адои маносиқи ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар карданд. Умедворем, ки онҳо баъди ҳаҷ бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар тарғиби суннатҳои неки ватандорӣ, ободии диёри хеш, одобу ахлоқ ва рафтори ҳамида саҳми босазо мегузоранд.

Бори дигар Иди саиди Қурбонро ба тамоми сокинони ноҳия табрик гуфта, саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар